Як соли корҳои интишоротии Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот

Соли 2016 аз ҷониби олимони ПИТФИ Д. Раҳимов ва А. Аминов маводи эмпирикӣ ҷиҳати таҳияи номинатсияи “Чавгон” ҷамъоварӣ карда шуда, дар якҷоягӣ бо комиссияи корӣ матни номинатсия таҳия гардид. Ҳамзамон бо Комиссияи миллии кор бо ЮНЕСКО-и Тоҷикистон ходимони илмии ПИТФИ, саволнома ва ҳуҷҷатҳои зарурии чавгонбозиро таҳия карда, ба забони инглисӣ тарҷума намуда, ба Комиссияи миллии кор бо ЮНЕСКО фиристоданд.
Соли 2016 кормандони Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати

барчасп: 

Дар баёни пайдо шудани илми мусиқӣ ва одобу кайфияти хоси он

«Дар баёни пайдо шудани илми мусиқӣ ва одобу кайфияти хоси он», рисолаи мусиқиест, ки муаллифаш номаълум ва дар нимаи дуюми асри XYI ва ибтидои асри XYII дар шаҳри Исфаҳон ба забони форсии тоҷикӣ таълиф шудааст.
Рисола масъалаҳои муҳиму умдаи да 12 мақом ва таркиботи онҳоро дар бар гирифта, баъзе фасл ва мавзӯоти он аз рисолаҳоимусиқии дар Мовароуннаҳру Хуросон таълифёфта (Кавкабии Бухороӣ, Маҳмуди Мирзобой, Хоҷакалони Хуросонӣ ва дигарон) иқтибос шудааст.

барчасп: 

Донистаниҳо аз Дувоздаҳмақом

«ДУВОЗДАҲМАҚОМ», маҷмӯи мӯҳташами созию овозии силсилавии устодонаи мусиқии классикии тоҷик-форс, ки дар нимаи дуюми асри XII ва ибтидои асри XIII ташаккул ёфта, бо ин ном дар адабиёти хаттӣ собит шуда ва охири асри XYII маъмул гаштааст.
Дар адабиёти хаттии форсии тоҷикӣ номи мақом, шӯъба, гӯша ва таркибҳои созии Дувоздаҳмақом зикр ёфта («Луғати фурс», ашъори Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Низоми Ганҷавӣ, Манучеҳрӣ, Фаррухӣ ва дигарон), аммо дар шакли як маҷмӯи воҳиди силсилавии

барчасп: 

Аз гӯшвора ҳикоят кунем

ГӮШВОРА, гӯшвор, ҳалқа, ашёи зинати занона, ки ба гӯш меовезан. Гӯшвора аз замонҳои қадим байни мардуми машриқзамин, аз ҷумла тоҷикон маълум буд. Дар дахмаи Куркат (а-ҳои 1 – 7, ноҳияи Спитамени ҳозира) ба туфайли ҳафриётҳои археологӣ аввалин гӯшвораҳо (аз асрҳои 3 – 7) ёфт шуданд. Аз ҳафриёти Шаҳристон низ гӯшвораҳое ба даст омадаанд, ки ба асрҳои 12 – 13 мансубанд.
Гӯшвора одатан маҳсули кори заргарист. Гӯшвораҳои оддӣ аз 2 – 4 овеза (поя) иборатанд. Гӯшвораҳои қиматбаҳоро дар тӯю ид меовезанд

Графика чист?

ГРАФИКА (аз юнонии graphike ва grapho – менависам, нақш, расм мекашам), навъи санъати тасвирӣ, ки сиёҳқаламӣ ва асарҳои нафисаи чопӣ (ҳаккокӣ, литография ва ғ.)-ро дар бар гирифта, ба санъати расмкашӣ асос меёбад. Графика аввал ба маънои хат ва санъати хаттотӣ низ меомад.
Асоси санъати графика усули пйеса (моҳирона ба кор бурдани тобишҳои ранги сиёҳу сафед) аст. Аз ин рӯ дар графика, баръакси дигар навъҳои санъати тасвирӣ, хелҳои гуногуни ранг кам истифода мешавад.

Оши палав ҳам ҷаҳонӣ шуд

Оши палав расман ба феҳристи ЮНЕСКО ворид гардид.
Рӯзҳои  28 – уми ноябр- 2 – уми декабри соли равон дар пойтахти Эфиопия- шаҳри Аддис-Абеба ҷаласаи 11-уми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ баргузор шуд.
Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 бахшҳои «Оши палав ҳамчун хӯроки анъанавӣ ва фазои иҷтимоию фарҳангии он дар Тоҷикистон» ва «Наврӯз» барои сабт гардидан ба Феҳристи шаклии ЮНЕСКО оид ба фарҳанги ғайримоддӣ пешниҳод

«Парчами миллӣ-рамзи ҳувиятсози тоҷикон»

Чунин ном дошт ҳамоише, ки рӯзи  22-уми ноябри соли равон дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Чуноне аз ном аш пайдост, ин маҳфил ба Рӯзи парчами миллӣ, ки ҳар сол чун анъана 24-уми ноябр таҷлил мешавад, бахшида шуда буд.
Директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шариф Комилзода дар суханони муқаддамотии иброз дошт, ки  парчам аз замонҳои

барчасп: 

Ҳотам Ҳакимови 91-сола дар озмуни байналмилалии гуруғлисароии Туркманистон беҳтарин эълон шуд

Аз миёни намояндагони 13 кишвари олам, ки дар Фестивали байналмилалии гуруғлисароӣ ширкат доштанд, намояндаи Тоҷикистон Ҳотам Ҳакимов беҳтарин гуруғлисаро эълон шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ин Фестивали байналмилалӣ дар Туркманистон баргузор шудааст ва Ҳотам Ҳакимов бо ҳунари гуруғлисароии худ байни иштирокчиёни чорабинӣ беҳтарин дониста шуд.
Ҳотам Ҳакимов зодаи деҳаи Оби Ҳирфи ноҳияи Варзоб буда, 91 сол дорад.

барчасп: 

Страницы