Арзишҳои фарҳанги миллиро чӣ гуна бояд таблиғ кард?

Роҷеъ ба истилоҳи фарҳанг шарҳу тафсир ва навиштаву асарҳои бешуморе вуҷуд доранд, ки рисолати онро аз равзанаҳои мухталиф шарҳ медиҳанд. Ин истилоҳро дар доираи як ифодаи маҳдуд баён кардан мушкил аст. Дар китоби «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» ин истилоҳ чунин шарҳ ёфтааст: «Маҷмӯи дастовардҳои инсоният дар соҳаи муносибатҳои истеҳсолӣ, ҷамъиятӣ ва ахлоқӣ; маданият…» [2, C.406]. Дар ин пажӯҳиш ин маънӣ муайянкунандаи самти андешаи мо қарор гирифтааст.
Шарҳи мазкур маҷмӯи талошу ҷустуҷӯҳои инсониятро дар партави калимаи фарҳанг

Аъло Аълоев: Доирадасте, ки касе бар пояи ӯ нарасид

Аъло АЪЛОЕВ   7-уми нобри соли 1932 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Аз ҷумлаи машҳуртарин ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистони замони Шӯравӣ буд. Дойрадасти моҳир ва касе бар пояи ӯ дойра назада, пажуҳишгарон ба санъати навозандагии ӯ баҳои баланд додаанд.
Артисти халқии РСС Тоҷикистон (1974). Дойранавозӣ ва мусиқиро аз падару модараш омӯхтааст. Хатмкардаи Омӯзишгоҳи мусиқии ҷумӯуриявии шаҳри Душанбе (1952) буд.
Фаъолияти кориашро солҳои 1946 – 56 аз Филармонияи давлатии Тоҷикистон...

барчасп: 

Сурнай – сози сурурбахш

Сурнай (сурной) яке аз созҳои анъанавии нафасии тоҷикон ва инчунин халқҳои дигари Шарқ мебошад, ки асосан дар ҷашну маъракаҳои хурсандӣ истифода мешавад.
Решашиносӣ
Сурной.  Нойи румӣ аст, ки сарно бошад. (“Бурҳони қотеъ”). Ва ин мухаффафи сурной аст, чӣ сур ба маънои  шодӣ аст. (Ғиёсу ул-луғот”). Ной, ки дар ҷашну сур навозанд, дар  асл сурной буда. (Рашидӣ).
Ошиқи майдону асбу пой на,

барчасп: 

Гуфторҳои таърихии радио ва ташаккули худшиносии миллӣ

(дар мисоли гуфторҳои адабӣ-таърихии Радиои «Тоҷикистон» солҳои 1980-1990)
Пахши гуфторҳои таърихӣдар баробари барномаҳои иттилоотӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва тафреҳӣҳамчун талаботи маънавии як қисми шунавандагон, барои комилтар кардани фазои маърифатӣ ва худшиносии миллии ҷомеа нақши созгор дорад. Омили муҳимми дигари мавҷудияти барномаҳои таърихии радио хоса дар  солҳои истиқлолият тасодуфӣ набуда, балки «амри ногузири даврони  соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст...

Тасвири анвои касбу ҳунар дар ашъори Сайидо

Аз асрҳои X-XI ба баъд бо таъсис ва нашъунамои шаҳрҳо дар Мовароуннаҳру Хуросон, вусъати ҳунармандӣ ва ба вуҷуд омадани касбу ҳунарҳои гуногун дар шаҳрҳо дар адабиёти форсу  тоҷик низ навъ ё жанри шеърие ба вуҷуд омад, ки мавзўи он тасвири аҳли ҳунар ва касбу кори онҳо, васф ё ҳаҷви табақаҳои муайяни шаҳр буда, унвони «Шаҳрошўб» ё «Шаҳрангез» - ро ба худ пайдо кард. Сабаби «Шаҳрошўб» хонда шудани чунин шеърҳо дар он буд, ки «мазмуну муҳтавояшон вирди забонҳо гардида, дар байни аҳолии шаҳр ошўбу овоза ва ҳангома ба вуҷуд меовард».

То нек надонӣ, ки сухан айни савоб аст...

Аввали урдибиҳштмоҳи ҳар сол (баробар ба 20 апрели соли масеҳӣ) Рӯзи бузургдошти паямбари шеъри форсӣ, орифу ҳакиму фарзонаи бузург – Афсаҳу-л-мутакаллимин Шайх Саъдийи Шерозист. Саъдӣ тахаллусаш аст ва ӯ Муслиҳуддин Абумуҳаммад Абдуллоҳ писари Мушаррафуддин Абуабдуллоҳ ибни Муслиҳ ибни Мушаррафи Шерозӣ, аз қабилайи Банӣ Саъд, аз наберагони Саъд ибни Уббодаи Хазраҷийи Ансорӣ, саҳобайи машҳур ба Саъди Ғаюр мебошад.
Пажуҳишгари тоҷик Обид Шакурзода ҳар гуна иртиботи тахаллуси Саъдиро ба Атобак

Ду сенария таҷлил аз 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ

Ҳар сол мардуми кишвар 9 сентябрро ҳамчун рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн мегиранд ва шоҳидем, ки ин рӯз ҳар сол аз соли пеш боҳашомату пурранг таҷлил мешавад.  Ҳар қадар ки шумораи ин санаи муҳимми таърихӣ афзун гардад, ҳамон қадар мазмуну моҳияташ амиқтар эҳсос мешавад.
Дар остонаи ин ҷашни мубораку фархунда, ҳар як шаҳрванди сарзамини офтобӣ дастовардҳои халқу ватанро пеши назар овардан мехоҳад. Бо ин мақсад саҳифаҳои китоби таърихи Бисту панҷсолагии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистонро варақ

барчасп: 

Беш аз 100 номгӯй китобҳои электрониии Пажуҳишгоҳ дар хидмати мардум

Пажуҳишгоҳи Фарҳанг ва иттилооти назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 100 матни китоби электрониро дар бойгонии худ дорад, ки хонандагон метавонанд барои ошноӣ бо онҳо ба Пажуҳишгоҳ ташриф биёранд. Аз ҷумлаи ин китобҳои нодир “Донишнноми Шашмақом”, ки соли 2009 интишор ёфтааст, ҳафт ҷилд “Энсиклопедияи советии тоҷик”, ки солҳои 1978 – 1988 чоп шудаанд, се ҷилди “Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик”, ки солҳои 1988-2004 аз чоп баромадаанд ва ғайра мебошанд. Ҳамчунин хонандагон метавонанд бо фарҳангномаҳои зиёд, китобҳои илмӣ оид ба

барчасп: 

Страницы