Ҳунаркада

Садои дилнавози дойра

Овози дойра вобаста ба андозаи чанбар ду навъ: паст – «Бам» ва баланд – «зер» мешавад. Дойра аз ҷиҳати тембр, зарб ва имконияти садобарори сози гуногуншакл мебошад. Дар вақти навохтани дойра ҳар ду даст ва ҳамаи ангуштон кор мекунанд. Усулҳои дойра аз ду овози якҳиҷоии «бум» ва «бак» дар заминаи таносуби квартавии пасту баландшаванда (ноустувор) ба вуҷуд меоянд «Бум»- и паст қариб дар маркази парда бо зарби кафи дасту панҷаҳо ва «бак» – и баланд аз канори дойра бо зарби нӯги ангуштон ҳосил мешавад.

барчасп: 

Кадбонуе аз Фархор

Ҳамаи наздикони ман ва бонувони деҳа аз ўҳдаи ин кор ба хубӣ баромада метавонанд, аммо духтари калониам завқи бисёртар дошта, доимо дар маъракаҳое, ки ман нону хўрокҳои гуногунро омода мекунам, ў ҳам бевосита ширкат мекунад ва фикр мекунам, ки ягона шогирдест метавонам барои пухтани ин ё он навъи таъом ба ў бовар кунам, - ҷавоб дод холаи Давлатбӣ . – Агар бовар накунед, ба хонаи ман биёед, ман ба шумо маҳорати ўро нишон медиҳам, ки аз ман беҳтар аст.

барчасп: 

Гулдўзӣ – таҷассумгари ҳунари ниёгон аст

Воқеан, гулдўзиҳое, ки ин бонуи ҳунар ҳамроҳи духтаронаш меофарад, як порае аз табиати зиндаанд. Ҳангоми тамошои нақшу нигори он кас эҳсос менамояд, ки ин тасвирҳо порае аз рўзгор, аз зиндагии мардуми оддӣ ва зебоиҳои ҳаёти онҳоро ҳикоят мекунад. Офаридаҳои ў бо рангҳои мунаққаш зебогии табиати атрофро инъикос карда, нуру таровати беҳини зиндагиро тараннум менамоянд. Ин гуна манзараҳо мардумро ба зебоипарастӣ ва дўст доштани табиат ҳидоят мекунанд.

барчасп: 

Ҳунарҳои мардумӣ: ДУТОР

Дутор маҳорати баланди навозандагиро талаб намуда, бо нохуни нарангушт ва ангушти ишорат (дар ду тор баробар) навохта мешавад. Дар байни халқ «Муноҷот», «Роҳат»,  «Қӯшчинор», «Сегоҳ», «Чоргоҳ» ва дигар навҳои дутор машҳуранд. Баъзан бо садои дутор қисмҳои созю овози «Шашмақом» низ хуб иҷро мешаванд. Саидхони Ҳисорӣ, Тоҳирҷон Давладзода, Ҳоҷӣ Абдулазизи Самарқандӣ, Муҳаммадҷон Муъминов, Ҳоҷӣ Абдурҳмон, Нурулло Ниёзов, Қорӣ Самади Ҳисорӣ, Саидҷон Тӯхта, Абдулмаҷид Ҳомидов, Ҳотам Пулодов,

барчасп: 

Чойхона ва чойхонанишинӣ дар Тоҷикистон

Дар замони Шўравӣ чойхонаҳо ба маркази таблиғоти ғояҳои давлат табдил ёфтанд. Ҳамчун воситаи истироҳату фароғати мардум дар чойхонаҳои деҳот, колхозу савхоз, муассисаву корхонаҳо аз тарафи давлат рўзномаву маҷалла, радио, телевизор, домино, шатранҷ, шашка гузошта мешуданд. Чандин чойхонаҳо ба клубҳои вохўриҳои шавқовар бо собиқадорони ҷангу меҳнат, депутатҳо, олимону шоирон табдил ёфтанд.

Чойхона, ҷойи ҷамъиятиест, ки дар он ҷо анвои чой ва хўрокиҳои гуногуни миллӣ пухта

барчасп: 

Мақомсароёни тоҷик шоҳҷоизаи Форуми мақомро дар Шаҳрисабз ба даст оварданд

Ҳайати мақомсароён ва коршиносони тоҷик бо роҳбарии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода дар аввалин Форуми байналмилалии санъати мақом, ки 6-10 сентябри соли 2018 дар шаҳри Шаҳрисабзи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, иштирок намуданд.

Ҳайати мақомсароёни Тоҷикистон дар форуми мазкур бо истеъдод ва маҳорати мақомнавозӣ ва мақомсароӣ иштирокчиён ва доварони чорабиниро мафтун намуда, сазовори шоҳҷоизаи аввалин Форуми байналмилалии санъати мақом гардиданд. 

барчасп: 

Ҳунарҳои мардумӣ: ТАОМҲОИ АНЪАНАВИИ МИНТАҚАИ БОХТАР

Вилояти Хатлон яке аз вилоятҳои гармтарини кишвар ба шумор меравад. Аз сарчашмаҳо ба мо маълум аст, ки вазъи ҷуғрофӣ ва иқлим ба фарҳанг ва ба тарзи зисту зиндагонии одамон таъсир мерасонад. Дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун ва Шаҳритўси вилояти Хатлон анвои таомҳо ва хўроквориҳо мутобиқ ба иқлиму табиати он ҷо вобастагӣ дорад. Ин минтақаи гармтабиат маҳалли тарбузу харбуза ба ҳисоб мераванд. Яъне дар ин минтақаҳо мардум бештар ба зироаткорӣ ва корҳои полезӣ машғул мебошанд.

барчасп: 

ЧАНД СУХАН РОҶЕЪ БА ҲУНАРҲОИ БОНУВОНИ НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН

Ҳунари кашидадўзӣ, яке аз ҳунарҳои қадимаи мардуми тоҷик буда, то ба имрўз ин анъана давом дорад. Кашидадўзӣ тавассути матоъҳои пахтагин, абрешимин, ки қаламзан дар он нақши лозимаро тасвир менамояд, бо риштаҳои ранга тавассути сўзан духта мешавад. Дар ноҳияи Қубодиён бо ҳунармандон Гулбӣ Зоғматова (с.т.1962) сокини деҳаи Қизил Тоҷикистон ва Рухшона Мирзода (с.т.1990) сокини деҳаи Ахча ба ҳунари гулдўзӣ машғул ҳастанд, ҳамсуҳбат шудем. Дар ин ноҳия мо нақшу нигори гулдўзӣ, ба монанди косагул, дилак,

барчасп: 

Страницы