Таҷрибаҳои боғдории мардуми Рашт

Боғдорӣ яке аз пешаҳои қадимаи мардуми тоҷик ба шумор меравад. Он дар «Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ» (нашри 2018) дар бахши касбу ҳунарҳои мардумӣ, таҳти рақами Е029 ба қайд гирифта шудааст.  Махсусан барои мардуми кўҳистон ин касб василаи асосии рўзгузаронӣ мебошад.

барчасп: 

Баъзе суннатҳои ҷашни арўсӣ дар шаҳри Исфара, ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Айнӣ (бахши якум)

Ҳар як халқу миллат дорои фарҳангу тамаддун ва урфу одатҳои махсусе мебошанд, ки вобаста ба он мамлакаташонро муаррифӣ менамоянд. Аз ҷумла мардуми тоҷик низ  соҳиби анъана, урфу одат, ҷашну маросимҳои миллие мебошанд, ки дар байни дигар қавму миллатҳо фарҳанги волои моро инъикос намудааст. Муҳаққиқони русу тоҷик дар бораи қисми зиёди ҷашну маросимҳо ба қадри имкон тадқиқот анҷом дода, то ҷое онҳоро табақабандӣ намудаанд.

барчасп: 

Таомҳои маҳаллии мардуми Айнӣ

Ноҳияи Айнӣ яке аз ноҳияҳои кўҳистон ба шумор рафта, фарҳанги қадима дорад. Агар чи ин ноҳияи дурдасти кўҳистон ба ҳисоб равад ҳам, мардумаш бофарҳанг буда, бо замона низ ҳамқадам мебошад. Аз ҷумла ҳунари дастии мардона ва занона дар ин гўшаи Ватан хеле рушд ёфтааст. Чизе, ки дар ин ноҳия диққати моро ҷалб намуд ин марказҳои ҳунармандӣ буд, ки хеле хуб ба чашм мерасид.

барчасп: 

Маҳорати ҳасибтайёркунии бонувони тоҷик

Ҳасиб аз ҷумлаи хўришҳое ба шумор рафта, бонувони тоҷик аз замонҳои қадим онро омода мекарданд. Ҳасибро бисёртар ҳамчун хўриш ва баъзан ба ҷои таом истеъмол менамоянд. Имрўзҳо дар базму хурсандӣ ва ҷашну маросимҳо аз навъҳои гуногуни он истифода мебаранд.

барчасп: 

Умре дар пайи эҷод

Миёни равшанфикрони тоҷик камтарин нафаронеро метавон пайдо кард, ки фаъолияти меҳнатии худро аз кори омўзгорӣ шурўъ намуда, минбаъд дар самтҳои гуногуни эҷодӣ қувва озмуда, ба комёбиҳои назаррас ноил шуда бошанд. Нависанда Садриддин Ҳасанзода аз зумраи чунин нафаронест, ки бо шарофати фаъолияти рўзноманигорӣ андешаҳои публитсистиаш шакл гирифта,

барчасп: 

Анъанаи ширнавбат (певоз) дар бархе аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд

Бонувони тоҷик бо мақсади осон гардидани корашон ва натиҷаи хуб гирифтан дар аксари корҳои рўзгор усули шарикиро пеша менамоянд. Бо ин васила ба роҳ мондани иддае аз корҳои занон ба манфиати ҳамаи онҳо буда, тифоқӣ, якдилӣ ва меҳру муҳаббат нисбат ҳамдигарро ба вуҷуд меорад. Яке аз чунин амалҳо, ки таҷрибаи чандинсола дошта, то имрўз дар байни занони кўҳистони Тоҷикистон боқӣ мондааст, ин анъанаи ширнавбат мебошад.

барчасп: 

Андешаҳо дар атрофи бозиҳои бачагона

Бозиҳои анъанави бачагона бахши алоҳидаи фарҳанги ғайримодии мардуми тоҷик маҳсуб меёбад, ки он дар тўли садсолаҳо ҳамдаму ҳамқадами фарзандони халқи тоҷик, хусусан, наврасону ҷавонон буд. Ногуфта намонад, ки бозиҳои суннати  тоҷикон аз ҷиҳати серҳаракат буданашон як воситаи хуби тарбияи ҷавонону наврасон дар рўҳияи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш шуда метавонад.

барчасп: 

Ғалмундӣ

Таомҳои миллии тоҷикӣ тибқи шароит ва ананаҳои миллӣ дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон хеле ривоҷу равнақ ёфтааст. Тақрибан ҳар як вилоят таомҳои махсуси хуро доранд, ки дар дигар ноҳияҳо вуҷуд надоранд. Баробари хўрокҳои маъмулӣ ба монанди палов, шўрбо барак, лағмон, самбўса, мошкичирӣ боз хўрокҳое ҳастанд, ки онҳо танҳо хоси як ноҳия ё вилоят мебошанд. Тарзи пухтан ва тайёр кардани онҳо дар бисёр маҳалҳои Точикистон технологияи гуногуни худро доранд.

барчасп: 

Страницы