Ситоиши Ваҳдат дар публитсистикаи Шералӣ Мӯсо

Пас аз  Созишномаи истиқрори сулҳ (1997) ҳукумати тозатаъсис ва камтиҷрабибаи мо, ки хатари нестшавӣ таҳдидаш мекард, рӯ ба пешравӣ ниҳод. Аз ҳамин вақт сар карда, дар адабиёти мо инъикосу тараннуми Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ мақоми хосае пайдо кард. Тӯли солҳои аввал мақсад аз инъикосу тараннуми ин дастовардҳо бедор кардани завқи эстетикии...

барчасп: 

Нақши матбуот дар таҳкими Ваҳдати миллӣ

Ваҳдати миллӣ, моҳият ва арзиши он барои мо – тоҷикон қутбнамое аст, ки дар заминаи он мо ба марҳилаҳои нави барқарорсозӣ, пешрафту тараққиёт ва ободонии Ватани   азизамон рӯ меоварем. Мо, халқи тоҷик, ки ҳамасола рӯзи 27 июнро ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил мекунем, нақши ин санаи фархундаи таърихӣ дар мустаҳкам шудани пояҳои Истиқлолияти кишварамон хеле барҷаста мебошад. Зиёда аз ин, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сулҳу ваҳдати имрӯзи мо ниҳоят бузург ва беҳамто аст. Мо, ҳамагон шоҳид ҳастем, ки аз соли 1992, вақте ки дар иҷлосияи таърихию...

барчасп: 

Тараннуми Ваҳдат

Дар замони соҳибистиқлолии кишвари мо тараннуми сулҳу ваҳдат, тантанаи ҷашнҳои таърихиву миллӣ, тарғиби арзишҳои фарҳангиву адабӣ, ҳифзи муҳити зист ва амсоли ин аз мавзӯъҳои мубрам маҳсуб меёбанд. Инъикос ва тараннуми ин мавзӯъҳо дар фазои иттилоотӣ ва фарҳангиву адабии кишвар рӯҳияи инсондӯстӣ, меҳанпарастӣ, бунёдкорӣ ва созандагиро тақвият мебахшанд. Миёни ин мавзӯъҳо сулҳ ва ваҳдати миллӣ арзиш ва мақоми баландтар дорад, зеро пешравии ҷомеа,...

барчасп: 

ПОСИ ХОТИРА

Рӯзи 19-уми июни соли 2021 баъд аз бемории начандон тӯлонӣ, қалби муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳимзода Қурбоналӣ Бозор аз тапидан боз монд. Абдураҳимзода Қурбоналӣ Бозор 20 ноябри соли 1964 дар деҳаи Қуштеппаи ноҳияи Ленин (ҳоло ноҳияи Рӯдакӣ) ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёна соли 1982 ба факултаи китобдории Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дохил мешавад. Ӯ хатмкардаи факултаи китобдории Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ва ...

барчасп: 

Ба пешвози Рӯзи Ваҳдати миллӣ Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозанда

24 сол пеш дар шаҳри Маскав мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик, ки он 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав баъди 8 даври гуфушуниди (с.1994-1997) байни тоҷикон (байни Ҳукумати ҷумҳурӣ ва тарафи мухолифин), ба имзо расид.

барчасп: 

Таҷрибаҳои моҳидорӣ дар байни мардуми Мурғоб

Ноҳияи Мурғоб яке аз минтақаҳои баландтарини ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, зиндагии мардуми ин ноҳия нисбат ба дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар аз чанд ҷиҳат ба куллӣ фарқ мекунад. Дар натиҷаи экспедитсияи мардумшиносӣ хуб мушоҳида гардид, ки шароитҳои номуносиб дар ин минтақа таъсири худро расонидааст.

барчасп: 

Тобасанг ва тобасангтарошӣ

Истифодаи касбу ҳунар яке аз омилҳои рӯзгузаронии мардум ба шумор рафта,  дар гузашта ва имрӯз вобаста ба талабот маҳсулоти онҳо мавриди истифода қарор мегиранд. Дар иртибот ба давру замон, талабот ва шароити зисти мардум баъзе ҳунарҳо аз байн рафта, баъзеи онҳо ҳанӯз ҳам дар минтақаҳои кӯҳистон мушоҳида мешаванд.

барчасп: 

Страницы