Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад...
Чоп шуд: 20/05/2020Таърих гувоҳ аст, ки мардуми тоҷик аз қадим дорои фарҳанги волою асил, маданияти баланд ва идроки хуби сиёсӣ будааст. Новобаста аз кучак будани сарзамин ва рў ба рў шудан бо муборизаҳои шадиди таърихӣ аз ҷониби душманонаш ҳамчун миллати соҳибтамаддун дар ягон давру замон мавқеи худро аз даст надодааст. Албатта дар такя ба донишу иродаи мардуми ватандўстамон итминони комил дорем, ки имрўз ва ҳатто дар оянда ҳам, ин миллат бузургӣ ва устувории хешро аз даст нахоҳад дод.