Сангреза ва ҳалвои сари шир
Чоп шуд: 12/05/2020Кўҳистони Мастчоҳ яке аз ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ ба ҳисоб қаламрави онро саросар кўҳҳо фаро гирифтаанд. Иқлими ин минтақа нисбатан сардтар мебошад ва набототу ҳайвоноти он низ мутобиқ ба он мебошанд. Дар ин ноҳия зиёдтар картошка истеҳсол мекунанд, аз ин сабаб бештари таомҳои мардуми Матчоҳ бо иловаи картошка тайёр карда мешавад. Лекин ҳангоми экспедистия ва суҳбат бо занони ин ноҳия ба мо нақл карданд, ки таомҳои анъанавии қадима низ то ба имрўз маъмул мебошанд. Яке аз ин таомҳо аз насл ба насл ҳамчун мерос омадааст, сангреза мебошад.