Муроҷиатномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми шарифи Тоҷикистон дар робита ба пешгирӣ аз коронавируси COVID–19

Ҳамватанони азиз!

Халқи тоҷик табиатан соҳиби хиради азалӣ ва фарҳанги ҷаҳонгир буда, дар тўли таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи худ ба мушкилоти зиёде мувоҷеҳ гардида, фитрати азалии худро, ки бо сабру субот устувор аст, аз даст надодааст ва дар баробари ҳамагуна маҳрумиятҳо мондагору пирўз ва устувору побарҷо мондааст.

Коронавируси навъи COVID–19, ки тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст, ба Ватани азизи мо ҳам ворид гардид. Танҳо бо устуворию матонат ва иттиҳоду ҳамбастагӣ дар атрофи роҳбарияти кишвар ва хусусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо метавонем ба он музаффару пирўз гардем.

Бо арзи эҳтироми самимӣ аз Шумо ҳамватанони азиз – мардуми шарифи Тоҷикистон даъват ба амал меорем, ки дар раванди мубориза бар зидди ин бемории сироятӣ даст ба дасти ҳам ниҳода, ҷиҳати пурзўр намудани чораҳои пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус дар ҷумҳурӣ ва пайравӣ ба иқдомҳои хайрхоҳонаи Сарвари давлат мусоидат намоем. Тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъиян риоя намоем.

Аз ин нуқтаи назар, чӣ қадаре масофаи байни одамон зиёд бошад, ҳамон қадар хатари мубтало гардидан ба вируси сироятии COVID–19 кам мегардад. Бо маҳдуд кардани робитаҳои иҷтимоӣ мо метавонем захираҳои муассисаҳои тиббиро барои беморони вазнини сироятёфта сарфа намоем.

Ба ҳар гуна овозаю ҳангомаҳо дар атрофи ин беморӣ бовар накарда, ба тарсу воҳима дода нашавед, зеро тарсу воҳима ва таҳлукаю изтироб пайомадҳои манфии рўҳию равонӣ дошта, сабаби авҷ гирифтани бемориҳои дигар мегарданд. Имрўз хоинони миллат берун аз ватан овозаҳои зиёди бардурўғ паҳн менамоянд, ки мақсади ин овозаҳо на ғамхорӣ ба миллат, балки халал расондан ба кори давлат, воҳимаафканӣ ва ноором намудани авзои ҷомеа мебошад.

Дар ин рўзҳои ҳассосу душвор ҳар як фарди солимақлу боинсоф бояд ба ҷои иллатҷўию суханҳои зишт нисбат ба диёр ва ҳамватанони худ пайи ислоҳи нуқсонҳои ҷомеа бошад, барои фароҳам овардани фазои мусоид ва зиндагии шоиста, солимии ҷомеа ва пешгирии паҳншавии беморӣ саҳми арзандаи хешро гузорад.

Бояд мутмаин бошем, ки Худованд бо мост ва Пешвои муаззаму дардошнои мо чораҳои вогиру заруриро ҷиҳати пирўзӣ ба ин вабои аср меандешад ва дуогўи сиҳатмандии ҳар як шаҳрванди Ватани азизамон мебошад.

Аҳли фарҳанги кишвар дар ин рўзҳои ҳассос кўшиш менамояд, ки баҳри бартараф намудани ин вабои аср саҳмгузор бошад.

Итминони комил дорем, ки ин рўзҳои ҳассосу душворро бо сабру таҳаммул, якдиливу муттаҳидӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, меҳру муҳаббат ва дастгириву кумаки якдигар паси сар карда, кишвари азизамонро аз ин вабо раҳоӣ мебахшем.

Тани сиҳату хотири ҷамъи Шумо – ҳамватанони арҷманд орзуи ҳамешагии мост!

барчасп: