Ҳунаркада

Рақс бо табақ ва ё даъват ба оши палав

Баробар бо дигар касбу ҳунарҳои суннатӣ, аз қабили оҳангарӣ, дуредгарӣ, дўзандагию бофандагӣ, кандакорию гаҷкорӣ дар фарҳанги мардуми тоҷик рақсу сурудхонии анъанавӣ низ маъмуланд, ки муҳаққиқон ин бахши фарҳанги миллиро “санъати иҷроӣ” номидаанд. Дар “Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ”, ки аз ҷониби олимони ПИТФИ таҳия шудааст, ин бахш  бо номи “Санъати иҷроӣ” ва рақамгузории B000 зикр шуда, дар он беш аз 103 унсури фарҳанги ғайримоддӣ ба таври мухтасар шарҳ ёфтаанд.

барчасп: 

Фатирмаска ҳамчун таоми миллӣ

Як навъ таоми миллии мардуми тоҷик фатирмаска мебошад, ки аз замонҳои пеш то ҳол дар байни мардуми тоҷик маъмул буда, дар баъзе ҷо онро “чанголӣ” ном мебаранд. Фатирмаска асосан таоми зимистона мебошад, ки занон бештар вақт баъди пухтани фатир онро омода мекунанд. Дар баъзе ноҳияҳо фатирмаскаро дар мавсими пухтани харбуза низ тайёр мекунанд.

Дар китоби ДФМТ шарҳи мухтасари фатирмаска оварда шудааст:

барчасп: 

Лухтаксозӣ дар Спитамен

Лухтак як намуди бозичае мебошад, ки аз давраҳои пеш барои бозӣ кардани духтаракон таҳия карда мешуд. Аз замонҳои пеш то имрўз барои ҳар як духтарча аз ҷониби модару модаркалонашон лухтакҳои гуногун сохта мешавад. Духтаракон бо истифодаи лухтакҳо бозиҳои рангину шавқовареро иҷро менамоянд. Бозии аз ҳама маъмулии кўдакону наврасон ин лухтакбозӣ мебошад, ки дар баъзе минтақаҳои кишвар бо номи зочабозӣ низ машҳур буда, бо ҳунари лўхтаксозӣ алоқамандии зич дорад.
Дар китоби «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» шарҳи муфассали лухтакбозӣ

барчасп: 

Мушкилоти касбу ҳунарҳои бонувони деҳот

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромаду суханрониҳояшон қайд менамоянд, ки барои рушду такомул бахшидани касбу ҳунарҳои мардумӣ чораҳо андешида шавад. Баъди соҳибистиқлолии кишвар як қатор касбу ҳунарҳои халқии тоҷикон бо роҳу усулҳои гуногун инкишоф ёфтан гирифт. Дар даҳсолаи охир бо кӯмаку дастгирии бевоситаи сарвари давлат,

барчасп: 

Бо кӯза ҳам мерақсанд?

Дар асри XX  ин рақс хеле паҳн шуда, ба санъати рақсии ҳаваскорӣ ва касбӣ роҳ ёфт. Устодони рақс  Ғ. Валаматзода, А. Исломова ва А. Протсенко дар намоиши ансамбли мусиқӣ – театрии «Лола» шакли коллективи «Рақс бо кўза» - ро  дар иҷрои гурўҳи духтарон ба саҳна гузоштаанд. Ин рақс дар асоси коркарди рақси анъанавии халқӣ, ҳаракатҳои рақсӣ ва лаҳзаҳои пантонимӣ офарида шудааст.

Рақс бо кўзаро дар Бадахшон мардон, дар Ғарм, Тавилдара, Кўлоб ва вилояти Суғд

барчасп: 

Соли рушди деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ: ҚОШУҚБОЗӢ

Рақси қошуқбозӣ дар асри ХХ дар репертуари дастаҳои ҳаваскорони санъат хеле ривоҷ ёфта, қошуқро ҳамчун асбоби зарбӣ истифода бурдаанд. Ин рақсро то кунун дар барномаҳои консертии ансанблҳои рақсииЛола”, “Зебо”, “Ҷаҷоноро”, “Гулрез”, театри рақсии “Падида”, ансамбли фолклорӣ – этнографии “Ганҷина” ва театрҳои вилоятӣ мушоҳида кардан мумкин аст.

Рақси қошуқбозӣ, асосан, рақси занона мебошад, аммо дар Бадахшонон чеб-базай, ё

барчасп: 

Ҳунарҳои мардумӣ: Қурутпазӣ

Қурутпазӣ санъати хеле шавқовар буда, дар ҳамаи манотиқи кишвар дида мешавад. Қурут маҳсулоти қоқ ба ҳисоб рафта, аз он дигар навъи таомро низ омода мекунанд. Масалан, қурутоб яке аз таомҳое мебошад, ки бе қурут онро тасаввур кардан ғайримикон аст. Қурут маҳсулоти аввалиндараҷаи таоми қурутоб мебошад. Ба ғайр аз ин аз қурут атолаи бо қурут, умоч ва ғайраҳоро тайёр мекунанд. Инчунин худи қурутро метавонанд дар алоҳидагӣ истеъмол намоянд. Зеро он аз ҷиҳати витамин ғанӣ буда...

барчасп: 

Калтакбозӣ чист?

Калтакбозӣ як навъи рақси мардонаи ҷанговарони тоҷикӣ мебошад. Рақсро ду нафар мард ё гурўҳи мардон таҳти навозиши созҳои мусиқӣ иҷро мекунанд. Онҳо дар ин рақс хусусиятҳои мардонагӣ, чустию чолокиро ҳам дар рафти мусобиқа таҷассум мекунанд. Чўбҳои одии дарозиашон 60 см ва ғафсиашон 3 см ҳамчун сози мусиқӣ низ хидмат намуда, бо зарбу усул ҳамсадо мешаванд.

Иҷрокунандаҳо дутогӣ калтакҳои чўби дар даст гирифта, қатор истода мерақсанд...

барчасп: 

Страницы