Бурак

Чи тавре, ки дар сарчашмаҳо омадааст мардуми тоҷик фарҳанги бою ғанӣ дорад. Тўли асрҳо бисёр ҷанбаҳои фарҳангӣ зери таъсири урфу одатҳои дигар қавмҳо ранги дигар гирифтаанд. Аммо тибқи мушоҳидаҳои ноҳияҳои дурдасти кишвар урфу одатҳо камтар зери таъсир мондаанд. Дар муқоиса бо дигар бахшҳои фарҳанг таомҳои миллӣ ва маҳаллӣ қариб ки шаклашонро иваз накардаанд

барчасп: 

ПОСИ ХОТИРА

Рўзи 9-уми сентябри соли 2020 баъд аз бемории начандон тўлонӣ, қалби сармуҳосиби Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бобоҷонов Маҳмуд аз тапидан боз монд.

барчасп: 

Тибқи супориши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон чопи китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров оғоз шуд

Тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 чопи китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров аз тарафи чопхонаи «Нашриёти муосир» оғоз шуда, нимаи дуюми моҳи сентябри соли равон тақсимоташ ба шаҳру ноҳияҳо шурӯъ мегардад.

Нашри китоби «Тоҷикон» ва дастрас кардани он ба ҳар як оилаи кишвар боз як иқдоми

ПАЁМИ ШОДБОШИИ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 29-умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори бисту нӯҳумин солгарди рӯйдоди бузурги таърихи навини кишварамон, яъне Рӯзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям ва ба ҳар як сокини мамлакат рӯзгори ободу осуда, саодати зиндагӣ ва барору комёбӣ орзу менамоям. Бисту нӯҳ сол муқаддам мардуми мо ба истиқлоли давлатӣ ноил гардиданд ва ба эъмори давлати миллии худ шурӯъ карданд.

Рушди фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол

Ба истиқболи 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бо иштироки васеи роҳбарият ва кормандони ПИТФИ, мизи мудаввар дар мавзўи “Рушди фарҳанги миллӣ дар даврони Истиқлолият”  баргузор гардид.

барчасп: 

Баргузории тренинги маҷозӣ оид ба фарҳанги ғайримоддӣ

Аз  24 то 28 августи соли 2020 тавассути Интернет семинар-тренинги минтақавии маҷозӣ барои коршиносони Осиёи Марказӣ  баргузор гашт. Дар он, асосан, мутахассисони мероси фарҳанги ғайримоддӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ  (Тоҷикистон, Ўзбекистон, Қирѓғизистон ва Қазоқистон) даъват шуда буданд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 нафар – Дилшод Раҳимӣ, директори Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот,

барчасп: 

Сабад (цамуг) ва истифодаи он дар Бартанг

Урфу одат ва анъанаи қадимаро метавон  яке аз нишонаҳои  фарҳанги мардум номид.  Нишонаҳои пайдоиши ҳар як ҳунар, урф ва одатҳои суннатӣ бештар дар миёни мардумони кўҳистон боқӣ мондааст. Ба андешаи мардумшиносон баъзе анъанаю русум дар аксари навоҳии дурдаст каму беш ба таври аслиашон нигаҳдорӣ шудаанд. Бо пайдо гардидани намунаҳои ҳунарҳои суннатӣ инсон ба таърихи хеш боз ҳам наздиктар мешавад.

барчасп: 

Чанд сухан перомуни ҳунарҳои анъанавии мардона дар кишвар (дар асоси маводи мардумшиносӣ аз Муъминобод, Дарвоз, Темурмалик, Мастчоҳи Кўҳӣ ва Хуросон)

Омўзиши вазъи фаъолияти шахсони ҳунарманд дар ин шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ барои эҳёву муаррифӣ намудани намунаҳои фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик ва рушди он мусоидат мекунад. Зеро ба ин восита мо метавонем ҳунармандони асилро, ки тўли солҳои зиёд дар як кунҷи деҳе ё шаҳраке бо ҳунари аҷдодии хеш машғуланд, муаррифӣ намоем ва аз боби фаъолият ва натиҷаи маҳсули дасти эшон чанд сухан гуфта бошем.

барчасп: 

Страницы