Дутор, асбоби мусиқии халқӣ.Д. асбоби дутораи миллии тоҷикин буда, дар байни халқҳои осиёи Миёна ва Туркистони Шарқӣ паҳн гардидааст. Д. дар асоси асбоби мусиқии халқии дутора (думбура) ба вуҷуд омадааст. Пардаи Д.-ҳои аввалин чандин зиёд набуд. Ҳоло миқдори пардаи Д.то 12 ва аз он бештар аст. Д. ҳамчун асбоби мусиқии дўстдоштаи мардуми тоҷик, афғон, эрон, ўзбек, туркман, қароқалпоқ, уйғур шўҳрат дорад. Д. асосан аз чўби тут сохта мешавад.Баъзан чўби зардолу ва чормазро низ истифода мебаранд. Усули сохтанаш аз дигар асбобҳои мусиқӣ фарқ мекунад. Косаи Д.-ро (аксаран аз чуби зардолу) аз тахтачаҳои тунуки фурўхамидаи мусаттаҳ, ки бо ширеш ба якдигар пайваст мешаванд,месозанд. Дар натиҷа косаи мурўдшакли Д. ба вуҷуд меояд, ки тарқишҳои байни онҳоро бо тахтаи тунук (қабурға) ё дигар масолеҳ рўйпўш мекунанд. Баъзан қисми берунии косаро гулкори мекунанд. Гардани коса, ки маҷмўи тахтаҳоро ҳалқасон нигоҳ медорад, бо нақшҳои гуногуни зебо хотамкорӣ мешавад. Рўи косаро бо сарпўши тунуки аз чўби тут сохташуда мепўшанд.Ба гарданаи коса дастаи суфта часпонида мешавад,ки дорои булбулак(хараки хурд) ваду гўшаки чўбин мебошад. Булбулак аз чўби сахт ё устухон сохта шуда,барои нигоҳ доштани торҳои гушакҳо ва барои ҷўркунии онҳо хизмат мекунад. Дар қисми поёни коса,дар сарпўшак харак ҷойгир шудааст,ки торҳои аз торгир кашида шударо нигоҳ медорад. Дар банди даста пардаҳои абрешимин ё аз рўдаи бузу гўсфанд, ё аз пай тайёршударо мепечонанд(ҳоло ресмони шастро низ истифода мебаранд). Баъзан дастаро устухонбандиву садафкори намуда,бо пулакчаҳои ҷилодор оро медиҳанд.Ба сифати тор махсуси абрешим ва торҳои сунъии синтетики ғавсиашон 0,7-0,8 мм истифода мешаванд. Д. асбоби якканавозист. Овозаш мулоим ва форам буда, бо тембри нафису ширадораш фарқ мекунад. Бо сози кварта, квинта ва унисон ҷўр мешавад. Д. маҳорати баланди навозандагиро талаб намуда, бо захмаи нарангушт ё ангушти ишорат (дар ҳарду торҳо баробар) навохта мешад. Дар байни халқ «Муноҷот», «Сувора», «Ҷигарпора», «Дилхироҷ», «Танавор», «Роҳат», «Қуштор», «Сегоҳ», «Чоргоҳ», барин навоҳои Д. машҳуранд. Тоҳирҷон Давлатзода, Ҳоҷи Абдулазизи Самарқандӣ, Муҳаммадҷон Мўъминов, ва Ҳотам Пўлодов аз қабили дуториҳои мумтоз ба шумор мераванд. Ҳоло хелҳои гуногуни Д. сохта мешаванд, ки дар оркестор мавқеи намоён доранд.