«Саломатии ҳар кас дар дасти худи ўст»
Чоп шуд: 22/05/2020Дар ин лаҳзаҳои ҳассос, ки тоҷикону тоҷикистониён чун дигар қавму миллатҳои маскуни рўйи олам бо зукоми «Коронавирус» ё ба истилоҳи дигар «Ковид - 19» рў ба рў шудаанд ва ин вабои асрро бо сабру таҳаммул пушти сар мекунанд, суханронии пурмуҳтавои Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ айни муддао ва саривақтӣ буда, дар дили кулли ҳамватанон, шарораи умедро ба ояндаи равшану зиндагии пурсаодат меафрўзад.