АҲАМИЯТИ ПАЖӮҲИШӢ ВА ИРТИБОТИИ ТЕХНОЛОГИЯИ МУОСИР ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМИ ДАРСҲОИ ТАХАССУСИИ СОҲАИ ФАРҲАНГ ВА САНЪАТ (НАТИҶАИ ТАҲҚИҚОТ)

Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – ПИТФИ) таи чандин солҳост, ки дар доираи татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар ҷараёни солҳои соҳибистиқлолӣ доир ба соҳаи фарҳанг, аз ҷумла китобдорӣ, қабулгардида, татбиқи лоиҳаҳои илмии мухталифро роҳандозӣ намудааст...

барчасп: 

Мушкилоти қасрҳо ва хонаҳои фарҳанг дар ВМКБ ҳанӯз ҳам ҳалталабанд

Мушкилоти қасрҳо ва хонаҳои фарҳанг дар ВМКБ ҳанӯз ҳам ҳалталабанд Падидаи некӣ рушди фарҳанг дар замони истиқлолият дигаргунӣ дар сохтор ва мазмуни фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, ки тарбиятгари аҳолӣ ва тарғибгарӣ сиёсати фарҳангӣ ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Яке аз омилҳои инкишофи фарҳанг бунёди қасрҳо ва хонаҳои фарҳанг, ки ба талаботи имрӯзаи гурӯҳҳои иҷтимоии ҷомеа муносиб буда, фаъолияти онҳо ба хотири ташаккули маънавии шаҳрвандон маҳсуб мегардад...

барчасп: 

ТАХТИ САНГИН – НАМОДИ ТАМАДДУНИ ШАРҚУ ҒАРБ

Солҳо дил талаби ҷоми Ҷам аз мо мекард,

Гарчи худ дошт зи бегона таманно мекард.

Дар замони шӯравӣ Тоҷикистонро ҷаҳониён хуб намешинохтанд. Ҳама моро шӯравӣ мехонданд. Ёд дорам солҳои 1985 – 89 дар шаҳри Киркуки Ироқ ба ҳайси сартарҷумон кор мекардам...

барчасп: 

НАҚШИ КИТОБХОНАҲО ДАР РУШДИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

Санаи 05.09.2023 дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи китоб конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Рушди фаъолияти китобхонаҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлол” баргузор гардид.

барчасп: 

Иштироки фаъолона дар ҳашари умумӣ

2 – юми сентябри соли ҷорӣ кормандон ва ходимони илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот дар ҳашари умумие, ки дар бӯстонсарои Вазорати фарҳанг воқеъ дар дараи Ромит баргузор гардид, фаъолона иштирок намуданд.

барчасп: 

Тамошои дастаҷамъонаи ходимони илмӣ

Тамошои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи дониш дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

барчасп: 

Рушди фаъолияти китобхонаҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлол

Барномаи конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Рушди фаъолияти китобхонаҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлол» ба ифтихори 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

барчасп: 

Дар мубориза ба зидди экстремизму терроризм бетараф набошем

Ҷомеаи имрӯзаро бе Интернет тасавур кардан ғайриимкон аст. Имрӯз дар тамоми гӯшаю канори кишвар мардум ба он дастрасӣ доранд ва мувофиқи завқу талабот, инчунин дараҷаи заковат ва фаҳмиши худ аз он истифода мебаранд. Мутаассифона, бо он имкониятҳои васеъ ва бартарияту афзалиятҳое, ки Интернет ба мо фароҳам овардааст, он паҳлӯи дигар, манфии худро дорад ва гоҳҳо мо ноогоҳона ба сӯи он майл карда, ба қавле сари бебалои худро ба бало гирифтор мекунем.

барчасп: 

Страницы