Интишорот

Вазъи имрўзаи хўрокҳои миллии суннатии тоҷикон дар баъзе навоҳии вилоятҳои Суғд ва Хатлон

Таомҳои миллӣ як бахши фарҳанги ғайримоддии миллати тоҷик ба шумор меравад. Аз даврони қадим, тарзи омодасозии гуногуни таомҳои миллӣ дар миёни мардум, ба хусус занон, ки давомдиҳандаи ин бахши фарҳанг мебошанд, ба таври васеъ роиҷ аст. Метавонем гуфт, ки маҳз ҳамин унсур, яъне таоми миллии тоҷикон, дастурхони имрўзаи тоҷикро тавассути  рангорангии худ оро медиҳад. Хусусан дар ҷашну маросимҳои мардумӣ ва ҷашни “Навруз” хурокҳои миллии тоҷикон бештар ба назар мерасанд.

барчасп: 

Гиромидошти Сада дар Тоҷикистон

Ҳангоми доир намудани ягон чорабинӣ ё таҷлили ин ё он ҷашн бояд рамзи ҳар як ҷашн аз ҷашнҳои дигар фарқкунанда бошад. Тамошобин бо дидани саҳнаи мазкур байни ҷашнҳои аҷдодӣ тафовут гузошта тавонад. Насли наврас дарк кунад, ки барои чӣ ҷашни Садаро махсусан дар фасли зимистон таҷлил мекунанд. Баробари эҳё гаштани як ҷашни миллӣ бояд унсурҳои вобаста ба он низ риоя карда шавад.

барчасп: 

Маросими гаҳворабандон дар шароити кунунӣ

Маросими  гаҳворабандонро дар манотиқи кишвар вобаста ба рўзҳои  хос,  пас аз баромадани чиллаи кўдак (40 рўз пас) ва дар баъзе ҷойҳо  баъди 3 рўзагӣ ва дар баъзе минтақаҳои вилояти Суғд дар 9 рўзагӣ баргузор менамоянд. Дар ин бора пажўҳишгар  Аминов А. чунин ибрози назар мекунад: “Дар ноҳияи Ашт ин амал пас аз нўҳ рўз иҷро мегардад ва ин маросимро нўҳбуророн меноманд. Усули баргузории маросими номбурда ба дигар ноҳияҳо монанд аст. Аммо мувофиқи ақидаҳои занони Ашт, кўдак танҳо пас аз нўҳ рўз тамоми хатар ва

барчасп: 

Абўрайҳони Берунӣ ва асарҳои илмии ў

Абўрайҳони Берунӣ

Маълумоти дар «Осор-ул-боқия»  овардаи Берунӣ хеле нодир ва муҳим буда, хусусиятҳои илмӣ доранд. Масалан, ў дар бораи таърихи пайдоиш ва таҳаввули  ҷашнҳои Наврўз, Меҳргон, Тиргон, Сада, ҷашнҳои офариниш ва дувоздаҳгонаи зардуштиён маълумоти муфассал додааст. Инчунин, Берунӣ дар ин асар бо истифода аз сарчашмаҳои хаттии давраҳои бостон роҷеъ ба гоҳшумориҳои порсию суғдӣ, румӣ, арабӣ, сурёнӣ, тарсоӣ, насронӣ, собиён ва ғ. иттилооти муҳим додааст.

барчасп: 

Баҳси ҷашни Сада дар мизи гирди Вазорати фарҳанг

Коршиноси масоили фарҳангӣ Дилшод Раҳимов мегӯяд: «Имрўзҳо дар ҷашни Сада афрўхтани гулханҳои бузург аз чанд ҷиҳат мувофиқ нест. Ҳам сўзишвории зиёд сарф мешавад, ҳам хатари сўхтор вуҷуд дорад. Бигзор гулханҳои хурд ҳамчун рамзи ҷашни Сада афрўхта шаванд.  Чун Сада  ҷашни нуру рўшноӣ аст, мо бояд дар солҳои оянда масъалаҳои таблиғи нуру рўшноӣ, обод кардани нерўгоҳҳои барқӣ, сохтани нерўгоҳҳои офтобӣ ва монанди инҳоро ба назар гирем.»

барчасп: 

Истиқлолият ва рушди матбуоти даврӣ

Матбааи «Аржанг» китоби нави профессор Мурод Муродовро бо ин ном  аз чоп баровард. Таълифи мазкур дар шакли маҷмӯа буда, пажӯҳишҳои илмии муаллифро вобаста ба паҳлуҳои гуногуни матбуоти даврии тоҷик дар бар мегирад. Он аз нигоҳи тақсимбандии мавзӯот ба се қисмати алоҳида, «Истиқлолият ва матбуот», «Публитсистика ва замони муосир» ва «Тақризҳо» ҷудо карда шудааст.  Қисматҳои маҷмўа паҳлуҳои гуногуни масъалаҳои марбут ба матбуот ва публитсистикаро фаро гирифтаанд.

барчасп: 

Рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» тасдиқ шуд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» доирашакл буда, атрофи он бо ҳалқаҳои ҳамранги Парчами давлатӣ иҳота карда шудааст, ки аз соҳибистиқлолии

барчасп: 

586 истилоҳоти соҳавии гирдовардашуда дар як сол

Дар як сол ба луғати истилоҳотии соҳаи китобдорӣ 586 истилоҳи соҳавӣ гирд оварда шуд. То имрўз ба 2320 нусха китоб бо забони тоҷикӣ ва 200 нусха бо забони русӣ рақамгузорӣ карда шудааст.

Китобхонаи илмии ПИТФИ фаъолияташро дар асоси нақшаи корӣ амалӣ намуда, барои пешрафту рушди илмҳои фарҳангшиносӣ, санъатшиносӣ, китобхонашиносӣ, фаъолияти фарҳангӣ-фароғатӣ ва ғайра саҳмгузор аст. Дар соли 2017 адабиёти нави ба фонди

барчасп: 

Страницы