Activities calendar

14 мая 2020

Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накӯном зист...

Рўзи 6 майи соли 2020 нависанда, адабиётшинос ва фарҳангшиноси тоҷик Ҳасани Муҳаммадӣ дар синни ҳаштодсолагӣ аз олам чашм пўшид. Яке аз шахсони соҳибмаърифате буд, ки дар риштаҳои адабиёт, фарҳангшиносӣ, рӯзноманигорӣ, омӯзгорӣ ва чанде дигар фаъолияти пурмаҳсул дошт. Ҳасани Муҳаммадӣ 30 октябри соли 1940 дар маҳаллаи Баландпояи шаҳристони Дарбанди ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё таваллуд ёфтааст.

барчасп: 

Вазъи имрўзаи ҳунарҳои мардумии ноҳияи Дарвоз

Одамоне, ки аз ҳунари муайяне бархурдоранд, дар ҳама давру замон дар ҷомеа эҳтироми хосса доштанду доранд. Моҳи октябри соли 2019 мо як гурўҳ кормандони Пажўҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии фарҳанг ва итттилоот ба ин ноҳия сафари хидматӣ доштем. Мақсади сафар ин гирдоварии мавод оид ба вазъи имрўзаи ҳунарҳои мардумӣ дар ин минтақа буд. Тўли рўзҳое, ки дар ин ноҳия сафари хидматӣ доштем, мушоҳида намудем, ки ҳунарҳои мардумӣ дар ҳолати рушд кардан қарор дорад. Ҳангоми вохурӣ бо ҳунармандону косибон муайян гардид, ки ҳунарҳои қадимаи тоҷикӣ то имрўз идома доранд, лекин ба навоварӣ дучор шудаанд.

барчасп: