Ҳунаркада

Ҳунарҳои мардумӣ: НУҚРАКОРӢ

Нуқракорӣ, нуқракӯбӣ, ҳунари аз нуқра сохтан ва ба нуқра зинат додани чизҳо, хотамкорӣ дар нуқра. Нуқра дар заргарии тоҷикон яке аз маҳсулоти асосӣ ба шумор меравад.

Заргарони тоҷик аз замонҳои қадим дар баробари тилло аз нуқраи холис ё бо тилло омехта ҳайкалчаҳо, дастпонаҳо, тавқу овезаҳо месохтанд. Намунаҳои маснуоти нуқрагини қадимӣ дар байни маснуоти аз Хизонаи Омударё ва дигар ҳафриёти дар

барчасп: 

Ҳунарҳои мардумӣ: ЧОШБАРДОРОН

Қабл аз гандумро ба ҷуволу халтаҳо бардоштан барои эшони деҳа ва имоми масчид «хақкуллох» (ҳаққи Аллох)-гуён як-ду ғалбер гандумро фиристода дуо мегирифтанд. Дар ин маврид кишоварзони Қаротегину Дарвоз гандуми «Хақкуллох»-ро ба эхтиёҷмандон ё муаллими мактаби деҳа медоданд. «Ҳаққуллох»-ро бо нияти ҳалол кардани хирмани гандум, ки говони ҷуфтӣ ҳангоми хирманкуби бо саргини худ «ҳаром» менамуданд, баҷо меоварданд.
Ҷараёни аз хирман ба халтаву лингаҳо бардоштани чош-ғаллаи дехқонон.Чошбардорон

барчасп: 

Бунёдгузори санъати хореографии тоҷик

Дар мақола маводи марбут ба фаъолияти эҷодӣ ва иҷрокунандагии асосгузори санъати хореографии тоҷик – Ғаффор Валаматзода мавриди таҳлил қарор гирифта, саҳми ў дар рушду такомули санъати хореографии тоҷик, созмондиҳии дастаҳои ҳунарӣ, эҷоду таҳияи асарҳои саҳнавӣ ва тарбияи истеъдодҳои ҷавон арзёбӣ шудааст.

Ғаффор Валаматзода тамоми умри бобаракати хешро баҳри рушду нумўи санъати

барчасп: 

Чанд сухан дар бораи ҳунари намадмолӣ

Ҳунари намадмолӣ дар ҳар як минтақаи Тоҷикистон аз якдигар фарқ мекунанд. Дар Помир истеҳсол ва гулпартоии намадҳои пурнақшу нигор, асосан, касбу кори занҳо мебошад. Дар амали гулпартоӣ нақшҳои гуногуни анъанавӣ: резгигул, калонгул, миёнагул; нақшҳои ислимии лола, бодом, нилуфар; тасвирҳои зооморфӣ: гули аждар, тоҷи хурӯс, товус, кабӯтар, морак; нақшҳои ҳандасӣ: чоркалид, давра, турунҷ, ишкелбанд, занҷирбанд, гирдоб, мавҷ, каҷак ва гардуна истифода мешаванд.

барчасп: 

Ҷуз камарбанд заминбўси ту нест...

Тасма ё миёнбандест, ки дар гузашта мардону занони тоҷик ба миён мебастанд. Камарбандҳои занон нисбат ба камарбандҳои мардон бориктару нафистар сохта мешуданд ва аз ҳар гуна матоъҳои сахту мустаҳкам ва зебо таҳия мешуданд. Камарбандҳои мардон паҳнтар буд, ки онро аз чарми мустаҳкам месохтанд. Камарбанд дар байни тоҷикон аз замонҳои қадим маъмулан аст.

Мардуми тоҷик,маъмулан,агар ба коре азм кунанд, ҳатман чизеро ба миён мебанданд.

барчасп: 

Сайёҳон ба ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи хос доранд

Сайёҳони машҳуре аз қабили Марко Поло, Гилом Рубак, Клавиҳо Рюи Гонсалес, Ефемов Ф. ва дигарон бардошт аз ҳунарҳои мардуми тоҷикро дар сафарномаҳо ва асарҳои этнографии худ на танҳо зикр кардаанд, балки дар бораи баъзе аз онҳо маълумоти муфассал овардаанд.  Чунончи Марко Поло дар китобаш дар бораи ҳунару либосҳое, ки мардуми кўҳистони Помир ба бар мекардаанд, чунин гуфтааст: «Дар он ҷо одамон камонварони олидараҷаанд, бисёртар либосҳои аз пўсту пашми ҳайвонот омодашударо, ки арзиши баланд доранд, ба бар

барчасп: 

Касбу ҳунарҳои мардумӣ аз нигоҳи ҷавонон ва нақши онҳо дар рушди он

Дар замони муосир бо шарофати Истиқлолияти кишвар таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан, сарвари давлат ба эҳё ва рушд кардани фарҳанги миллӣ, аз ҷумла ҳунарҳои мардумӣ беш аз пеш меафзояд. Ҳар як кишвар кўшиш менамояд, ки бо роҳу тадбирҳои мухталиф фарҳанги миллии хешро ҳифз намояд. Дар шароити имрўза рў овардан ба ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа мебошад.

барчасп: 

Технологияи инноватсионӣ ва ҳунарҳои дастии бонувон

Дар мақолаи мазкур ҳунарҳои дастии занона ва нақши технологияи инноватсионӣ дар рушд ва эҳёи онҳо сухан рафтааст. Ҳунармандон дар ҳама давру замон, хусусан дар замони муосир ба анъанаҳои қадимӣ тағйирот медароранд. Ин навоварию тағйирот бори дигар нишон медиҳад, ки касбу ҳунар бояд ҳамоҳанги замон бошад. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти ҳунармандон дар замони муосир ин истифодаи технологияи инноватсионӣ мебошад, ки натиҷаи тахайюли онҳоро тавассути техникаву технологияи замонавӣ инъикос

барчасп: 

Страницы