Шинохти Нуруллоҳи Абдуллоҳ

Аз чеҳраҳои маҳбуб ва шинохтаи ҳунар дар кишвар аст. Замоне ҳар ҳафта ҳатман ӯро дар оинаи нилгун медидем, ки дар барномаи “Беғараз панд” саҳнаҳои ҷолиби тарбиявиро намоиш медод.  Ва мардум ба ҳарфаш ва ба насиҳатҳояш бовар мекунанд, чун аз сидқ сухан мекунад, ҳар саҳнаи пешниҳодиро шарҳи хубе медиҳад.

Аммо ӯ танҳо насиҳатгӯи саҳнаҳои “Беғараз панд” нест, балки ҳунармандест

барчасп: 

Ҳунари ҷомадўзи дар Истаравшан

Мардуми Истарвшан ҷомаро дар рўзҳои туй, маросими  аъзодорӣ ва дар хонаю кўча,  васеъ истифода мебаранд. Дар тани мардон ду навъи ҷома зиёдтар дида мешавад, ки якеро гадопўш ва дигареро шаҳпўш ном мебаранд, ҷомаи гадоӣ гуфта рангаш кабуди осмонӣ буда, аз сатин ва матоъи зира духта мешавад, дар даврони Иттиҳоди Шуравӣ ин намуди ҷомаи гадоиро дар фабрикаҳо истеҳсол менамуданд ва бо нархи арзон мефурўхтанд, инчунин ин намуди ҷомаро дар байни мардум то ҳол ҷомаи 5 сомона ном мебаранд.

барчасп: 

«Уфуқҳои Истиқлол»: китоби нави Пешвои миллат

Бо номи “Уфуқҳои Истиқлол китоби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нашр шуд. Дар сарсухан мехонем: “...вақте сухан аз Истиқлолияти давлатӣ меравад, он на санаи бори аввал соҳибдавлат шудани тоҷикон, балки санаи эҳёи Истиқлолияти давлати Тоҷикистон мебошад, яъне миллати куҳанбунёду соҳибдавлати тоҷик бори дигар соҳиби давлатдории миллии мустақили худ гардид. Ин аст, ки зимни андешаронӣ аз сарнавишти дирӯзу имрӯзи миллату давлати худ мо маҳз ибораи

барчасп: 

Анҷоми Конгресси байналмилалӣ дар Маскав

Ба ширкаткунандагони сюмин Конгресси байналмилалии Мероси ҷаҳонии кишварҳои ИДМ: мудирияти устувор ва ҳамкориҳои байнисарҳадӣ” филми мустанади Марҳабо ба Тоҷикистон» -ро намоиш доданд.  Ин Конгресс дар Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии мероси фарҳангӣ ва табии ба номи Д. С. Лихачеви Федератсияи Русия баргузор гардид.  Тоҷикистонро дар ин Конгресс Директори Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Шариф Комилзода намояндагӣ кард ва суханронӣ намуд.

барчасп: 

Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: Бешаи палангон

79 сол пеш барои ҳифзи  саривақтии бешазори табии соҳили дарёҳои Осиёи Миёна, ҳифзи ҳайвоноти камёбу нодир ва гузаронидани тадқиқоти илмӣ «Бешаи палангон» таъсис ёфт. Ин аввали моҳи ноябр буд, моҳе, ки табиат рӯ ба сардиҳои зимистон меовард. Ин ягона мамнўъгоҳ дар собиқ Иттиҳоди Шўравӣ буд, ки дар минтақаи туғайзор ҷойгир аст.

барчасп: 

Чанд сухан роҷеъ ба ширавории тоҷикон

Аз маъмултарин ҳунари ширинипазӣ дар байни халқи тоҷик аз замонҳои қадим пўхтани нишолло мебошад. Махсусан бо фаро расидани моҳи шарифи Рамазон талабот ба нишалло  бисёртар мегардад. Дар бозорҳои ҷумҳурӣ махсусан растаҳои ҳалвофурўшӣ ва нишалофурўшӣ таъсис дода мешавад, ки серодам ва серхаридор мегардад. Албатта, ин навъи шириниро дар тўю маъракаҳои сурурбахш ва баъзан дар маросимҳои азодорӣ рўи дастурхон мегузоранд.
Шираворпазӣ яке аз ҳунарҳои  аҷдодӣ  буда, он миёни мардуми тоҷик аз даврони қадим

барчасп: 

Шинохте аз Боқиева Муслима

Муслима Боқиева аз ҷумлаи ҳунармандони дӯстдоштанӣ буду ҳаст. Сабки нотакрори сурудани таронаҳои классикӣ дошт. Ду сол пеш тарки олам кард ва агар зинда мебуд, ин моҳ ба синни мубораки 85 медаромад. 

Боқиева Муслима 7 ноябри соли 1933 дар Бухоро ба дунё омадааст. Сарояндаи машҳури точик (сопранои лирикӣ), Артисти халқии ҶШС Точикистон (1971). Санъати сознавозӣ  ва сарояндагиро аз падараш – ҳофиз ва танбўрнавози машҳур Боқиев Солеҳ

барчасп: 

Ҳунари ТАНЎРСОЗӢ

Тарзи шинондан ва ба истифода додани танўр дар ҳавлиҳо нозукии махсус дорад. Аз хишт ё лой дуто деворчаи баландиашон 80-90 см, дарозиашон 1 м ва фосилаи байнашон 120 см сохта ба болояш тахта мегузоранд. Сипас ба болои тахтаҳо  хок рехта танўрро ба тарзи уфуқӣ рўи он хок мениҳанд. Одатан  рўйи танўр бояд ба самти қибла набошад, баръакс пушти танўрро ба тарафи қибла мегузоранд, ки нонпаз ҳангоми нончаспонӣ рўй ба қибла оварда, нон пазад.
Танўр оташдони нонпазӣ буда, аз гил сохта мешавад ва онро дар зери замин ба таври

барчасп: 

Страницы