ПОСИ ХОТИРА

Рӯзи 19-уми июни соли 2021 баъд аз бемории начандон тӯлонӣ, қалби муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳимзода Қурбоналӣ Бозор аз тапидан боз монд. Абдураҳимзода Қурбоналӣ Бозор 20 ноябри соли 1964 дар деҳаи Қуштеппаи ноҳияи Ленин (ҳоло ноҳияи Рӯдакӣ) ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёна соли 1982 ба факултаи китобдории Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дохил мешавад. Ӯ хатмкардаи факултаи китобдории Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ва ...

барчасп: 

Ба пешвози Рӯзи Ваҳдати миллӣ Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозанда

24 сол пеш дар шаҳри Маскав мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик, ки он 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав баъди 8 даври гуфушуниди (с.1994-1997) байни тоҷикон (байни Ҳукумати ҷумҳурӣ ва тарафи мухолифин), ба имзо расид.

барчасп: 

Таҷрибаҳои моҳидорӣ дар байни мардуми Мурғоб

Ноҳияи Мурғоб яке аз минтақаҳои баландтарини ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, зиндагии мардуми ин ноҳия нисбат ба дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар аз чанд ҷиҳат ба куллӣ фарқ мекунад. Дар натиҷаи экспедитсияи мардумшиносӣ хуб мушоҳида гардид, ки шароитҳои номуносиб дар ин минтақа таъсири худро расонидааст.

барчасп: 

Тобасанг ва тобасангтарошӣ

Истифодаи касбу ҳунар яке аз омилҳои рӯзгузаронии мардум ба шумор рафта,  дар гузашта ва имрӯз вобаста ба талабот маҳсулоти онҳо мавриди истифода қарор мегиранд. Дар иртибот ба давру замон, талабот ва шароити зисти мардум баъзе ҳунарҳо аз байн рафта, баъзеи онҳо ҳанӯз ҳам дар минтақаҳои кӯҳистон мушоҳида мешаванд.

барчасп: 

Нонпарсозӣ дар ноҳияи Панҷ

Имрӯзҳо бо пайдо гардидани техника ва технологияи муосир ҳанӯз ҳам мардум аз маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ дар кору зиндагии рӯзмарраи худ васеъ истифода мебаранд, ки омили асосии ин падида талабот ва ниёзи мардум мебошад. Барои мисол метавон гуфт ки касбу ҳунарҳои оҳангарӣ, табақтарошӣ, гаҳворасозӣ, сандуқсозӣ, бофандагӣ, созтарошӣ, танӯрсозӣ ва амсоли инҳо ҳанӯз ҳам фаъол буда, мардум аз маҳсулоти  сохтаи онҳо ба пуррагӣ истифода мекунанд. Ин омил метавонад барои...

барчасп: 

Дӯғкашӣ

Ҳунармандӣ бахши муҳими фаъолияти инсон дар ҳаёт ба ҳисоб меравад. Рӯзгор аз домани пурганҷи дасти ҳунарманд саршори рангорангӣ  мегардад. Ҳунар гавҳари гаронбаҳо аст, ки шахсро соҳибиззат намуда, шабеҳ ба дарахти серҳосиле мегардонад ва инсонҳо аз меваҳои он баҳравар мегарданд.  Дар шаҳру навоҳиҳои ҷумҳурӣ  як қатор одамон ба ҳунармандӣ сару кор дошта, зиндагии худро бештар бо ҳамин роҳ пеш мебаранд. Ҷанбаи даромади бошандагони деҳаҳо...

барчасп: 

Шарафи ватандорӣ

Рӯзи 7-уми майи соли 2021 дар маҷлисгоҳи Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ба муносибати 76-солагии рӯзи ғалаба музи мудаввар баргузор гардид. Ҳамоишро директори ПИТФИ номзади илмҳои филологӣ, Дилшод Раҳимӣ ҳусни оғоз бахшид. Зимни суханронии хеш ӯ таъкид намуд, ки ғалабаи ҶБВ на танҳо зафари мардуми рус, балки ғалабаи тамоми халқҳои собиқ иттиҳоди шӯравӣ аст. Аз ҷумла мардуми тоҷик дар ғалабаи ҶБВ бар фашизм хидматҳои арзанда кардаанд. Ҳазорҳо нафар фарзандони далеру шуҷои Ватан дар роҳи ин мубориза ҷони хешро...

барчасп: 

Страницы