Ҳунаркада

Ҷойгоҳи дарахт ва меваи тут дар рўзгори мардуми Рўшон

Тут яке аз бебаҳотарин меваҳои  табиат аст, ки  аз дарахт, барг ва меваи он мардум васеъ истифода мебаранд. Тут дарахти хазонрез буда, дар ҷумҳурӣ ду намуди он: тути сафед ва сиёҳ бештар маъмуланд. Шакли баргҳои тут гуногун буда, ҳар ду намуди он то 200-300 сол  умр мебинад. Меваи дарахти тут дарозрўя ва монанд ба «гушворак» аст. Тут аслан ба гурўҳи дарахтолни сертухм ва сершира шомил мешавад.

барчасп: 

Таомҳои анъанавии мардуми Дарвоз

Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон нисбати дигар манотиқи ҷумҳурӣ аз ҷиҳати иқлим сардтар мебошад. Аз ин ҷо маълум мегардад, ки фарҳангу маданияти ин мавзеъ нисбати дигар манотиқи кишвар то андозае тафовут дорад. Аз ҷониби дигар ҳар як минтақаро аз рўи анъанаву фарҳангаш таҳлилу баррасӣ менамоянд.

барчасп: 

Донишу малакаи занбўрпарварии Саидмуродов Баҳодур

Ҳунари занбўрпарварӣ дар қатори дигар касбу ҳунарҳои анъанавӣ дорои донишу таҷриба ва ҷузъиётҳои дигари фарҳангӣ мебошад. Он дар қатори ҳунарҳои кишоварзӣ ба монанди боғдорӣ, зироатпарварӣ, кирмакпарварӣ, чорводорӣ рушду инкишоф ёфтааст. Феълан ин ҳунар низ ҳамчун касабаи муқаддас дар доираи донишу фаҳмиш ва ҳатто ривоятҳои динӣ тараққӣ намуда истодааст.

барчасп: 

Вазъи имрўзаи ҳунарҳои мардумии ноҳияи Дарвоз

Одамоне, ки аз ҳунари муайяне бархурдоранд, дар ҳама давру замон дар ҷомеа эҳтироми хосса доштанду доранд. Моҳи октябри соли 2019 мо як гурўҳ кормандони Пажўҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии фарҳанг ва итттилоот ба ин ноҳия сафари хидматӣ доштем. Мақсади сафар ин гирдоварии мавод оид ба вазъи имрўзаи ҳунарҳои мардумӣ дар ин минтақа буд. Тўли рўзҳое, ки дар ин ноҳия сафари хидматӣ доштем, мушоҳида намудем, ки ҳунарҳои мардумӣ дар ҳолати рушд кардан қарор дорад. Ҳангоми вохурӣ бо ҳунармандону косибон муайян гардид, ки ҳунарҳои қадимаи тоҷикӣ то имрўз идома доранд, лекин ба навоварӣ дучор шудаанд.

барчасп: 

Сангреза ва ҳалвои сари шир

Кўҳистони Мастчоҳ яке аз ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ ба ҳисоб қаламрави онро саросар кўҳҳо фаро гирифтаанд. Иқлими ин минтақа нисбатан сардтар мебошад ва набототу ҳайвоноти он низ мутобиқ ба он мебошанд. Дар ин ноҳия зиёдтар картошка истеҳсол мекунанд, аз ин сабаб бештари таомҳои мардуми Матчоҳ бо иловаи картошка тайёр карда мешавад. Лекин ҳангоми экспедистия ва суҳбат бо занони ин ноҳия ба мо нақл карданд, ки таомҳои анъанавии қадима низ то ба имрўз маъмул мебошанд. Яке аз ин таомҳо аз насл ба насл ҳамчун мерос омадааст, сангреза мебошад. 

барчасп: 

Докаи туркаш

Ҳунарҳои мардумӣ дар ибтидо аз хоҷагидории табиӣ оғоз шудааст, ки талаботи мардумро аз руйи шароитҳо, ҷойи зист ва иқлими истиқоматкунанда муайян мекардааст. Аз давраҳои ҳанўз падаршоҳӣ касбу кори одамон ба шохаҳои гуногун тақсим шуда, ҳар кадоми онҳо яке аз он намудҳои ашёи рўзгорро истеҳсол мекарданд. Бинобар ин дар ҷомеаи падаршоҳӣ аҳли як оила бо тайёр кардани ашёҳои гуногуни рўзгор, пояфзол, либос, осиёби дастӣ, шолчабофӣ, алочабофӣ,

барчасп: 

Таҷрибаҳои боғдории мардуми Рашт

Боғдорӣ яке аз пешаҳои қадимаи мардуми тоҷик ба шумор меравад. Он дар «Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ» (нашри 2018) дар бахши касбу ҳунарҳои мардумӣ, таҳти рақами Е029 ба қайд гирифта шудааст.  Махсусан барои мардуми кўҳистон ин касб василаи асосии рўзгузаронӣ мебошад.

барчасп: 

Таомҳои маҳаллии мардуми Айнӣ

Ноҳияи Айнӣ яке аз ноҳияҳои кўҳистон ба шумор рафта, фарҳанги қадима дорад. Агар чи ин ноҳияи дурдасти кўҳистон ба ҳисоб равад ҳам, мардумаш бофарҳанг буда, бо замона низ ҳамқадам мебошад. Аз ҷумла ҳунари дастии мардона ва занона дар ин гўшаи Ватан хеле рушд ёфтааст. Чизе, ки дар ин ноҳия диққати моро ҷалб намуд ин марказҳои ҳунармандӣ буд, ки хеле хуб ба чашм мерасид.

барчасп: 

Страницы