О И Н Н О М А И
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «ПАЖӮҲИШГОҲИ
ИЛМӣ ТАДҚИҚОТИИ ФАРҲАНГ ВА ИТТИЛООТ»
І. Муқаррароти умумӣ
1.1. Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмӣ тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот” – и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08.04.1997, таҳти № 2/22 таъсис дода шудааст. Мувофиқи қисми 1 Кодекси Граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 марти соли 2000 аз нав ба қайд гирифта шуд.
- Мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28. 12. 06, № 604 дар бораи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон “Пажӯҳишгоҳи илмӣ тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот” (минбаъд Пажӯҳишгоҳ) муассисаи системаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, инчунин ба Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-тадқиқотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мебошад.
1.2. Шакли ташкилӣ-ҳуқуқии Пажӯҳишгоҳ дар асоси талаботи моддаи 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муассиса муайян карда шудааст.
1.3. Фаъолияти Пажӯҳишгоҳ дар асоси нақшаҳои солона ва дурнамои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ки аз ҷониби ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд, ба амал бароварда мешавад.