«Саломатии ҳар кас дар дасти худи ўст»

Дар ин лаҳзаҳои ҳассос, ки тоҷикону тоҷикистониён чун дигар қавму миллатҳои маскуни  рўйи олам бо зукоми «Коронавирус» ё ба истилоҳи дигар «Ковид - 19» рў ба рў шудаанд ва ин вабои асрро бо сабру таҳаммул пушти сар мекунанд, суханронии пурмуҳтавои Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ айни муддао ва саривақтӣ буда, дар дили кулли ҳамватанон, шарораи умедро ба ояндаи равшану зиндагии пурсаодат меафрўзад. 

барчасп: 

Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад...

Таърих гувоҳ аст, ки мардуми тоҷик аз қадим дорои фарҳанги волою асил, маданияти баланд ва идроки хуби сиёсӣ будааст. Новобаста аз кучак будани сарзамин ва рў ба рў шудан бо муборизаҳои шадиди таърихӣ аз ҷониби душманонаш ҳамчун миллати соҳибтамаддун дар ягон давру замон мавқеи худро аз даст надодааст. Албатта дар такя ба донишу иродаи мардуми ватандўстамон итминони комил дорем, ки имрўз ва ҳатто дар оянда ҳам, ин миллат  бузургӣ ва устувории хешро аз даст нахоҳад дод.

барчасп: 

Муроҷиатномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми шарифи Тоҷикистон дар робита ба пешгирӣ аз коронавируси COVID–19

Халқи тоҷик табиатан соҳиби хиради азалӣ ва фарҳанги ҷаҳонгир буда, дар тўли таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи худ ба мушкилоти зиёде мувоҷеҳ гардида, фитрати азалии худро, ки бо сабру субот устувор аст, аз даст надодааст ва дар баробари ҳамагуна маҳрумиятҳо мондагору пирўз ва устувору побарҷо мондааст.

барчасп: 

Таомҳои анъанавии мардуми Дарвоз

Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон нисбати дигар манотиқи ҷумҳурӣ аз ҷиҳати иқлим сардтар мебошад. Аз ин ҷо маълум мегардад, ки фарҳангу маданияти ин мавзеъ нисбати дигар манотиқи кишвар то андозае тафовут дорад. Аз ҷониби дигар ҳар як минтақаро аз рўи анъанаву фарҳангаш таҳлилу баррасӣ менамоянд.

барчасп: 

Донишу малакаи занбўрпарварии Саидмуродов Баҳодур

Ҳунари занбўрпарварӣ дар қатори дигар касбу ҳунарҳои анъанавӣ дорои донишу таҷриба ва ҷузъиётҳои дигари фарҳангӣ мебошад. Он дар қатори ҳунарҳои кишоварзӣ ба монанди боғдорӣ, зироатпарварӣ, кирмакпарварӣ, чорводорӣ рушду инкишоф ёфтааст. Феълан ин ҳунар низ ҳамчун касабаи муқаддас дар доираи донишу фаҳмиш ва ҳатто ривоятҳои динӣ тараққӣ намуда истодааст.

барчасп: 

Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накӯном зист...

Рўзи 6 майи соли 2020 нависанда, адабиётшинос ва фарҳангшиноси тоҷик Ҳасани Муҳаммадӣ дар синни ҳаштодсолагӣ аз олам чашм пўшид. Яке аз шахсони соҳибмаърифате буд, ки дар риштаҳои адабиёт, фарҳангшиносӣ, рӯзноманигорӣ, омӯзгорӣ ва чанде дигар фаъолияти пурмаҳсул дошт. Ҳасани Муҳаммадӣ 30 октябри соли 1940 дар маҳаллаи Баландпояи шаҳристони Дарбанди ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё таваллуд ёфтааст.

барчасп: 

Вазъи имрўзаи ҳунарҳои мардумии ноҳияи Дарвоз

Одамоне, ки аз ҳунари муайяне бархурдоранд, дар ҳама давру замон дар ҷомеа эҳтироми хосса доштанду доранд. Моҳи октябри соли 2019 мо як гурўҳ кормандони Пажўҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии фарҳанг ва итттилоот ба ин ноҳия сафари хидматӣ доштем. Мақсади сафар ин гирдоварии мавод оид ба вазъи имрўзаи ҳунарҳои мардумӣ дар ин минтақа буд. Тўли рўзҳое, ки дар ин ноҳия сафари хидматӣ доштем, мушоҳида намудем, ки ҳунарҳои мардумӣ дар ҳолати рушд кардан қарор дорад. Ҳангоми вохурӣ бо ҳунармандону косибон муайян гардид, ки ҳунарҳои қадимаи тоҷикӣ то имрўз идома доранд, лекин ба навоварӣ дучор шудаанд.

барчасп: 

Рўзи «Шашмақом» муборак бод!

Дар санаи 12 майи соли 2000  бо ташаббуси фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба рушди минбаъдаи санъати иҷрогарии шашмақом дар Тоҷикистон» ба имзо расид, ки барои рушди санъати шашмақомхонӣ дар кишвар заминаи мусоид фароҳам овард. 12 майи соли равон ба қабули қарори мазкур 20 сол пур шуд.

барчасп: 

Страницы