Сангреза ва ҳалвои сари шир

Кўҳистони Мастчоҳ яке аз ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ ба ҳисоб қаламрави онро саросар кўҳҳо фаро гирифтаанд. Иқлими ин минтақа нисбатан сардтар мебошад ва набототу ҳайвоноти он низ мутобиқ ба он мебошанд. Дар ин ноҳия зиёдтар картошка истеҳсол мекунанд, аз ин сабаб бештари таомҳои мардуми Матчоҳ бо иловаи картошка тайёр карда мешавад. Лекин ҳангоми экспедистия ва суҳбат бо занони ин ноҳия ба мо нақл карданд, ки таомҳои анъанавии қадима низ то ба имрўз маъмул мебошанд. Яке аз ин таомҳо аз насл ба насл ҳамчун мерос омадааст, сангреза мебошад.         

Сангреза як навъи таоми  шабеҳи оши угро буда, аз зуволаи бурида ва зирбак омода мегардад. Дар Кўҳистони Мастчоҳ пухтани ин таомро ба мо зани рўзгордида Садриддинова Ҳуринисо – сокини деҳаи Эсизи Поён нақл карда дод. Масолеҳи таркиби ин таом аз картошка, пиёз, сабзӣ, гўшт ва равған иборат аст. Дар дег равғанро мувофиқи маҳсулоти таом меандозанд. Ҳамаи ин маҳсулотҳоро чоркунҷа реза карда, дар равған бирён мекунанд. То сурх шудани зербак онро мекобанд, то таги дег начаспад.

Аз орду обу намак хамир мешўранд. Баъдан онро зувола гирифта муддати 10 дақиқа дам медиҳанд. Сипас онро тунук карда, чоркунҷа мебуранд. Чоркунҷаи хурд, ки мисли сангреза мешавад, аз ҳамин сабаб онро сангреза ном мебаранд. Дар дег об гирифта меҷўшонанд, зуволаҳои резакардаро меандозанд  ва як бор нағз меҷўшонанд, зувола мепазад. Сипас дар табақ онро бардошта зирбаки пухташударо ба болояш мерезанд.

Кабудиҳои тару тозаро шуста маҳин реза мекунанд. Ба болои таом онро тунук мерезанд. Ин таомро  бо чакка тановул мекунанд. Дар коса чаккаро бо об маҳлул гардонида ба болои табақ мерезанд. Ё ин, ки дар алоҳидагӣ дар коса чаккаро мегиранд. Ин таом миёни мардуми Кўҳистони Мастчоҳ маъмулу машҳур буда, аз ҷониби бонувон тез-тез омода карда мешавад. Инчунин ин таом серғизо ба ҳисоб рафта, дар фасли сармо тановули он муфид аст. Тибқи гуфтаҳои Садриддинова Ҳуринисо, ҳавои ин ноҳия дар фасли сармо нисбатан сард аст, барои ҳамин занон кўшиш мекунанд таоми серғизо омода кунанд.

Инчунин дар Кўҳистони Мастчоҳ бонувон якчанд навъҳои ҳалворо мепазанд, ки диққати касро бо намуди зебо ва таъми лазизаш ҷалб мекунанд. Инҷо мехоҳем, дар бораи ҳалвои сари шир маълумот диҳем, ки онро аз сокини деҳаи Лангари ноҳияи мазкур Холова Саодатмоҳ навиштем. Ҳалвои сари шир яке аз ҳалвоҳое мебошад, ки дар идҳои Рамазон ва Қурбон аз ҷониби бонувони ҳунарманд омода карда мешавад. Ҳалвои сари ширро аз як пиёла равған, як коса шакар, як коса қаймоқ ва як коса орд таҳия мекунанд. Қаймоқе, ки дар ин он истифода бурда мешавад, хонагӣ мебошад. Вале, агар кадбону қаймоқи хонагӣ надошта бошад, метавонад аз қаймоқи мағоза истифода барад. Бо қаймоқе, ки аз шири чорвои хонагӣ истеҳсол карда мешавад, ҳалво хубтар мебарояд. 

Як пиёла равғани растаниро дар дег тасфонида, як коса шакарро бирён мекунанд. Шакарро дар равған чунон бирён мекунанд, ки насўзад. Ҳалворо бо кафгир тез-тез кофтан мегиранд, ки ба якдигар начаспад. Шакар  моддаи сахт аст, метавонад бисўзад, ё бичаспад. Аз ҳамин лиҳоз кадбону бояд бодиққат бошад. Шакар ҳангоми муътадил бирён шуданаш сурхранг мешавад. Баъд аз сурх шудани шакар ба он як коса қаймоқ рехта, боз ҳам оҳиста кофта меистанд. Қаймоқ, ки маҳлул гашт, як коса ордро омехта мекунанд. Сипас муддати ним соат бирён мекунанд. Ҳалво, ки пухт ранги дигар мегирад. Баъд аз пухтани ҳалво онро дар табақи чинӣ мебардоранд. Дар ҳолати гарм буданаш онро бо қошуқ тунук мекунанд. Агар кадбонуи хоҳад, метавонад бо қошуқ гул монад.

Ҳамин тариқ, ҳалвои сари шир яке аз ҳалвоҳои бо лаззату серғизо мебошад. Пазандаи ин ҳалво Холова Саодатмоҳ ба мо нақл кард, ки субҳгоҳон ў барои фарзандонаш аз ин ҳалво мепазад. Ин ҳалво ҳамчун хўроки субҳона ба ҳисоб рафта, дар тўю маъракаҳо низ модарон онро мепазанд.

Хулоса таомҳои мардуми тоҷик рангоранганд. Алалхусус  ноҳияҳои дурдасти Тоҷикистон урфу одатҳои пештараро нигоҳ дошта аз маҳсулотҳои ҳозиразамон камтар истифода мебаранд.

Шоира  Бердиева

Ходими калони илмии

 Пажўҳишгоҳи илмӣ –

 тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот

барчасп: