Рӯзе баъд аз “Рӯзи Модар”: Сурудаҳои наву куҳан дар ситоиши модарон
Чоп шуд: 09/03/2017Баҳси матбуоти даврӣ ва проблемаҳои замони муосир дар Мизи гирди Пажуҳишгоҳи фарҳанг
Чоп шуд: 07/03/2017Дар Мизи гирде, ки субҳи имрӯз дар Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон баргузор шуд, масоили марбут ба матуботи даврӣ ва таҳлили мушкилоти замони муосир мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Шариф Комилзода, Директори Пажуҳишгоҳ дар суханони ифтитоҳии худ ёдрас шуд, ки Мизи гирд дар остонаи рӯзи матбуот – 11-уми март доир мешавад ва ҳадаф аз он муруре ба вазъи матбуот ва инъикоси масоили мубрами рӯз дар расонаҳои кишвар аст.
Зиннатуллоҳи Исмоилзода, Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар мавзуъи
Анонс: Мизи гирди Пажуҳишгоҳи фарҳанг бахшида ба рӯзи матбуот
Чоп шуд: 06/03/2017Фардо, 7-уми март дар Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Мизи гирд дар мавзўи
«Матбуоти даврӣ ва проблемаҳои замони муосир» баргузор мешавад.
Оғоз соати 10:00
Макони баргузорӣ: ш. Душанбе, хиёбони Неъмат Қарабоев 17, Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот (ошёнаи 2).
Шумораи телефони Кумитаи тадорукот: 233-58-84
Вопасин каломи Лоҳутӣ
Чоп шуд: 02/03/2017Бону хеле мехост, ки вопасин каломи Лоҳутиро бидонад. Суханони охирини дами ӯ барои Бону воқеъан, як ниёзи ботинӣ буд. Агар Лоҳутӣ он суханро ончунон ки парастор мегӯяд, ба забони худ гуфта бошад, пас, ӯ гумон мекард, ки ман дар он лаҳзаҳо дасташро мефишурдам ва бинобар ин, ба забони модарии худ сухан гуфта, то фақат ман сухани ӯро бифаҳмам. Шояд ин як роз аст. Агар роз набошад, магар наметавонист ба забони русӣ бигӯяд? Пеш аз ин бо парастор ба забони русӣ сухан мегуфт-ку?!
Пажуҳиши равандҳои инноватсионии фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон
Чоп шуд: 28/02/2017Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аввалин натиҷаи таҳқиқоти худ дар мавриди равандҳои иннноватсионии китобдорӣ-иттилоотӣ дар муҳити ҷаҳонишавии фарҳанг (солҳои 2016-2020)-ро расонаӣ кард.
Бо мақсади омўзиши равандҳои инноватсионии китобдорӣ, библиографӣ ва иттилоотӣ вазъи воқеии муассисаҳои китобдорӣ, марказҳои библиографӣ ва иттилоотии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таҳқиқот нишон дод, ки раванди инноватсионӣ
Алиакбари Деҳхудо - сипаҳсори адаби порсӣ
Чоп шуд: 28/02/2017То замоне, ки Деҳхудо зинда буд, 4200 сафҳа аз «Луғатнома» таҳия шуда буд, дар ҳоле, ки «Луғатномае», ки имрӯз вуҷуд дорад, дар 50 ҷилд ва 26 ҳазор сафҳа ба чоп расидаст. Ишқи ҷонсӯз ба забону фарҳанги миҳан, дониши фароху жарф ва огаҳии тамом аз рухдодҳову таҳаввулоти айём авомили аслие дар такомули шахсияти бемонанди Деҳхудо буданд.
Алиакбари Деҳхудо рӯзноманигор, нависанда, танзпардоз, мутарҷим, муҳаққиқ ва шоири адаби порсист. Дар Теҳрон ба дунё омад (1880); нуҳсола буд, ки падараш
Аҷдод ва авлод
Чоп шуд: 27/02/2017Ва ё шарҳи он ки чи тавр бархе қаламбадастони мо волидонашонро ба дунё овардаанд
Бархе аз қаламбадастони тоҷик зоҳиран маънои вожаҳои содаи «авлод» ва «аҷдод»-ро намефаҳманд ва гоҳе онҳоро ба ҷои якдигар истифода мекунанд. Ин амр фаротар аз саҳву иштибоҳ аст ва бояд бесаводӣ унвон бишавад. Ба ҷумлаҳои зер таваҷҷуҳ фармоед:
«Империяи сохтаи Чингиз ду аср устувор монд. Аҷдодони ў амали вайро идома
«Нақши Артиши миллӣ дар таҳкими истиқлолияти давлатии Тоҷикистон»
Чоп шуд: 21/02/2017Чунин ном дошт ҳамоише, ки имрӯз дар дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, пажуҳишгарон ва донишҷӯён доир гардид.
Шариф Комилзода, Директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот изҳор дошт, ки Артиш як рукни асосии давлати соҳибистиқлол аст ва Ҳукумати Тоҷикистон бо назардошти ин дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо вуҷуди мушкилоти иҷтисодиву молиявӣ ба таъсис ва таҳкими артиши миллӣ иқдом кард.
Страницы
- « первая
- ‹ предыдущая
- …
- 76
- 77
- 78
- 79
- 80
- 81
- 82
- 83
- 84
- …
- следующая ›
- последняя »