Рўзи 6 майи соли 2020 нависанда, адабиётшинос ва фарҳангшиноси тоҷик Ҳасани Муҳаммадӣ дар синни ҳаштодсолагӣ аз олам чашм пўшид. Яке аз шахсони соҳибмаърифате буд, ки дар риштаҳои адабиёт, фарҳангшиносӣ, рӯзноманигорӣ, омӯзгорӣ ва чанде дигар фаъолияти пурмаҳсул дошт. Ҳасани Муҳаммадӣ 30 октябри соли 1940 дар маҳаллаи Баландпояи шаҳристони Дарбанди ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё таваллуд ёфтааст. Соли 1964 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқандро бо дипломи сурх хатм карда, баъди хидмати яксола дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шуравӣ ба Душанбе омада, дар кафедраи адабиёти тоҷики Донишкадаи омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко, кафедраи забонҳои Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур фаъолият бурдааст. Солҳои 1981-1991 дар ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» ба ҳайси ходими калони адабӣ, мудири шуъбаи тақризу китобиёт, аз охири соли 1994 то соли 2003 дар Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ дар вазифаҳои ходими пешбар ва сармуҳаррири Сарраёсати санъат кор кардааст. Солҳои 2003-2006 сармутахассиси Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ будааст. Аз моҳи майи 2006 то соли 2019 дар вазифаи ходими пешбари илмии Пажӯҳишгоҳи фарҳангу иттилооти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ кор кардааст.. Тақризу мақолаҳояш аз нимаи дувуми солҳои шастуми садаи бист дар матбуоти даврӣ ба табъ мерасанд.То имрӯз бештар аз панҷоҳ тақриз ба табъ расондааст, ки муаллифашонро ба хонандагону адабиётшиносон ҳамчун мунаққиди ҷӯяндаву навовар муаррифӣ намудаанд. Чеҳраҳои эҷодии донишмандони тоҷик Шарифҷон Ҳусейнзода, Воҳид Асрорӣ, Раззоқ Ғаффоров, Камол Айнӣ ва ғ-ро моҳирона рӯи коғаз овардааст. Шохаи дигари фаъолияти адабётшиносии Ҳасани Муҳаммадӣ таҳқиқи масоили равобити адабӣ буда, ба туфайли навиштаҳои ӯ хонандагон тоҷик бо ҳаёт ва эҷодиёти адибони бузурги ҷаҳон, аз ҷумла К.Чуковский, А. Твардовский, А.Гайдар, П. Неруда, Мӯсо Ҷалил ва ғ. ошнойии бештаре пайдо кардаанд. Оид ба хусусиятҳои жанрӣ ва бадеии достонҳои Мирзо Турсунзода чанд мақола ва ду монография («Достони фалсафӣ ё фалсафаи достон», «Салосат, фасоҳат ва балоғати сухан») таълиф кардааст. Аз охири солҳои ҳаштодум ба навиштани асарҳои мансур пардохтааст, ки силсилаи қиссаву ҳикояву таронаҳои «Дарёи ғазалхон», «Китоби зиндагӣ», «Гуфтугӯ бо фаришта», «Закоти ҳусн», «Ростоншоҳ» ва ғ. Намунаҳои онанд. Муаллифи маҷмӯаҳои «Қатраборон» (2000), «Афсонаи дил» (2002), «Гулбонги ошиқона» (2010), «Садои пойи борон» (2010), «Салосат, фасоҳат ва балоғати сухан» (2011), «Меҳргоннома» (2012), «Фишонд аз савсану гул симу зар бод…» (2012), «Наврӯзи ҷаҳонафрӯз» (ҳаммуаллиф, 2013), «Ҷон ба раҳи Ватан фидо ман мекунам, ки мекунад?» (2015), «Ин Ватан зинда дар ҷаҳон мебод» (2016), «Ваҳдатофарин» (2017) «Номаҳои меҳргонӣ» (2017) ва ғайра мебошад. Дар силсилаи эссеҳои ӯ чеҳраҳои як даста ҳунарвару фарҳангиёни кишвар ба қалами тасвир оварда шудаанд. Ду асари драмавии ӯ «Шербачаи зардгун» ва «Устои қулфи англисӣ» дар озмуни драманависони мамлакат баҳои хуб гирифта, аввалиро Театри ҷумҳуриявии лӯхтак саҳнагузорӣ кардааст. Ҳасани Муҳаммадӣ бахшида ба масъалаҳои гуногуни адабиёт ва фарҳангшиносӣ бештар аз сад мақолааш таълиф ва чоп кардааст. Шохаи дигари фаъолияти адабиётшиносии ў тадқиқи масоили равобити адабӣ буда, ба туфайли навиштаҳои ў хонандагони тоҷик бо ҳаёт ва эҷодиёти адибон К. Чуковский, А. Твардовский, А. Гайдар, П. Неруда, М. Ҷалил ошноии бештаре пайдо кардаанд. Ў аз соли 1996 узви Итифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Номи нек ва эҷодиёти рангини Ҳасани Муҳаммадӣ дар ёди дўстону наздикон ва шогирдон ҳамеша боқӣ хоҳад монд. Ёдат ба хайр ва маъвоят биҳишт бод!