Ҳунаркада

Ифтитоҳи ботантанаи Рӯзҳои фарҳанги Қирғизистон дар Тоҷикистон

Бегоҳии 17-уми ноябри соли равон дар бинои театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ зери оҳанги сурудҳои миллии ду кишвар маросими ботантанаи оғози Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳузури густардаи аҳли фарҳанг ва сокинону меҳмонони пойтахти кишвар баргузор шуд.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода дар суханони муқаддамотии худ ҳозиринро бо ифтитоҳи

барчасп: 

2320 муаасисаи иҷтимоӣ-фарҳангии кишвар

Бино ба маълумоти ахиран ироашуда аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари соҳибистиқлоли мо ин шабу рӯз дорои 2320 адад муассисаи иҷтимоӣ–фарҳангӣ мебошад. Аз ҷумла: 17 муассисаи театрии касбӣ, 5 муассисаи консертӣ, 96 муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг ва санъат: 3 мактаби олӣ,  6 коллеҷи санъат, фарҳанг, хореографӣ ва рассомӣ, 2 мактаб- интернати миёнаи махсуси миёнаи мусиқӣ ва санъати ҷумҳуриявӣ, 84 мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, санъат ва рассомӣ,1355 китобхонаҳои давлатӣ-оммавӣ (  75 китобхонаи бачагона), 328 қаср ва

барчасп: 

Аъло Аълоев: Доирадасте, ки касе бар пояи ӯ нарасид

Аъло АЪЛОЕВ   7-уми нобри соли 1932 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Аз ҷумлаи машҳуртарин ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистони замони Шӯравӣ буд. Дойрадасти моҳир ва касе бар пояи ӯ дойра назада, пажуҳишгарон ба санъати навозандагии ӯ баҳои баланд додаанд.
Артисти халқии РСС Тоҷикистон (1974). Дойранавозӣ ва мусиқиро аз падару модараш омӯхтааст. Хатмкардаи Омӯзишгоҳи мусиқии ҷумӯуриявии шаҳри Душанбе (1952) буд.
Фаъолияти кориашро солҳои 1946 – 56 аз Филармонияи давлатии Тоҷикистон...

барчасп: 

Тасвири анвои касбу ҳунар дар ашъори Сайидо

Аз асрҳои X-XI ба баъд бо таъсис ва нашъунамои шаҳрҳо дар Мовароуннаҳру Хуросон, вусъати ҳунармандӣ ва ба вуҷуд омадани касбу ҳунарҳои гуногун дар шаҳрҳо дар адабиёти форсу  тоҷик низ навъ ё жанри шеърие ба вуҷуд омад, ки мавзўи он тасвири аҳли ҳунар ва касбу кори онҳо, васф ё ҳаҷви табақаҳои муайяни шаҳр буда, унвони «Шаҳрошўб» ё «Шаҳрангез» - ро ба худ пайдо кард. Сабаби «Шаҳрошўб» хонда шудани чунин шеърҳо дар он буд, ки «мазмуну муҳтавояшон вирди забонҳо гардида, дар байни аҳолии шаҳр ошўбу овоза ва ҳангома ба вуҷуд меовард».

Фирӯз Баҳор - бастакори маъруфи тоҷики муқими Олмон

БАҲОР Фирўз Ҳоҷиевич (тававаллуд 19. 11. 1942, Душанбе), бастакори тоҷик, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон (1991). Хатмкардаи Донишкадаи давлатии мусиқӣ-педагогии ба номи Гнесинҳои Москва (1967) ва Консерваторияи давлатии Тошканд ба номи М. Ашрафӣ (1971).
Солҳои 1971 –1976 муаллими кафедраи назарияи мусиқии Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, солҳои 1976 – 1990 котиби Раёсати Иттифоқи компазиторони Тоҷикистон, 1990 – 1996 муаллими Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба

Балети тоҷик аз оғоз то имрӯз

БАЛЕТ (франс. ballet, итал. balletto, лот. ballo – мерақсам), навъи санъати саҳнавӣ, ки дар он мазмуни асар ва воқеа ба воситаи образҳои рақсӣ ва мусиқӣ ифода меёбад. Сужети балет дар либретто (сенария) ифода мегардад. Дар асоси либретто мусиқӣ ва рақсу пантомима меофаранд, ороиши саҳна (декоратсия) ва либос тайёр мекунанд. Балет бо ҳамкории сенариянавис, композитор, балетмейстер, артистони балет ва рассоми ороишгар таҳия мегардад. Баъзан мусиқӣ дар балет чун воситаи ҳамовозӣ истифода мешавад. Вале дар бисёр мавридҳо ба воситаи рақс мазмуни мусиқӣ...

Гулдӯзӣ: дирӯз, имрӯз, фардо

Гулдӯзӣ қадимитарин навъи санъати халқӣ буда, бо сӯзан ва чангакчаҳои махсуси гулдӯзӣ дар рӯи матоъҳои гуногун (пӯст, намад) бо ресмонҳои пахтагӣ, пашмӣ, абрешимӣ ва нахҳои зариву нуқрагӣ, инчунин бо сангҳои қиматбаҳо, шадаи майда, мӯҳраҳои реза, пулакчаҳои рахшон, тангаҳо, марҷону марворидҳо дастӣ дӯхта мешавад. Ҳоло аксаран ин амалро мошинҳои дарздӯзии махсуси гулдӯзӣ иҷро мекунанд.
Гулдӯзӣ аслан шуғли хонагӣ буда, барои ороиши сару либос, истиқоматгоҳ, ҷиҳози хона,

барчасп: 

Валерий Аҳадов

АҲАДОВ Валерий Боқиевич. Аз ҷумлаи маъруфтарин ва муваффақтарин коргадонҳои синамои кишвар аст. 9-уми августи соли 1945 дар шаҳри Самарқанд дида ба олам кушодааст.
     Хатмкардаи факултаи коргадонии Институти давлатии умумииттифоқии кинематографияи Маскав (соли 1970). Котиб (солҳои 1976 – 78) ва котиби якуми Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон (солҳои 1978 – 1986), коргадони киностудияи «Тоҷикфилм» (солҳои 1986 –1988), саркоргардони Театри давлатии драмаи русии ба

Страницы