Бо кӯза ҳам мерақсанд?

Дар асри XX  ин рақс хеле паҳн шуда, ба санъати рақсии ҳаваскорӣ ва касбӣ роҳ ёфт. Устодони рақс  Ғ. Валаматзода, А. Исломова ва А. Протсенко дар намоиши ансамбли мусиқӣ – театрии «Лола» шакли коллективи «Рақс бо кўза» - ро  дар иҷрои гурўҳи духтарон ба саҳна гузоштаанд. Ин рақс дар асоси коркарди рақси анъанавии халқӣ, ҳаракатҳои рақсӣ ва лаҳзаҳои пантонимӣ офарида шудааст.

Рақс бо кўзаро дар Бадахшон мардон, дар Ғарм, Тавилдара, Кўлоб ва вилояти Суғд

барчасп: 

Таомҳои маҳаллии мардуми Шаҳристон ва Истаравшан

Шаҳристон ва Истаравшан минтақаҳое мебошанд, ки дар шимоли кишвар ҷой гирифтаанд. Чи тавре маълум аст, тарзи зисти зиндагонии мардум ва пухтани таомҳо аз иқлим вобастагӣ дорад.

Мисли мардуми дигар ноҳияҳои Тоҷикистон мардуми ин макон аз уҳдаи омода кардани ҳамаи таомҳои миллӣ ва маҳаллӣ ба хубӣ мебароянд, вале ҳар як минтақа таоми ба худ хосро дорост. Яъне вобаста ба шарту шароит ва дороӣ одамон таом омода менамоянд.

барчасп: 

Соли рушди деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ: ҚОШУҚБОЗӢ

Рақси қошуқбозӣ дар асри ХХ дар репертуари дастаҳои ҳаваскорони санъат хеле ривоҷ ёфта, қошуқро ҳамчун асбоби зарбӣ истифода бурдаанд. Ин рақсро то кунун дар барномаҳои консертии ансанблҳои рақсииЛола”, “Зебо”, “Ҷаҷоноро”, “Гулрез”, театри рақсии “Падида”, ансамбли фолклорӣ – этнографии “Ганҷина” ва театрҳои вилоятӣ мушоҳида кардан мумкин аст.

Рақси қошуқбозӣ, асосан, рақси занона мебошад, аммо дар Бадахшонон чеб-базай, ё

барчасп: 

Ҳунарҳои мардумӣ: Қурутпазӣ

Қурутпазӣ санъати хеле шавқовар буда, дар ҳамаи манотиқи кишвар дида мешавад. Қурут маҳсулоти қоқ ба ҳисоб рафта, аз он дигар навъи таомро низ омода мекунанд. Масалан, қурутоб яке аз таомҳое мебошад, ки бе қурут онро тасаввур кардан ғайримикон аст. Қурут маҳсулоти аввалиндараҷаи таоми қурутоб мебошад. Ба ғайр аз ин аз қурут атолаи бо қурут, умоч ва ғайраҳоро тайёр мекунанд. Инчунин худи қурутро метавонанд дар алоҳидагӣ истеъмол намоянд. Зеро он аз ҷиҳати витамин ғанӣ буда...

барчасп: 

Самад Ғанӣ: шоир, дромнавис, мутарҷим ва рӯзноманигор

Самад Ғанӣ

Аз таваллуди Самад Ғанӣ 111 сол ва аз вафоташ 45 сол сипарӣ шуд. Ҳамоно яке аз адибони дӯстдошта боқӣ мондааст. Дромнависи хубе буд, ҳаҷвнигори мушоҳидакор ва журналисти соҳибтаҷриба буд. Дар тарҷумаи осори адибони рус ҳам дасти расо дошт. Ёдаш ба хайр!

Самад Ғанӣ 2 ноябри соли 1908 дар шаҳри  Самарқанд ба ҷаҳон омадааст. Дар Дорулмуаллими Самарқанд, курси ходимони молияи  Тошканд, мактаби  ҳизбӣ ва курси

барчасп: 

Калтакбозӣ чист?

Калтакбозӣ як навъи рақси мардонаи ҷанговарони тоҷикӣ мебошад. Рақсро ду нафар мард ё гурўҳи мардон таҳти навозиши созҳои мусиқӣ иҷро мекунанд. Онҳо дар ин рақс хусусиятҳои мардонагӣ, чустию чолокиро ҳам дар рафти мусобиқа таҷассум мекунанд. Чўбҳои одии дарозиашон 60 см ва ғафсиашон 3 см ҳамчун сози мусиқӣ низ хидмат намуда, бо зарбу усул ҳамсадо мешаванд.

Иҷрокунандаҳо дутогӣ калтакҳои чўби дар даст гирифта, қатор истода мерақсанд...

барчасп: 

Оё кордбозӣ ҳам санъат аст?

Оре, санъат аст, санъати рақс ва аз санъатҳои қадимии мардуми тоҷик ба шумор меравад. Дар саҳнаи санъати касбӣ рақсиКордбозӣ – ро дар солҳои 30-40 асри ХХ раққоси мумтози тоҷик, Артисти Халқии Иттиҳоди Шўравӣ Ғаффор Валаматзода иҷро кардааст. Рақси ў ҳаракатҳои гуногуни кордбозиро дар бар гирифта, илова ба унсурҳои анъанавӣ баъзе навовариҳо дошт. Валаматзода бо ҷаҳиш ба саҳна ворид мешуд  ва чанд ҳаракати рақсии ҷанговаронро иҷро намуда, ду кордро аз рўймоли миён берун мекашид.

барчасп: 

Суратгарӣ чист ва суратгар кист?

Суратгарӣ, санъати рассомӣ, як навъи санъати тасвирӣ, ки тавассути рангҳо дар рўйи чизе асари бадеӣ меофаранд. Суратгарии тоҷик таърихи қадима дорад. Намунаҳои аввалини он (тасвири шикори ҳайвонот) дар Помири Шарқӣ вомехўранд (мағораи Шахта, давраи мезолит, ҳазораҳои 15-10 то милод, Кўртакка, асри биринҷӣ ва давраи неолит, ҳазораҳои 5-3 то милод).

Намунаҳои нисбатан  сода ва бо як ранг тасвиршудаи санъати рассомӣ дар ҷануби

барчасп: 

Страницы