«ХОВАР»: Дар шаҳристони Ҳулбук маҳаллаи ҳунармандӣ ёфт шуд

Дар натиҷаи ковишҳои бостоншиносӣ аз шаҳристони Ҳулбуки ноҳияи Восеъ маҳаллаи ҳунармандӣ бо дӯконҳои он бозёфт гардиданд. Дар ин бора сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси  таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ ХОҶАЕВ  дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Зарангези ЛАТИФ иттилоъ дод.

Ба маълумоти ӯ, ковишҳои бостоншиносӣ дар ҳудуди шаҳристони Ҳулбук яке аз

барчасп: 

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»
эълон намудани солҳои 2019-2021

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади вусъат бахшидан ба рушди деҳот, соҳаи сайёҳӣ ва дастгирии ҳунарҳои мардумӣ, фармон медиҳам:
1. Солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шаванд.

Табрикоти телевизионӣ ба муносибати Соли нави мелодии 2019

31.12.2018 21:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2019 самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар фарди Ватан рӯзгори ободу осуда ва хушбахтиву иқболи нек орзу менамоям.

Озмуни «Китоби сол-2018» ҷамъбаст гардид

Дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2018» ҷамъбаст гардид. Бино ба гузориши АМИТ «Ховар» озмун бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти муҳтаво ва ороиши китобҳо баргузор карда шуд. Дар оғози барнома муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодулло Машраб ҳозиринро барои иштироки фаъолона дар озмун табрик намуда, иброз дошт, ки мақсад аз баргузории озмун дарёфти беҳтарин асарҳои бадеии муосири тоҷик

барчасп: 

Тибби халқӣ дар Тоҷикистон

Тибби халқӣ яке аз унсурҳои васеи мероси фарҳанги ғайримоддӣ ба шумор рафта, аз замонҳои қадим дар рўзгори мардуми тоҷик мавқеи муҳим дошт. Донишу таҷриба ва усулҳои мухтадифи табобат аз насл ба насл гузашта, бо мурури замон дар асоси кашфи ҳодисаҳои табиат ва анвои гулу гиёҳҳо навъу усулҳои нави муолиҷа ба вуҷуд омадаанд. Масалан, табобат бо усулҳои гиёҳдармонӣ, шикастабандӣ, лойдармонӣ, дуохонӣ, рўҳфурорӣ, мумиёдармонӣ, шулукдармонӣ, дилбардорӣ ва амсоли инҳо. Табибони мардумӣ асоси ҳама гуна

барчасп: 

Тақлиди ошпазӣ дар рақс

Дар рақси яккаи занона, ки дар базму маъракаҳои занонаи водии Кўлобу Рашт баргузор мегардад, дар он тарзи таҳия ва пухтани оши бурида таҷассум меёбад. Иҷрокунанда ба арзи шартӣ ашёи ошбурӣ: тахтаву тираки ошбурӣ, суфра, элак ва дегро тасвир мекунад. Ў бо куртаи дароз, дар сараш рўймоли калон партофта, нисфи поёнии рухсораашро бо нўги рўймол пинҳон медорад. Раққоса қадамҳои хурд-хурд гузошта, пои росташро мувофиқи зарби доира ба замин оҳиста-оҳиста мезанад.

барчасп: 

Масхара дар рақс

Мазмуни ин рақс мазҳакомез буда, дар он вохӯрии аспсавор дар роҳ бо як зани ношинос нишон дода шудааст. Аспаксавор бо аспи чубин аз ин тараф аз он тарафи зани ношинос  рақскунон чарх мезанад, ва кушиш мекунад, ки  рўйи занро бинад. Марди дуюме, ки нақши занро иҷро менамояд бо тамоми маҳорат рўйи худро бо рўймоли калон пинҳон карда, ба аспсавор нозу карашма мекунад ва баътар бо ў ба рақс медарояд.

барчасп: 

Страницы