Кадбонуе аз Фархор

Ҳамаи наздикони ман ва бонувони деҳа аз ўҳдаи ин кор ба хубӣ баромада метавонанд, аммо духтари калониам завқи бисёртар дошта, доимо дар маъракаҳое, ки ман нону хўрокҳои гуногунро омода мекунам, ў ҳам бевосита ширкат мекунад ва фикр мекунам, ки ягона шогирдест метавонам барои пухтани ин ё он навъи таъом ба ў бовар кунам, - ҷавоб дод холаи Давлатбӣ . – Агар бовар накунед, ба хонаи ман биёед, ман ба шумо маҳорати ўро нишон медиҳам, ки аз ман беҳтар аст.

барчасп: 

Ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ: Тасвир ва тасаввур дар шеъри Рӯдакӣ

Ҷанбаи тасвир ва мақоми он дар ташаккулу таҷассуми ҷавҳари шеърият дар як асари манзум дар адабиётшиносии даҳаҳои охир аз муҳимтарин ва пурравнақтарин мавзӯъҳои пажӯҳишӣ будааст. Аммо дар зимн бояд иқрор кард, ки худи мафҳуми тасвир ва тасвиргарии шоирона, анвоъу ақсоми он ба сурати назарӣ ва амалӣ ҳанӯз ниёз ба бознигариҳои ҷиддӣ дорад. Ғолибан мо тасвирро то кунун дар таркиби ташбеҳ (бештар ташбеҳи равшан) ва аҳёнан дар амалиёти зоҳирии падидаҳо, ҷонварон ва инсонҳое дидаем, ки заминаи образ ё худ

барчасп: 

Суханронии Пешвои миллат дар маросими ифтитоҳи «Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ» дар шаҳри Душанбе

Устодону хонандагони азиз!
Меҳмонони арҷманд!

Чунонки сокинони пойтахт дар хотир доранд, моҳи апрели соли 2017 мо дар шаҳри Душанбе санги асоси Муассисаи ғайридавлатии таҳсилоти умумии «Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ»-ро гузошта будем.
Инак, баъди якуним сол бунёди муассисаи таълимӣ ба анҷом расид ва имрӯз ба

Гулдўзӣ – таҷассумгари ҳунари ниёгон аст

Воқеан, гулдўзиҳое, ки ин бонуи ҳунар ҳамроҳи духтаронаш меофарад, як порае аз табиати зиндаанд. Ҳангоми тамошои нақшу нигори он кас эҳсос менамояд, ки ин тасвирҳо порае аз рўзгор, аз зиндагии мардуми оддӣ ва зебоиҳои ҳаёти онҳоро ҳикоят мекунад. Офаридаҳои ў бо рангҳои мунаққаш зебогии табиати атрофро инъикос карда, нуру таровати беҳини зиндагиро тараннум менамоянд. Ин гуна манзараҳо мардумро ба зебоипарастӣ ва дўст доштани табиат ҳидоят мекунанд.

барчасп: 

Ҳунарҳои мардумӣ: ДУТОР

Дутор маҳорати баланди навозандагиро талаб намуда, бо нохуни нарангушт ва ангушти ишорат (дар ду тор баробар) навохта мешавад. Дар байни халқ «Муноҷот», «Роҳат»,  «Қӯшчинор», «Сегоҳ», «Чоргоҳ» ва дигар навҳои дутор машҳуранд. Баъзан бо садои дутор қисмҳои созю овози «Шашмақом» низ хуб иҷро мешаванд. Саидхони Ҳисорӣ, Тоҳирҷон Давладзода, Ҳоҷӣ Абдулазизи Самарқандӣ, Муҳаммадҷон Муъминов, Ҳоҷӣ Абдурҳмон, Нурулло Ниёзов, Қорӣ Самади Ҳисорӣ, Саидҷон Тӯхта, Абдулмаҷид Ҳомидов, Ҳотам Пулодов,

барчасп: 

Соли рушди сайёҳӣ ва Қалъаи Ҳисор

Бо эълон гаштани соли 2018-соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, истиқоматкунандагони шаҳри Ҳисор ва мардуми равшанфикри ҷумҳурӣ умед бар он мебанданд, ки қалъаи мазкур шуҳрати бепоён пайдо карда, дар мудати кўтоҳ ба ҷаҳониён яке аз маконҳои сайрй сайёҳат мегардад.

Дар бораи пайдоиши қалъаи Ҳисор дар миёни мардуми атрофи қалъа ақидаҳо гуногунанд. Дар ин миён бештар ақидаи ровиёни ахбор ва ноқилони хушгуфтор

Чойхона ва чойхонанишинӣ дар Тоҷикистон

Дар замони Шўравӣ чойхонаҳо ба маркази таблиғоти ғояҳои давлат табдил ёфтанд. Ҳамчун воситаи истироҳату фароғати мардум дар чойхонаҳои деҳот, колхозу савхоз, муассисаву корхонаҳо аз тарафи давлат рўзномаву маҷалла, радио, телевизор, домино, шатранҷ, шашка гузошта мешуданд. Чандин чойхонаҳо ба клубҳои вохўриҳои шавқовар бо собиқадорони ҷангу меҳнат, депутатҳо, олимону шоирон табдил ёфтанд.

Чойхона, ҷойи ҷамъиятиест, ки дар он ҷо анвои чой ва хўрокиҳои гуногуни миллӣ пухта

барчасп: 

Мақомсароёни тоҷик шоҳҷоизаи Форуми мақомро дар Шаҳрисабз ба даст оварданд

Ҳайати мақомсароён ва коршиносони тоҷик бо роҳбарии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода дар аввалин Форуми байналмилалии санъати мақом, ки 6-10 сентябри соли 2018 дар шаҳри Шаҳрисабзи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, иштирок намуданд.

Ҳайати мақомсароёни Тоҷикистон дар форуми мазкур бо истеъдод ва маҳорати мақомнавозӣ ва мақомсароӣ иштирокчиён ва доварони чорабиниро мафтун намуда, сазовори шоҳҷоизаи аввалин Форуми байналмилалии санъати мақом гардиданд. 

барчасп: 

Страницы