Аз ҳашт муассиаи шаҳри Душанбе, ки номи “пойтахт” дар таркиб дошт, панҷтои он тағйири ном кард
Чоп шуд: 23/04/2017Шаҳрдорӣ тасмим гирифтааст, ки номҳои такрор дар муассисаҳои фарҳангиву маърифатӣ дар шаҳри Душанберо барҳам занад.
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори нави Душанбе бо судури чанд фармон номи боз чанд “Пойтахт”-ро иваз намуд. Бино ба иттилои сомонаи расми шаҳрдорӣ муассисаи давлатии «Боғи Пойтахт» ба «Боғи фарҳангию фароғатии «Хайём» номгузорӣ шудааст. Корхонаи воҳиди давлатии «Маҷмааи савдои Пойтахт-90» бошад номи
Ҷуроббофӣ дар Бадахшон
Чоп шуд: 20/04/2017Занони ҳунарманди халқӣ, ки табиатро хеле нозукона эҳсос мекунанд, дар нақшу нигори ҷуроб олами рангини атрофи худро ба таври хоса инъикос карда, хосият ва таассуроташонро дар он баён месозанд. Нақши ҷуробҳои ин минтақа аз минтақаҳои дигари кишвар тафовут доранд.
Ҳунари дастӣ яке аз намудҳои оммавӣ ва халқии санъат буда, аҳамияти он аз ҳеҷ кас пўшида нест. Ҳар як ашёи рўзгор талаботи эстетики одамонро баланд бардошта, ҳамчун василаи таъсири бадеӣ хидмат мекунад. Ҷуроббофӣ яке аз ҳунарҳои суннатии мардуми
Дар шаҳри Душанбе Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии “Парасту-2017” шуруъ шуд
Чоп шуд: 18/04/2017“Пизишки паррон”-и Молйер дар таҳияи Қурбони Собир ба Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии “Парасту-2017” ҳусни оғоз бахшид.
Субҳи имрӯз дар саҳни Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2017» ифтитоҳ шуд.
Шуруъи ин озмуни муҳими театрӣ тантанаи хоси идона дошт. Ширкаткунандагон ва меҳмонони Фестивалро бо садои дафу чанг, карнаю сурнай, доираву дутор истиқбол гирифтанд.
Назаре ба ҳунарҳои бонувон (Бахши охир)
Чоп шуд: 15/04/2017Болиштдўзӣ
Болишт ду хел, калону хурд мешавад. Болишти калон ҳаҷман 120х40 см буда, дар он гули калон ва баргу шохаҳо гул гулдўзӣ мешавад. Болишти хурд низ тақрибан 50х40 см буда, бо чор гули хурд ва баргҳои майда-майда оро дода мешавад.
Дар давоми сафар ба ноҳияи Ашт мо муваффақ шудем, ки бо ҳунармандони маҳаллӣ суҳбат намуда, оиди касбу ҳунарҳои миллӣ маълумотҳои муфид ба даст орем. Маюсуфова Норинисо (с/т.1955, ҷ.д.Шодоба, шаҳраки Гулшан), Масолиева
Мероси падар хоҳи илми падар омўз! Ё қиссаи созтароше, ки умрашро ба сохтани асбобҳои мусиқии миллӣ бахшидааст.
Чоп шуд: 12/04/2017Ҳақиқати ҳолро агар гирем дар асл чунин аст. Дар саросари кишвар мушоҳида кардам, ба ҷуз Саидисломи Устоғулом шахсе пайдо нашуд, ки дар сохтани асбобҳои мусиқӣ муваффақу дастболо бошад. Имрӯзҳо дар тамоми ансамблҳои давлатӣ, ҳамчунин навозандаҳое, ки дар барномаҳои мусиқии телевизион иштирок мекунанд, аз дуторҳои Саидисломи Устоғулом истифода мекунанд. Дуторҳое, ки ин шахс месозад, нуқсон надошта, ба мисли асбобҳои мусиқие, ки дар корхонаҳо тайёр карда мешаванд, сохта мешаванд
Афкори танқидии устод Айнӣ дар “Намунаи адабиёти тоҷик”
Чоп шуд: 12/04/2017Аз ин баёноти таҳқиқиии устод Айнӣ маълум мегардад, ки бо вуҷуди аҳаммияти таърихиву иҷтимоии “Бадоеъ-ул-вақоеъ” баёни бепардаи онро аз назокати адабӣ дур шудан медонад ва ин албатта таҳсин нест. Ҳамчунин маълум мешавад, ки хеле аз назариёти устод Айнӣ дар “Намуна” хислати барномавӣ доштааст. Чунончӣ баъдан мебинем ӯ китоби “Зайниддин Маҳмуди Восифӣ ва мухтасари “Бадоеъ-ул-вақоеъ”-и ӯ”-ро навишт.
Таҳия, танзим ва муаррифии осори адибон ва шарҳи ҳоли онҳо, ки аз ҷумла дар тазкира
Назаре ба ҳунарҳои бонувон (Бахши дуюм)
Чоп шуд: 10/04/2017Яке аз ҳунарҳое, ки дар чор ноҳия ба назар мерасид, рӯймолдӯзӣ мебошад. Рӯймолдӯзӣ ҳунари гулдӯзӣ кардани рӯймоли миёнбанд барои мардон аст. Рӯймоли мардона 3 намуд-бачагона(андозаи 60х60); муқаррарӣ (андозаи 100х100); калон (андозаи 120х120). Бештар руймоли мардонаро аз матои ласу сатин ва риштаҳои пахтагию абрешимӣ омода мекунанд. Ҳар як ҳунарманд мувофиқи завқи хеш маҳсулотро интихоб карда, рӯймолро гулдӯзӣ мекунад. Тарзи дӯхтани рӯймол чунин аст: пеш аз ҳама, атрофи матоъро дар андозаи муайян таҳ карда медӯзанд.
Даф: сайри таърихӣ ва намудҳои он
Чоп шуд: 07/04/2017Даф, сози мусиқии зарбӣ буда, бо шаклу андоза ва номҳои гуногун дар саросари олам маълуму машҳур буда, дар ҳама ҷо тавассути ангуштон ва кафи даст навохта мешавад. Даф асосан аз чанбар, пӯст, зангӯлаҳо, ҳалқаҳову шилшилаҳои филизӣ иборат буда, аслан панҷ навъ аст: Дафи зангӣ, маҳзар, мураббаъ, Дафи дурӯя ва дойра.
Чор навъи даф чанбараки мудаввар дошта, он аз чӯби тут, зардолу, чормағз ва баъзан аз чӯби яклухти ток сохта мешавад. Аслан чӯбҳои яклухти обутоб додашуда, вале
Страницы
- « первая
- ‹ предыдущая
- …
- 73
- 74
- 75
- 76
- 77
- 78
- 79
- 80
- 81
- …
- следующая ›
- последняя »