Ҳунаркада

Ҳунари кандакорӣ дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд

Барои инъикос намудани фарҳанги миллӣ, на танҳо расму одатҳо, касбу ҳунарҳои мардумӣ, балки тамоми ҷузъиёти миллию маҳаллии ҳар як пеша нақш ва ҷойгоҳи худро дорад. Ба ҳама маълум аст, ки рўз то рўз мардуми дунё нисбат ба ҳунарҳои дастӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда истодаанд. Дар аксарияти давлатҳои ҷаҳон ба ҳунармандони соҳибистеъдод диққати махсус дода, барои пешбурди фарҳангу тамаддуни миллӣ ва эҳёи ҳунарҳои асилу қадимии аҷдодиашон кўшиши бештареро ба харҷ медиҳанд.

барчасп: 

Преемственность традиций системы «Устод-шогирд» в ансамблях танца Таджикистана

Исторически сложившиеся сферы функционирования профессионального хореографического искусства тесно связаны с различными видами искусства и представляет художественную систему «Устод-шогирд», в которой каноны и нормы таджикского танца играют главную роль. Духовный мир таджикского танца раскрывается богатством музыкального мелоса и ритма, глубоким содержанием песни, изяществом  точного исполнения танцорами замысла хореографа.

барчасп: 

Баргузории маросими саршўёни тифл

Дар фарҳанги мардуми тоҷик аз қадимулайём об мавқеи хоса дошта, ниёгони мо дар ҳама давру замон чундигар унсурҳои муқаддас онро гиромӣ медоштанд. Табиист, ки ҳаёти инсонро бидуни об тасаввур кардан ғайриимкон аст. Бинобар ин ҳанўз аз замонҳои қадим мардум кушиш ба харҷ медоданд, ки барои истиқомат бештар мавзеъҳои серобро интихоб намоянд. Масалан, дар байни мардум нафаре гўяд, ки хона ё манзили нав харидааст, аввалин суоле, ки ба он шахс медиҳанд, «об дорад?» аст.

барчасп: 

Ҷойгоҳи дарахт ва меваи тут дар рўзгори мардуми Рўшон

Тут яке аз бебаҳотарин меваҳои  табиат аст, ки  аз дарахт, барг ва меваи он мардум васеъ истифода мебаранд. Тут дарахти хазонрез буда, дар ҷумҳурӣ ду намуди он: тути сафед ва сиёҳ бештар маъмуланд. Шакли баргҳои тут гуногун буда, ҳар ду намуди он то 200-300 сол  умр мебинад. Меваи дарахти тут дарозрўя ва монанд ба «гушворак» аст. Тут аслан ба гурўҳи дарахтолни сертухм ва сершира шомил мешавад.

барчасп: 

Таомҳои анъанавии мардуми Дарвоз

Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон нисбати дигар манотиқи ҷумҳурӣ аз ҷиҳати иқлим сардтар мебошад. Аз ин ҷо маълум мегардад, ки фарҳангу маданияти ин мавзеъ нисбати дигар манотиқи кишвар то андозае тафовут дорад. Аз ҷониби дигар ҳар як минтақаро аз рўи анъанаву фарҳангаш таҳлилу баррасӣ менамоянд.

барчасп: 

Донишу малакаи занбўрпарварии Саидмуродов Баҳодур

Ҳунари занбўрпарварӣ дар қатори дигар касбу ҳунарҳои анъанавӣ дорои донишу таҷриба ва ҷузъиётҳои дигари фарҳангӣ мебошад. Он дар қатори ҳунарҳои кишоварзӣ ба монанди боғдорӣ, зироатпарварӣ, кирмакпарварӣ, чорводорӣ рушду инкишоф ёфтааст. Феълан ин ҳунар низ ҳамчун касабаи муқаддас дар доираи донишу фаҳмиш ва ҳатто ривоятҳои динӣ тараққӣ намуда истодааст.

барчасп: 

Вазъи имрўзаи ҳунарҳои мардумии ноҳияи Дарвоз

Одамоне, ки аз ҳунари муайяне бархурдоранд, дар ҳама давру замон дар ҷомеа эҳтироми хосса доштанду доранд. Моҳи октябри соли 2019 мо як гурўҳ кормандони Пажўҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии фарҳанг ва итттилоот ба ин ноҳия сафари хидматӣ доштем. Мақсади сафар ин гирдоварии мавод оид ба вазъи имрўзаи ҳунарҳои мардумӣ дар ин минтақа буд. Тўли рўзҳое, ки дар ин ноҳия сафари хидматӣ доштем, мушоҳида намудем, ки ҳунарҳои мардумӣ дар ҳолати рушд кардан қарор дорад. Ҳангоми вохурӣ бо ҳунармандону косибон муайян гардид, ки ҳунарҳои қадимаи тоҷикӣ то имрўз идома доранд, лекин ба навоварӣ дучор шудаанд.

барчасп: 

Сангреза ва ҳалвои сари шир

Кўҳистони Мастчоҳ яке аз ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ ба ҳисоб қаламрави онро саросар кўҳҳо фаро гирифтаанд. Иқлими ин минтақа нисбатан сардтар мебошад ва набототу ҳайвоноти он низ мутобиқ ба он мебошанд. Дар ин ноҳия зиёдтар картошка истеҳсол мекунанд, аз ин сабаб бештари таомҳои мардуми Матчоҳ бо иловаи картошка тайёр карда мешавад. Лекин ҳангоми экспедистия ва суҳбат бо занони ин ноҳия ба мо нақл карданд, ки таомҳои анъанавии қадима низ то ба имрўз маъмул мебошанд. Яке аз ин таомҳо аз насл ба насл ҳамчун мерос омадааст, сангреза мебошад. 

барчасп: 

Страницы