Зару зевар ва ороишоти бонувони тоҷик

Аз даврони қадим занҳои тоҷик зебоипарасту хушсалиқа буданд. Ва онҳо ин хушсалиқагии худро тавассут ҳунарҳои волои худ дар ҳар давру замон мутобиқ кунонида, то ба даврони мо оварда расонидаанд.

Ороиши зару зевар аз қадимулайём дар либоси занонаи тоҷикӣ як бахши асосиро ташкил менамуд. Дар гузашта махсусан зару зевари ороишии занонро дар баробари ороишоти замонавӣ бо зару зевари қадима низ омезиши махсус дошт.

Нигоҳе ба бозтоби равобити фарҳангии Тоҷикистону Афғонистон дар матбуоти тоҷик

Дар мақола равишҳо ва роҳҳои ташаккул ва инкишофи робитаҳои фарҳангии
Тоҷикистону Афғонистон ва инъикоси онҳо дар матбуоти даврӣ таҳқиқ ва таҳлил
шуда, омилҳо ва равишҳои асосии равнақи ҳамкориҳои фарҳангии ин ду кишвар дар замони истиқлол муайян гардидааст. Муаллиф дар заминаи таъсир ва нуфӯзи омилҳои муҷовират, санахияти таърихӣ ва фарҳангӣ шаклгирӣ ва тавсеаёбии ҳамкориҳои судманди фарҳангиро миёни кишварҳои ҳамҷавор дар замони истиқлоли Тоҷикистон дар зминаи маводи матбуоти тоҷик таъйид намудааст.

барчасп: 

Баррасии рушди равобити фарҳангии Тоҷикистону Қазоқистон дар ҳамоиши Остона

Омӯзиш ва таблиғи фарҳанги муосири Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Чунин ном дошт маърӯзаи Шариф Комилзода –Директори Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми шаҳрвандии марказҳои илмӣ-фарҳангӣ бо иштироки намояндагони давлатҳои узви машварат оид ба ҳамкории муштарак ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (СВМДА) дар доираи Фестивали солонаи дӯстии халқи Қазоқистон “Фарҳанги ошкорбаёнӣ асоси сулҳ ва ризоят” .
Ин Ҳамоиш охири моҳи гузашта дар шаҳри Остона баргузор шуда буд.

Таърихи мусиқии касбӣ-композитории тоҷик

Таърихи мусиқии халқи тоҷик, давраҳои гуногуни пайдоиш ва ташаккулу такомули санъати мусиқӣ, жанру намудҳои гуногуни он, ҳаёту фаъолияти эҷодии олимону ҳунармандон, ҳофизону мутрибон, композиторон ва донандагони хуби фарҳанги мусиқии мардуми моро меомўзад. Бохабар будан аз гузаштаи фарҳанги халқи хеш, омўзиши таърихи бою рангини мусиқии мардуми тоҷик, донишҷўёнро бо давраҳои гуногуни инкишофи он шинос намуда, дар ташаккули ҷаҳонбиниву ахлоқ ва рушди маънавии онҳо саҳми назаррас мегузорад.

барчасп: 

ҶАШНИ ТИРГОН

Ҷашни Тиргон дар қатори Наврўзу Меҳргон ва Сада аз куҳантарин ҷашнҳои мардумони эронитабор ба шумор меравад. Ин ҷашн дар рўзи 13-уми моҳи тир, ки он рўзро низ тир меномиданд, баргузор мегашт. Чи тавре ки шоир Шамсии Фахрӣ навиштааст:
Ба рўзи тиру маҳи тир азми шодӣ кун,
Ки аз сипеҳр туро фатҳу нусрат омад тир.
Агар ҷашни Сада марбут ба зимистон бошад, Наврўз – иди баҳорӣ ва Меҳргон дар тирамоҳ ҷашн гирифта шавад, пас Тиргон ҷашни тобистонаи мардумони эронитабор буд

Интихоби арўс, хостгорӣ, фотиҳа – маросимҳои оғозу пайвастшавии оила

Дар бисёр маврид розигии духтардор сари вақт дода намешавад, зеро дар ҳолати зуд розӣ гардидани онҳо, гўё, қадри духтар паст мешуда бошад ва аз ҷониби дигар духтардор низ мехоҳад аз шахсият ва вазъи оилавии домодшаванда пурра огоҳ бошад. Аз ин рў, бо суханони махсуси таоруфӣ, ба монанди «Умед карда омадед, садқаи саратон, аммо аз мо калонтар бобою бибӣ, тағою амакошон ҳаст. Маслиҳати онҳоро гирифтан даркор» - гўён,  каме ба таъхир мегузоранд.

Страницы