Ҳунаркада

ГУЛОБКАШӢ чӣ ҳунарест?

Тарзи дигари гулобкашӣ чунин аст: косаи сафол ва косаи чиниро бо барги гул пур мекунанд. Болои онро бо сарпӯше, ки дар он найчаи найӣ халонда шудааст, мепушонанд. Дегро бо об пур мекунанд ва косаро ба рӯйи об мегузоранд. Ба нӯги найча боз як найчаи дигарро ба тарзи уфуқии хобида васл мекунанд, нӯги найчаи сеюмро ба самти поин хам карда пайванд менамоянд ва нӯги онро ба даруни шишае мемонанд, ки дар он буғи гулоб ҷамъ мешавад. Ба ҷои найчаи найӣ баъзеҳо аз найчаи мисӣ истифода менамоянд.

барчасп: 

Нигоҳе ба таомҳои суннатии минтақаи Кўлоб

Дар бовару этиқоди мардуми кўҳистон чунин роиҷ аст, ки дар хонадоне, ки ягон нафарашон ба бемории сурхча гирифтор аст, оталаи кочиро омода намуда, барои сабук шудани бемор ба ҳафт хонаи ҳамсоя тақсим менамоянд. Орзуқро бошад дар арафаи идҳои Рамазону Қурбон ба хотири хушнудии арвоҳони гузаштагон мепазанд.

Вазъи ҷуғрофӣ, иқлим ва олами ҷонварону рустаниҳо аз омилҳое мебошанд, ки дар

барчасп: 

Мухтасар дар бораи Фалак

Фалак»  дар давраи соҳибистиқлолии давлатии Тоҷикистон мақоми наву шоистаи худро пайдо кард. Барои ҳифзи падидаи маънавии меросӣ бо фармони Президенти Тоҷикистон аз соли 2007 иди Рўзи  «Фалак» таҷлил гардид. Дар назди Кумитаи радио ва телевизиони тоҷик ансамбли давлатии «Фалак» таъсис ёфт. Дар ин давра «Фалак» аз сатҳи мактаби авлодӣ берун омад. Ҳоло «Фалак»–ро дар мактабу коллеҷу консерватория ҳамчун яке аз падидаҳои муҳими фарҳанги тоҷикон аз рўи усули устод–шогирд меомўзанд.

барчасп: 

Ҳунарҳои мардумӣ: МУҲРА

Занони тоҷик маъмулан якчанд муҳраро ба гардан меовехтанд. Муҳра кутоҳтарин наздик ба гардан ва муҳраҳои дигар мофиқи дарозӣ пайдарҳам овехта мешуданд. Дар байни занони тоҷик ба гардан овехтани муҳраи якқатора ва бисёрқатораи (то 8 қатор) гуногуншакл маъмул буд,ки аз шабаҳои якранг ё гуногунранг тайёр карда мешуданд.

Муҳраи гардан, яке аз маъмултарин ороишоти занонаи тоҷик аст, ки ба гардан

барчасп: 

Садои дилнавози дойра

Овози дойра вобаста ба андозаи чанбар ду навъ: паст – «Бам» ва баланд – «зер» мешавад. Дойра аз ҷиҳати тембр, зарб ва имконияти садобарори сози гуногуншакл мебошад. Дар вақти навохтани дойра ҳар ду даст ва ҳамаи ангуштон кор мекунанд. Усулҳои дойра аз ду овози якҳиҷоии «бум» ва «бак» дар заминаи таносуби квартавии пасту баландшаванда (ноустувор) ба вуҷуд меоянд «Бум»- и паст қариб дар маркази парда бо зарби кафи дасту панҷаҳо ва «бак» – и баланд аз канори дойра бо зарби нӯги ангуштон ҳосил мешавад.

барчасп: 

Кадбонуе аз Фархор

Ҳамаи наздикони ман ва бонувони деҳа аз ўҳдаи ин кор ба хубӣ баромада метавонанд, аммо духтари калониам завқи бисёртар дошта, доимо дар маъракаҳое, ки ман нону хўрокҳои гуногунро омода мекунам, ў ҳам бевосита ширкат мекунад ва фикр мекунам, ки ягона шогирдест метавонам барои пухтани ин ё он навъи таъом ба ў бовар кунам, - ҷавоб дод холаи Давлатбӣ . – Агар бовар накунед, ба хонаи ман биёед, ман ба шумо маҳорати ўро нишон медиҳам, ки аз ман беҳтар аст.

барчасп: 

Гулдўзӣ – таҷассумгари ҳунари ниёгон аст

Воқеан, гулдўзиҳое, ки ин бонуи ҳунар ҳамроҳи духтаронаш меофарад, як порае аз табиати зиндаанд. Ҳангоми тамошои нақшу нигори он кас эҳсос менамояд, ки ин тасвирҳо порае аз рўзгор, аз зиндагии мардуми оддӣ ва зебоиҳои ҳаёти онҳоро ҳикоят мекунад. Офаридаҳои ў бо рангҳои мунаққаш зебогии табиати атрофро инъикос карда, нуру таровати беҳини зиндагиро тараннум менамоянд. Ин гуна манзараҳо мардумро ба зебоипарастӣ ва дўст доштани табиат ҳидоят мекунанд.

барчасп: 

Ҳунарҳои мардумӣ: ДУТОР

Дутор маҳорати баланди навозандагиро талаб намуда, бо нохуни нарангушт ва ангушти ишорат (дар ду тор баробар) навохта мешавад. Дар байни халқ «Муноҷот», «Роҳат»,  «Қӯшчинор», «Сегоҳ», «Чоргоҳ» ва дигар навҳои дутор машҳуранд. Баъзан бо садои дутор қисмҳои созю овози «Шашмақом» низ хуб иҷро мешаванд. Саидхони Ҳисорӣ, Тоҳирҷон Давладзода, Ҳоҷӣ Абдулазизи Самарқандӣ, Муҳаммадҷон Муъминов, Ҳоҷӣ Абдурҳмон, Нурулло Ниёзов, Қорӣ Самади Ҳисорӣ, Саидҷон Тӯхта, Абдулмаҷид Ҳомидов, Ҳотам Пулодов,

барчасп: 

Страницы