Ҳунаркада

Шинохти Нуруллоҳи Абдуллоҳ

Аз чеҳраҳои маҳбуб ва шинохтаи ҳунар дар кишвар аст. Замоне ҳар ҳафта ҳатман ӯро дар оинаи нилгун медидем, ки дар барномаи “Беғараз панд” саҳнаҳои ҷолиби тарбиявиро намоиш медод.  Ва мардум ба ҳарфаш ва ба насиҳатҳояш бовар мекунанд, чун аз сидқ сухан мекунад, ҳар саҳнаи пешниҳодиро шарҳи хубе медиҳад.

Аммо ӯ танҳо насиҳатгӯи саҳнаҳои “Беғараз панд” нест, балки ҳунармандест

барчасп: 

Ҳунари ҷомадўзи дар Истаравшан

Мардуми Истарвшан ҷомаро дар рўзҳои туй, маросими  аъзодорӣ ва дар хонаю кўча,  васеъ истифода мебаранд. Дар тани мардон ду навъи ҷома зиёдтар дида мешавад, ки якеро гадопўш ва дигареро шаҳпўш ном мебаранд, ҷомаи гадоӣ гуфта рангаш кабуди осмонӣ буда, аз сатин ва матоъи зира духта мешавад, дар даврони Иттиҳоди Шуравӣ ин намуди ҷомаи гадоиро дар фабрикаҳо истеҳсол менамуданд ва бо нархи арзон мефурўхтанд, инчунин ин намуди ҷомаро дар байни мардум то ҳол ҷомаи 5 сомона ном мебаранд.

барчасп: 

Чанд сухан роҷеъ ба ширавории тоҷикон

Аз маъмултарин ҳунари ширинипазӣ дар байни халқи тоҷик аз замонҳои қадим пўхтани нишолло мебошад. Махсусан бо фаро расидани моҳи шарифи Рамазон талабот ба нишалло  бисёртар мегардад. Дар бозорҳои ҷумҳурӣ махсусан растаҳои ҳалвофурўшӣ ва нишалофурўшӣ таъсис дода мешавад, ки серодам ва серхаридор мегардад. Албатта, ин навъи шириниро дар тўю маъракаҳои сурурбахш ва баъзан дар маросимҳои азодорӣ рўи дастурхон мегузоранд.
Шираворпазӣ яке аз ҳунарҳои  аҷдодӣ  буда, он миёни мардуми тоҷик аз даврони қадим

барчасп: 

Шинохте аз Боқиева Муслима

Муслима Боқиева аз ҷумлаи ҳунармандони дӯстдоштанӣ буду ҳаст. Сабки нотакрори сурудани таронаҳои классикӣ дошт. Ду сол пеш тарки олам кард ва агар зинда мебуд, ин моҳ ба синни мубораки 85 медаромад. 

Боқиева Муслима 7 ноябри соли 1933 дар Бухоро ба дунё омадааст. Сарояндаи машҳури точик (сопранои лирикӣ), Артисти халқии ҶШС Точикистон (1971). Санъати сознавозӣ  ва сарояндагиро аз падараш – ҳофиз ва танбўрнавози машҳур Боқиев Солеҳ

барчасп: 

Ҳунари ТАНЎРСОЗӢ

Тарзи шинондан ва ба истифода додани танўр дар ҳавлиҳо нозукии махсус дорад. Аз хишт ё лой дуто деворчаи баландиашон 80-90 см, дарозиашон 1 м ва фосилаи байнашон 120 см сохта ба болояш тахта мегузоранд. Сипас ба болои тахтаҳо  хок рехта танўрро ба тарзи уфуқӣ рўи он хок мениҳанд. Одатан  рўйи танўр бояд ба самти қибла набошад, баръакс пушти танўрро ба тарафи қибла мегузоранд, ки нонпаз ҳангоми нончаспонӣ рўй ба қибла оварда, нон пазад.
Танўр оташдони нонпазӣ буда, аз гил сохта мешавад ва онро дар зери замин ба таври

барчасп: 

«ДИДОР» ЧӢ ДОД?

Андешаҳои профессор Ҷовид Муқим  пас аз Синамобазми 8-уми «Дидор».

Муаллифи ин сатрҳо низ ба он назар аст, ки бояд коргардонҳои ҷавон рӯи саҳна биёянд. Албатта, филмҳои аввалини онҳо бе камбудӣ нестанд. Вале агар онҳо имрӯз филмофарӣ накунанд, пас фардо кӣ ҷои когардонҳои миёнсолу куҳансолро мегирад? Барои ба дараҷаи ҳирфаӣ расидан бояд онҳо ҳарчӣ бештар омӯзанд ва малакаашонро сайқал бидиҳанд. Ҳоло се чиз — таҷрибаву

барчасп: 

Марат Орифов-ҳунарманди шинохта ва пири синамои тоҷик аз олам даргузашт

Субҳи иимрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ аз даргузашти ситораи синамои тоҷик, яке аз машҳуртарин чеҳраҳои ҳунари кишвар маэстро Марат Орифов хабар доданд. Духтараш Марианна Орифова дар саҳифаи худ дар Фейсбук навишт: “Моро ғаму андӯҳ фаро гирифт, падар аз дунё рафтанд…”

Даргузаштаи Марат Орифов талафоти ҷуброннопазир дар санъати тоҷик аст. Шахсе аз олам рафт, ки бо ҳунари воло чеҳраи бузургонеро чун Рӯдакиву Сино ба мо нишон дода

барчасп: 

ГУЛОБКАШӢ чӣ ҳунарест?

Тарзи дигари гулобкашӣ чунин аст: косаи сафол ва косаи чиниро бо барги гул пур мекунанд. Болои онро бо сарпӯше, ки дар он найчаи найӣ халонда шудааст, мепушонанд. Дегро бо об пур мекунанд ва косаро ба рӯйи об мегузоранд. Ба нӯги найча боз як найчаи дигарро ба тарзи уфуқии хобида васл мекунанд, нӯги найчаи сеюмро ба самти поин хам карда пайванд менамоянд ва нӯги онро ба даруни шишае мемонанд, ки дар он буғи гулоб ҷамъ мешавад. Ба ҷои найчаи найӣ баъзеҳо аз найчаи мисӣ истифода менамоянд.

барчасп: 

Страницы