Рўй овар бар китобу дониш…

Китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, махзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин, хосса ойи­наи ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст. Бо ҳамин далел шоири бузурги форсу тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ китобро «аниси кунҷи танҳоӣ»-ву «фvpўғи субҳи доноӣ» номидааст:

 

барчасп: 

Маҳфили адабӣ ба хотири гиромидошти Ҷалолиддини Балхӣ

6-уми апрели соли равон соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷ.Т. маҳфили «Гулбоғи адаб», таҳти унвони «Андешаҳои инсонпарваронаи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ», баргузор шуд. Дар маҳфил роҳбарият, ходимони илмии Пажӯҳишгоҳ ва ҳаводорону дилбохтагони каломи бадеъ аз дигар муассисаву корхонаҳои тобеи Вазорати фарҳанги Ҷ. Т ширкат варзиданд.

«Наврӯз – ҷашни навгонии одаму олам»

Дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот рӯзи 19-уми марти соли 2021 мизи мудаввар дар мавзӯи «Наврӯз – ҷашни навгонии одаму олам» баргузор гардид. Онро бо сухани ифтитоҳӣ директори ПИТФИ Дилшод Раҳимӣ оғоз карда, аҳли нишастро ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз шодбош гуфт.

Ҳамзамон Раҳимӣ Д. дар мавзӯи “Наврӯз – рамзи навгонӣ ва эътидол” сухан ронда, фикру мулоҳизаҳои хешро вобаста ба фалсафаи таҷлил, навгонӣ ва рамзҳои

Вазъ ва нозукиҳои ҳунари созтарошӣ

Мардуми тоҷик дар баробари ҳунарманд будан, нисбати санъату фарҳанг низ бетаваҷчуҳ нестанд. Аз қадимулайём бо садои асбобҳои гуногуни мусиқӣ, ки дастранҷи худи эшон аст, мерақсиданд, суруд замзама мекарданд ва орзуву ормон, дарду алами ғарибиву нобасомониҳои рӯзгорашонро бо асбоби сохтаашон ҷур намуда, месароиданд. Ба ин далел дар хонадони мардуми тоҷик намунаи ин ё он сози мусиқиро дучор омадан як чизи муқаррарӣ аст. Дар сохтани асбобҳои мусиқии халқӣ ҳам занон ва ҳам мардон ҷалб гардидаанд. Вале аз ҷониби занон танҳо ...

барчасп: 

Тавзеҳи бархе аз бозиҳои бачагона дар ноҳияи Панҷ

Тарбияи дурусти насли наврас дар шароити кунунӣ аз самтҳои муҳими давлат ба ҳисоб меравад. Пояи мустаҳками давлатдориро маҳз дар чеҳраи ҷавононибоору номус, меҳнатдӯсту қавиирода, зираку доно ва аз ҷиҳати ҷисмонӣобутобёфтаю солим пайдо кардан мумкин аст. Феълан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ғамхории давлат нисбати насли наврас ва дуруст ба камол расондани онҳо хуб ба роҳ монда шудааст. Пеш аз ҳама барои ҷисман обутоб ёфтан, солиму бардам нигоҳ доштан ва бамашғулиятҳои шавқовар ҷалб намудани кӯдакон корро аз оила ва боғчаю муасиссаҳои

Назаре ба таърихи Сирки тоҷик ва вазъи имрӯзаи он

Дар мақола роҷеъ ба таърихи пайдоиш ва фаъолияти Сирки давлатии Тоҷикистон дар замони Шӯравӣ ва даврони соҳибистиқлолӣ сухан меравад. Дар оғози мақола таърихи сирки тоҷик мухтасаран баррасӣ гардида, нақши муассири ин намуди санъат дар тарбияи ҳисси зебоипарастиву фарҳангдӯстии насли ҷавон ва боло бурдани маърифати ҷомеа нишон дода шудааст. Идомаи баҳси мақоларо масъалаҳои рушди санъати сирк дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар алоқамандӣ бо пешрафту тараққии соҳаҳои дигари ҳаёти ҷомеа...

“Паёми Пешвои миллат – роҳнамои аҳли фарҳанг”

Санаи 17-уми феврали соли равон бо ибтикори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот дар толори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Паёми Пешвои миллат роҳнамои аҳли фарҳанг” баргузор шуд.  Конференсия бо сухани ифтитоҳии муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ. Абдураҳимзода оғоз гардид. Ӯ дар суханрониаш қайд кард, ки дар Паёми имсола, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бузургдошти фарҳанги миллӣ, аз ҷумла...

барчасп: 

Назаре ба хӯрокҳои мардуми Панҷакент

Оши угрои қайладор яке, аз таомҳои маъмулии мардуми Панҷакент ба ҳисоб рафта, новобаста аз фасли сол ин таомро тез-тез омода мекунанд. Угрои қайладор таоми хеле серғизо буда, маҳз бо гӯшти қайла омода карда мешавад. Модарон ин таомро дар ҳама деҳаҳои шаҳри Панҷакент тайёр мекардаанд. Икромова Шарофат аз зумраи бонувони ҳунарманди панҷакентӣ буда, зимни мусоҳиба ӯ ба мо тарзи тайёр кардани оши угрои қайладорро нақл кард. «Агар барои як оилаи иборат аз  7-8, нафар ин навъи угроро пухтанӣ бошем, бояд миқдори маҳсулоти зарурӣ муайян карда шавад.

барчасп: 

Страницы