Ёдгориҳои бостонии Вахш: АҶИНАТЕППА
Чоп шуд: 27/03/2019Номи асосии ин ёдгор аслан Аҷинатеппа нест ва ин унвон солҳои 40 ум асри ХХ дар натиҷаи боронҳо як ҷои тепа фурў рафта, сўрохе ба вуҷуд омадааст ва нафаре аз маҳалиён вориди сўрох шуда, бути якпаҳлу хобрафтаеро мебинад ва тарсон берун омада, дидаашро ба мардум нақл мекунад. Минбаъд маҳалиён онро макони ҷинҳо (махлуқи бадшаклу бадкирдори афсонавӣ) пиндошта Аҷинатеппаро номгузорӣ кардаанд. Ваҷҳи тасмияаш аз аҷина аст.