Ҳунаркада

Чанд сухан роҷеъ ба ҳунари қуроқдӯзии тоҷикон

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ шароити мусоид фароҳам овард. Чуноне, ки медонем имрӯзҳо дар тамоми минтақаҳои кишвар марказҳои ҳунарҳои мардумӣ фаъолият намуда, дар он наврасону ҷавонон барои омӯзиш ҷалб гардидаанд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд кардаанд...

барчасп: 

Намоишҳои касбу ҳунарҳои мардумӣ – объекти омўзиши муҳаққиқони ПИТФИ буд

Рӯзҳои 13-ум ва 14-уми майи соли ҷорӣ бо ташаббуси Вазорати фарҳанг Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғи Ирам фестивали ҷумҳуриявии ҳунарҳои халқии бадеӣ бо номи “Бозори ҳунар”ва 20-21-уми май бо ибтикори Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳафтаи ҳунарҳои халқии Тоҷикистон” бахшида ба Рўзи ҷавонон дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе бо иштироки ҳунармандони зиёд аз тамоми гўшаву канори кишвар баргузор гардид.

барчасп: 

Ҳунари намадмолӣ дар кишвар

Тақрибан ҳашт ҳазор сол пеш одамон  ҳунари намадмолиро шурўъ кардаанд. Сохтани намадҳо  баъд аз хонагӣ кардани гўсфандони ваҳшӣ ба вуҷуд омадааст.
Одамон дар аввал кўшиш мекарданд, ки аз пашми ҳайвоноти ваҳшӣ намадмолӣ кунанд, аммо ин чандон кори осон набуд. Аз тарафи дигар, пашми ҳайвоноти ваҳшӣ бо ҳамдигар часпоиш надошт ва барои ғоз додан он қадар мувофиқ набуд. Аз ин сабаб, аз пашми гўсфанд ва барра, ки пашмҳояшон мулоим мебошад, истифода мекарданд.

барчасп: 

Мавқеи рўймол дар фарҳанги сару либоси мардуми тоҷик

Аз даврони қадим тарзу намудҳои хоси либосҳои анъанавии тоҷикон, куртаву рўймол ва дигар намудҳои сару либос вуҷуд дошт. Ва ин аънанаҳо дар ҳар давру замон бо тарзу усулҳои ҳамон замон ҳамқадам буда, то ба даврони мо омада расидаанд. Як навъи афзори ороиши хоси занҳои тоҷик рўймол буда, аз қадим модарони мо бо бастани он ҳам худро оро медоданд ва ҳам мўйи сари худро аз нури офтоб ва сардии ҳаво эмин нигоҳ медоштанд.
Рўймолҳо бо сохтору тарзи ороиш ва нақши гулҳою корбурди матоъҳо миёни

барчасп: 

Ҷуроббофӣ дар Бадахшон

Занони ҳунарманди халқӣ, ки табиатро хеле нозукона эҳсос мекунанд, дар нақшу нигори ҷуроб олами рангини атрофи худро ба таври хоса инъикос карда, хосият ва таассуроташонро дар он баён месозанд. Нақши ҷуробҳои ин минтақа аз минтақаҳои дигари кишвар тафовут доранд.
Ҳунари дастӣ яке аз намудҳои оммавӣ ва халқии санъат буда, аҳамияти он аз ҳеҷ кас пўшида нест. Ҳар як ашёи рўзгор талаботи эстетики одамонро баланд бардошта, ҳамчун василаи таъсири бадеӣ хидмат мекунад. Ҷуроббофӣ яке аз ҳунарҳои суннатии мардуми

барчасп: 

Назаре ба ҳунарҳои бонувон (Бахши охир)

Болиштдўзӣ
Болишт ду хел, калону хурд мешавад. Болишти калон ҳаҷман 120х40 см буда, дар он гули калон ва баргу шохаҳо гул гулдўзӣ мешавад. Болишти хурд низ тақрибан 50х40 см буда, бо чор гули хурд ва баргҳои майда-майда оро дода мешавад.
Дар давоми сафар ба ноҳияи Ашт мо муваффақ шудем, ки бо ҳунармандони маҳаллӣ суҳбат намуда, оиди касбу ҳунарҳои миллӣ маълумотҳои муфид ба даст орем. Маюсуфова Норинисо (с/т.1955, ҷ.д.Шодоба, шаҳраки Гулшан), Масолиева

барчасп: 

Назаре ба ҳунарҳои бонувон (Бахши дуюм)

Яке аз ҳунарҳое, ки дар чор ноҳия ба назар мерасид, рӯймолдӯзӣ мебошад. Рӯймолдӯзӣ ҳунари гулдӯзӣ кардани рӯймоли миёнбанд барои мардон аст. Рӯймоли мардона 3 намуд-бачагона(андозаи 60х60); муқаррарӣ (андозаи 100х100); калон (андозаи 120х120). Бештар руймоли мардонаро аз матои ласу сатин ва риштаҳои пахтагию абрешимӣ омода мекунанд. Ҳар як ҳунарманд мувофиқи завқи хеш маҳсулотро интихоб карда, рӯймолро гулдӯзӣ мекунад. Тарзи дӯхтани рӯймол чунин аст: пеш аз ҳама, атрофи матоъро дар андозаи муайян таҳ карда медӯзанд.

барчасп: 

Страницы