Модари театри тоҷик дар синни садудусолагӣ даргузашт

Мушаррафа Қосимова - ҳунарманди маъруфи тоҷик, ки миёни аҳли ҳунар “модари театри тоҷик” номида мешавад, шаби гузашта дар синни 102-солагӣ аз олам даргузашт.  Набераи ҳунарманди маъруф, рӯзноманигори варзида Шамсия Қосим  иброз дошт, ки модаркалонаш соати 12 - и шаб дар манзилаш воқеъ дар шаҳри Душанбе чашм аз олам баст.

барчасп: 

Сафари Пешвои миллат ба вилояти Суғд

Рӯзи 30-уми марти соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар идомаи тантанаҳои ҷашни Наврӯз, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти нав ба вилояти Суғд ташриф оварданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Роҳбарияти вилояти Суғд ва гуруҳи ҷавонон бо самимияти афзун ва рӯҳияи болида пазироӣ намуданд. 

Ҷойгоҳи фарҳанги мусиқӣ дар таҷлили Наврӯз

Чунин ном дошт Конфронси ҷумҳуриявие, ки дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқоии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон баргузор гардид. Қадимитарин ҷашни миллии тоҷикон дорои сарвати бебаҳои тамаддун аст ва ҳар қадар, ки паҳлуҳои мухталифи он пажӯҳиш мешавад, боз ҳам фалсафаву розҳои зиёди он нокушода мемонад. Бузургии Наврӯз ҳам дар фаласафаи он аст, ки асрҳост аз он ҳарф мезананд ва боз ҳам сухани гуфтаниву ҳарфи шуниданӣ боқӣ мемонад.

барчасп: 

Эҳтироми либоси миллии тоҷикӣ

Суннатҳои либосдўзию либоспўшии тоҷикон дорои мазмунҳои фарҳангию иҷтимоӣ ва асотирию эътиқодӣ мебошанд. Онҳо зинаҳои рушду тараққиёти ниёгони мардуми тоҷикро аз даврони бостон то ба имрўз дар худ инъикос кардаанд. Қабл аз ҳама гуфтан лозим аст, ки тоҷикон ба интихоби ранги либос таваҷҷуҳи махсус доранд. Аз замонҳои қадим ниёгони тоҷикон – суғдиёну бохтариён аз матоъҳои пахтагин ва баъдтар абрешимини сафедранг бештар либос медўхтанд. Ранги сафеди либос рамзи покию озодагӣ, беолоишӣ, бахти сапед ва сулҳу амониро ифода мекард.

барчасп: 

Муҳаққиқи варзидаи синамои кишвар

Ато Аҳроровро барҳақ метавон аз чеҳраҳое муаррифӣ кард, ки умре синамои тоҷикро нақд кардааст ва дар ҳамин ришта китобу мақолаҳо навиштааст. Мутаваллиди Самарқанди бостон аст. Номзади илми санъатшиносӣ 1967, аълочии кинематографияи ИҶШС 1979 мебошад. Дар Энсиклопедияи миллии тоҷик дар бораи ӯ мехонем:

барчасп: 

Тунукасозӣ низ аз ҷумлаи ҳунарҳои мардумист

Ҳунари тунукасозӣ дар ороиши деворҳо, бомпўш, нигасаи хона ва дигар қисмҳои бино ба кор бурда  мешавад. Устоҳои тунукасоз дар иҷрои корҳои  истеҳсолӣ аз асбобу олоти хосси ин ҳунар: миқрози тунукабурӣ, анбўр, сандон ва хоиск, гиро, кордҳои махсус, исканаву сумба ва чанде  дигар истифода мекунанд. Дар пайванд кардани тунукапораҳо устоҳо аз усулҳои  қаткунӣ, кафшери  махсус ва баъзан ширешҳо истифода  мебаранд.

барчасп: 

Сухане чанд аз Тўрахон Аҳмадхонов

Зодаи рустои Шаршараи ноҳияи Данғара, мутаваллиди 1 июни соли 1935. Тўрахон Аҳмадхонов   шуъбаи актёрии Институти давлатии санъати театрии ба номи А.В. Луначарский шаҳри Маскав (1960) ва курси олии коргардони Театри марказии тамошобини навраси шаҳри Маскав (1971)-ро хатм намудааст.

барчасп: 

Мухтор Ашрафӣ: чеҳраи мондагоре, ки тоҷикиву ӯзбекӣ эҷод кардааст

Мухтор Ашрафӣ як чеҳраи барҷастаи фарҳангу маданият дар Тоҷикистон ва Узбекистон буд. Дар 63 соли умраш аз худ мероси гаронбаҳо боқӣ гузошт ва оҳангҳои эҷодкардаи вай имрӯз ҳам иҷро мешаванд ва таъсир доранд. Асарҳои калонҳаҷми ӯ, бахусус операҳое, ки бо ду забон дар Душанбе ва Тошканд эҷод кардааст, ганҷинаи бебаҳои фарҳанги миллатанд.

барчасп: 

Страницы