Табрикоти директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истиқлол ҳамчун падидаи иҷтимоию сиёсӣ неъматест, ки ба ҷумҳурии нозанинамон 30 сол қабл муяссар гашт. Истиқлол  – озодии инсон, озодии ҷамъият ва озодии миллат мебошад, ки пояҳои давлатдорӣ ва худшиносию худогоҳии миллиро устувор намуда, шуҳрати кишвари моро дар арасаи байналмиллалӣ боло бурд. Сӣ соли даврони соҳибистиқлолии мо, пешрафти сиёсати хориҷию дохилӣ, рушду нумӯи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ маҳз ба роҳбарии оқилона ва ғамхоронаи...

барчасп: 

Мукофоти давлатӣ муборак!

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Раҳимӣ  Дилшод Камолзода бо медали "Хизмати шоиста" сарфароз гардонида шуданд. Воқеан устод Раҳимӣ Дилшод шахсияти арзанда ва олими пуркор мебошанд, ки дар муаррифии фарҳанги миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ саҳми назаррас доранд.
 

барчасп: 

Бозии савории бузкашӣ бахше аз унсури мероси фарҳанги ғайримоддӣ

Мусобиқа ва бозиҳои варзишии анъанавӣ як бахши мероси фарҳанги ғайримоддӣ мебошанд, ки бештар дар байни насли ҷавон роиҷ ҳастанд.  Аз замонҳои пеш ҷавонписарони тоҷик бештар ба бозиҳое, ки мардонагӣ, шуҷоат ва матонатро тарбият мекунанд,  машғул мешуданд. Ба таври мисол навъҳои варзиши суннатии гуштингирӣ, бузкашӣ, аспдавонӣ, расанкашӣ, чавгонбозӣ, пиёдапойгаҳ ва монанди инҳо намудҳои варзиши писандидаи ҷавонон буда, то кунун маъмул мебошанд. Яке аз анвои варзиши суннатӣ бузкашӣ ба шумор меравад, ки одатан дар фаслҳои...

барчасп: 

ШИНОХТ ВА ЭЪТИРОФИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Дар вожаномаи Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ калимаи «Истиқлолият» ба маънои «мустақилӣ,  соҳибихтиёрӣ;  озодӣ  ва  комилҳуқуқии  кишвар  дар идораи сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии худ» тавсиф шудааст. Ба ин манзур «Истиқлолият» моҳияти дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани низоми давлатдории миллӣ ва роҳандозии мустақилонаи сиёсати иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангии мамлакатро ифода мекунад. Дар ин робита бештари масоили марбут ба истиқлолият ва истиқлолиятшиносӣ ифодаи расмии худро дар асару мақолаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайдо кардаанд.

барчасп: 

МАВҚЕЪИ ОБ ДАР ФАРҲАНГИ МАРДУМИ ТОҶИК

Дар фарҳанги мардуми тоҷик аз қадимулайём об мавқеи хоса дошта, ниёгони мо дар ҳама давру замон чун дигар унсурҳои муқаддас онро гиромӣ медоштанд. Табиист, ки ҳаёти инсонро бидуни об тасаввур кардан ғайриимкон аст. Бинобар ин ҳанӯз аз замонҳои қадим мардум кушиш ба харҷ медоданд, ки барои истиқомат бештар мавзеъҳои серобро интихоб намоянд.

барчасп: 

Ростгӯиву росткорӣ

«Мову шумо бояд наслҳои имрӯзу фардои миллатро аз ин мероси бузурги аҷдодӣ огоҳ созем, дар замири онҳо эҳсоси ифтихор аз давлатдорӣ, қадру қимати давлати мустақили миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, шинохтани қадри гузаштагони хирадманди худро тарбия намоем».

Эмомалӣ Раҳмон     

барчасп: 

САДОСТ, КИ ҶОВИДОНА МЕМОНАД…

             Рӯзи 29-уми июни соли 2021 дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот маҳфили рӯнамоии китоби «Ҳамсози дарё (ёдномаи олим ва сарояндаи маъруф Абӯбакр Зубайдӣ)» баргузор гардид. Маҳфилро директори Пажӯҳишгоҳ, номзади илмҳои филологӣ Дилшод Раҳимӣ ҳусни оғоз бахшид. Дар ин маҳфил меҳмонон аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва саъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода ва наздикону пайвандони марҳум Абӯбакр Зубайдӣ ҳузур доштанд.

Ситоиши Ваҳдат дар публитсистикаи Шералӣ Мӯсо

Пас аз  Созишномаи истиқрори сулҳ (1997) ҳукумати тозатаъсис ва камтиҷрабибаи мо, ки хатари нестшавӣ таҳдидаш мекард, рӯ ба пешравӣ ниҳод. Аз ҳамин вақт сар карда, дар адабиёти мо инъикосу тараннуми Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ мақоми хосае пайдо кард. Тӯли солҳои аввал мақсад аз инъикосу тараннуми ин дастовардҳо бедор кардани завқи эстетикии...

барчасп: 

Страницы