Семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Ташаккули маводи ёрирасони таълимӣ-методӣ ва илмии мусиқии суннатии тоҷик”, бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар толори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Семинари илмӣ-амалӣ таҳти унвони  “Ташаккули маводи ёрирасони таълимӣ-методӣ ва илмии мусиқии суннатии тоҷик”, бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг ва устодону донишҷуёни муассисаҳои номбурда доир гардид. Инчунин директорони мактабҳои мусиқӣ, санъат ва расомии бархе аз шаҳру навоҳии кишвар ҳузур доштанд.

барчасп: 

Фалак дар Юнеско сабт шуд

Рӯзи 15 декабри соли 2021 дар Ҷаласаи 16-уми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ, ки дар шаҳри Парижи Фаронса баргузор шуд, номинатсияи “Фалак” мавриди баррасӣ қарор гирифта, расман ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО ворид гардид.

барчасп: 

Вазъи ҳунари оҳангарӣ дар кишвар

Оҳангарӣ яке аз ҳунарҳои суннатии тоҷикон мебошад ва аз қадимулайём халқи тоҷик ба маҳсулоти ин навъи ҳунармандӣ ниёз доранд. Зеро ҳаёти мардуми деҳотро бе асбобҳои бел, каланд, табар, теша, дос, болға, корд, гулмех, наъл ва ба ин монандро тасаввур кардан ғайриимкон аст. Метавон гуфт ки зиёда аз 100 номгӯи ашёҳо ва асбобҳо аз ҷониби оҳангарон омода карда мешавад.Шахсе, ки ин навъи ҳунарро ба худ касб намудааст, оҳангар мегӯянд.

барчасп: 

Парчам – рамзи худшиносии миллист

Рӯзи 23-юми ноябри соли 2021 дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ мизи мудаввар таҳти унвони «Парчам рамзи ҳувияти миллӣ ва ватандӯстӣ» баргузор гардид. Ҳамоиш таҳти раёсати директори муассиса, номзади илмҳои филологӣ Дилшод Раҳимӣ оғоз шуд.

барчасп: 

ПОСИ ХОТИРА

Рӯзи 17-уми ноябри соли 2021 баъд аз бемории начандон тӯлонӣ, қалби китобшинос, мудири шуъбаи фаъолияти китобдории Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, Каримов Маҳмадшариф Мусоевич дар синни 64 солагӣ аз тапидан боз монд.

барчасп: 

Рӯзи Президент ва шинохти арзишҳои миллӣ

Таҳти чунин унвон рӯзи 16 ноябри соли 2021 ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бо иштироки ходимони пажӯҳишгоҳ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма мизи мудаввар  баргузор гардид. Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии директори ПИТФИ номзади илмҳои филологӣ Д.Раҳимӣ оғоз гардид.

барчасп: 

НАҚШИ КОНСИТИТУТСИЯ ДАР ТАҲКИМИ СОҲАИ ФАРҲАНГ

Дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот рӯзи 5-уми ноябри соли 2021 мизи мудаввар дар мавзӯи «Нақши Конститутсия дар ташаккули низоми қонунгузории соҳаи фарҳанг» баргузор шуд. Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии муовини директори ПИТФИ номзади илмҳои педагогӣ Ш.Комилзода оғоз гардид.

барчасп: 

Страницы