Рўзи «Шашмақом» муборак бод!
Чоп шуд: 13/05/2020Дар санаи 12 майи соли 2000 бо ташаббуси фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба рушди минбаъдаи санъати иҷрогарии шашмақом дар Тоҷикистон» ба имзо расид, ки барои рушди санъати шашмақомхонӣ дар кишвар заминаи мусоид фароҳам овард. 12 майи соли равон ба қабули қарори мазкур 20 сол пур шуд.