Ҳунаркада
МУЛОҲИЗАҲО ОИД БА ҲУНАРИ ЧАКАНДӮЗИИ МАРДУМИ НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН (дар мисоли чакандӯзи бомаҳорат Мирзоева Нигорбӣ)
Чоп шуд: 18/12/2024Ҳар як халқу миллат дорои тамаддун, урфу одат ва фарҳанги либоспушии хоси худ мебошад. Либосҳои миллии тоҷикон дар асл чакан, атлас, адрас, гулбаст, ҳали, карбос ва ғайраро дар бар мегиранд, ки муаррификунандаи фарҳанги миллии мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб мераванд. Яке аз либосҳои қадимии тоҷикон чакан аст, ки имрӯз ҳамчун намунаи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар қатори дигар арзишҳои фарҳангӣ ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО сабт гардидааст...
КУЛЧАИ ЧОЙӢ
Чоп шуд: 13/08/2024Фарҳанги дастурхондории мардуми тоҷикро бе нон тасаввур кардан имконнопазир аст. Зеро нон ғизои муҳим ва ҳаррӯзаи ҳар як хонаводаи мардуми тоҷик маҳсуб меёбад, ки он аз орди гандум, хамирмоя, об, намак ва баъзан шир таҳия шуда, дар танӯр, чакдон ё тафдон пухта мешавад. Нон дар фарҳанги мардуми тоҷик муқаддас ба шумор меравад ва хурду калон онро ниҳоят азиз медоранд.
Усули таҳияи қазӣ дар шаҳри Конибодом
Чоп шуд: 09/08/2024Донишу таҷрибаҳо оид ба таҳияи таом ва ҳар гуна ғизоҳо як ҷузъи фарҳанги мардуми тоҷик маҳсуб ёфта, пазандагон дар гузашта ва имрӯз барои болаззат ва хуштаъм гардидани ғизоҳо малакаву истеъдоди худро ба кор бурда, навъҳои зиёди хӯрокҳоро ба вуҷуд оварданд. Дар фарҳанги дастархондории тоҷикон баъд аз анвоъи нону таъом маҳсулоти гӯштӣ ҷои намоёнеро ишғол мекунад.
Оши бурида – таоми миллии тоҷикон
Чоп шуд: 13/03/2023Оши бурида аз ҷумлаи он таъомҳои миллии қадимаи халқи тоҷик мебошад, ки таърихи дерина дорад. истеъмоли оши бурида дар чаҳор фасли сол маъмул аст. Аммо, мардуми тоҷик оши буридаро бештар дар фасли баҳор ва тобистон истеъмол мекунанд. Чунки дар ин аём гиёҳҳои табиии барои оши бурида зарурӣ бисёр мерӯянд. Ин хӯрок асосан аз гиёҳҳо таркиб ёфта, ба худ хусусияти шифобахшӣ доранд, ки ба ҷисму рӯҳи инсон қувваву нерӯи тоза мебахшанд. Истеъмоли оши бурида бо навъҳои гуногуни гиёҳҳо лаззати нотакрореро пайдо мекунад...
ЗАРШӮӢ – ЯКЕ АЗ ПЕШАҲОИ СУННАТИИ ТОҶИКОН
Чоп шуд: 05/12/2022Халқи тоҷик аз қадимулайём мардуми ҳунарманд буда, тавассути касбу ҳунарашон маишати рӯзгорашонро таъмин менамуданд. Дар радифи касбу ҳунарҳои гуногун пешаи заршӯӣ яке аз пешаҳои сердаромад ва мушкил маҳсуб меёфт. Заршӯӣ шуғли бо тариқи дастӣ ба даст овардани тилло аз дарёҳо мебошад, ки миёни мардум онро тиллоковӣ ва ё тиллошӯӣ низ меноманд. Маъмулан, мавсими заршӯӣ моҳи март шурӯъ шуда, то моҳи октябр идома меёбад...
Пешаи оҳангарӣ
Чоп шуд: 30/11/2022Оҳангарӣ яке аз ҳунарҳои қадимаи тоҷикон мебошад. Аз қадимулаём то ҳол аҷдодони мо ба маҳсули дасти ҳунармандон ниёз доранд. Мардуми деҳот аз оҳангарҳо асбобу сукунати хоҷагидорӣ - бел, кедман каҷбел теша табар болға амбур корд ва дигар асбобҳои ороишӣ мехаранд. Оҳангарӣ дар замонҳои қадим ба вуҷуд омадааст...
Ярма- хӯроки наврӯзӣ ва «борони раҳмат»-и деҳаи Каздон
Чоп шуд: 20/07/2022Мардуми деҳаи зебоманзари Каздон яке аз деҳаҳои куҳанбунёд ва таърихи қадимӣ доштаи ноҳияи Айнии вилояти Суғд мебошад, ки урфу одатҳои қадимӣ ва расму оинҳои аҷдодии мо то ҳанӯз дар ин деҳа мустақару пойдоранд. Ҳар як хӯроки пухтаи бонувон ва ошпазҳои маъруфи ин деҳ ба худ таърих ва ривоятеро дорад, ки решаи онҳо аз умқи таърих ва фарҳангу тамаддуни ориё об мехӯрад.
Страницы
- 1
- 2
- 3
- 4
- 5
- 6
- 7
- 8
- 9
- …
- следующая ›
- последняя »