АНОНС: тренинг-семинари Мероси фарҳанги ғайримоддии Роҳи абрешим: ташхис ва инвентаризатсияи он дар Тоҷикистон”
Чоп шуд: 18/06/2019Таомҳои анъанавии мардуми Рашт
Чоп шуд: 13/06/2019Ноҳияи Рашт яке аз навоҳии кўҳистони Тоҷикистон буда, аз ҷиҳати маъмурӣ ба ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ дохил мегардад. Бо вуҷуди кору бори зиндагӣ бонувони ҷамоату деҳоти ноҳияи Рашт касбу ҳунарҳои анъанавиро идома дода истодаанд ва аз мероси гаронбаҳои аҷдодӣ бохабар буда, онро дар ҳаёти рўзмарраи хеш васеъ истифода мебаранд. Онҳо низ бо мурури замон ва пешрафти илму техника ба маҳсулотҳои замонавӣ рў овардаанд, вале бо вуҷуди ин анъанаи тоҷиконаашонро гум накардаанд. Аз ҷумла, бонувони раштӣ дар ҳифзу густариши таомҳои миллӣ ва маҳаллӣ низ дар ин минтақаи кўҳсор саҳми босазо доранд.
Баъзе хўрокҳои мавсимии мардуми деҳотҳои водии Бартанг
Чоп шуд: 11/06/2019Дар вақти тайёр кардани ин таом ҳеҷ гоҳ нонро тоқ намегузоранд, ки хосияти хуб надорад. Тухпгарда аслан навъи дигари ширгарда буда, аз сабаби он ки ба хонаи шахси азодор бурдани шир ҷоиз нест, ба ҷои шир қурути обкардаро меандозанд. Мардуми маҳаллӣ бар он ақидаанд, ки дар хонае, ки мурда шудааст, нигоҳ доштани шир номумкин аст, гўё дар шир хун инъикос меёфта бошад. Агар ҳангоми мурдани ягон нафар дар ҳамон хона шир бошад, онро намехўранд ҳатман мепартоянд.
МО АЗ ХУДОЕМ ВА БА СӮИ Ӯ БАРМЕГАРДЕМ
Чоп шуд: 07/06/2019Зиндаву ҷовид монд, ҳар ки накўном зист
Чоп шуд: 07/06/2019Илми китобдории тоҷик талафоти бузург дод. 3 июни соли равон қалби беолоиш ва пур аз меҳру муҳаббати донишманди риштаи китобдорӣ, фарҳангшиносӣ ва педагогика, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, академики байналмилалии иттилоотсозии СММ, собиқ директори Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Сафар Сулаймонӣ аз тапиш боз монд.
Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр
Чоп шуд: 06/06/2019Туро дар барги гул мепарваридам (Ёде аз мутриб ва оҳангсози шинохтаи тоҷик Қиматшоҳ Шоискандаров)
Чоп шуд: 06/06/201930-сол пеш оҳангсози ҷавоне дар синни 37-солагӣ ногаҳон вафот кард. Ба ибораи шоир худ Қимат буду боз ҳам қиматтар гардид. Дар тамоми рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ марсия ва сӯгвориҳои шоирони шинохтаи тоҷик Гулрухсор Сафиева, Ҳадиса Қурбоно-ва, Мавҷуда Ҳакимова, Ҳайрат Шанбезода, Султон Шоҳзода, Ширин Бунёд ва дигарон чоп шуданд. Махсусан, чакидаҳои хотири ошуфтаи Гулрухсор Сафиева «Дӯсти қимати ман» ва силсилаи шеърҳои Ҳадиса Қурбонова таҳти унвони «Агар донам зи дунё реҳлататро…» хеле таъсирбахш буданд. Ин чӣ ҷавоне,чӣ эҷодкоре буд, ки беҳтарин шоирҳои тоҷик дар ғамаш бо ҳасрат дарди дил карданд?
Вазъи кунунии ҳунари оҳангарӣ дар Фархор
Чоп шуд: 30/05/2019Дар ҳар устохона ҳадди ақал як усто ва ду се нафар шогирдон кор мекарданд. Устои калон дар назди курраи оташ истода, бо анбур оҳанро дар оташ сурх мекард ва ҳамроҳи яке аз шогирдон онро дар болои сандон бо путку хоиск зада, ба шакли дилхоҳ медаровард. Шогирди дигар банди саночи дамро мунтазам болову поён кашида, ба шўълаи ингишт бод медод, то ки оташ беист забона занад.
Страницы
- « первая
- ‹ предыдущая
- …
- 36
- 37
- 38
- 39
- 40
- 41
- 42
- 43
- 44
- …
- следующая ›
- последняя »