Дар ин лаҳзаҳои ҳассос, ки тоҷикону тоҷикистониён чун дигар қавму миллатҳои маскуни рўйи олам бо зукоми «Коронавирус» ё ба истилоҳи дигар «Ковид - 19» рў ба рў шудаанд ва ин вабои асрро бо сабру таҳаммул пушти сар мекунанд, суханронии пурмуҳтавои Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ айни муддао ва саривақтӣ буда, дар дили кулли ҳамватанон, шарораи умедро ба ояндаи равшану зиндагии пурсаодат меафрўзад.
Тавре Пешвои муаззами миллат дар матлаи суханронии хеш зикр мекунанд, «Мардуми куҳанбунёди тоҷик мисли Абўалӣ ибни Сино, Абўбакр Закариёи Розӣ садҳо донишмандонеро ба воя расонидаанд, ки осори онҳо то ба имрўз аҳамияти худро гум накарда, барои башарият ҳамчун раҳнамои тиббӣ хизмат менамоянд. Бахусус, хизмати Синои бузург дар ин ҷода беназир буда, вай дар замонаш на танҳо барои мардуми худ, балки ба аксари қавму қабилаҳо, сарфи назар аз дину мазҳаб ва ирқу нажод, дасти мадад дароз кардааст».
Яъне, агар мардуми куҳанбунёди тоҷик мардуми соҳибмаърифату фарҳангӣ намебуд, наметавонист бузургоне чун Ибни Синову Закариёи Розӣ ва садҳо нафари дигар аз аҳли илму адабро ба дунё биоварад ва дар густариши тамаддуни умумибашарӣ, бо осори бебаҳову мондагори эшон, саҳме босазову бузург гузорад. Аз ин лиҳоз, бо итминони комил метавон гуфт, ки дар ҳама давру замон ва дар ҳама мамолики рўйи ҷаҳон, раҳобахши абнои башар аз тамоми сахтиву мушкиливу маризиҳо илму фарҳанг будааст. Мо тоҷиконро, ки аҳли олам ба ҳайси як миллати бостониву фарҳангӣ шинохтаву эътироф кардааст, бар онем, ки бар ҳама мушкиливу маризӣ, минҷумла, вабои аср – «Коронавирус» пирўз хоҳем шуд.
Пешвои муаззами миллат дар идомаи суханронии хеш беҳуда ёдрас нашудаанд, ки: «Табиби ҳозиқ (Ибни Сино) дар вазнинтарин ҳолатҳо ба мардум муроҷиат карда, таъкид кардааст, ки: — «Воҳима худаш ними беморӣ аст, хотирҷамъӣ ними саломатӣ ва сабр бошад, саршавии шифо ҳаст». Чунин андешаҳои ў имрўз низ аз манфиат холӣ набуда, ҳамватанони азизи мо ва табибон метавонанд аз он истифода намоянд».
Ба андешаи ин ҷониб «Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ» ҳамчун барномаи амал барои солимгардонии ҳаёти ҷомеа ва дастури муфиду мушаххас барои рафъи душвориҳои ба бор овардаи Коронавирус маҳсуб меёбад. Дар ин суханронӣ оид ба роҳҳои пешгирӣ аз сироятёбӣ ба ин вирус, вазъи бемористонҳо, таъмини бемористонҳо бо доруворӣ ва таҷҳизоти замонавии тиббӣ, таъмини табибону ҳамшираҳои шафқат бо ниқобу либосҳои махсуси муҳофизат аз вирус ва маводҳои зиддивирусӣ, саривақт бистарӣ кардани беморон, пурзўр кардани фаъолияти табибони оилавӣ, кўмаки ҳамаҷониба расонидан ба беморону табибон ва дигар чораҳои зарурие, ки Ҳукумати Тоҷикистон имрўзҳо зидди ин вирус меандешад ва дар оянда хоҳад андешид, муфассал маълумот дода шудааст, ки воқеияти имрўзаи ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистонро бозгў мекунад.
Имрўзҳо перомуни Коронавирус ва сироятёбии мардуми ҷаҳон, аз ҷумла тоҷикистониён аз он, матолиби зиёде дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо мазмуну муҳтавои гуногун ба нашр мерасанд. Дар ин лаҳзаҳои ҳассос барои ҳар нафар аҳли қалам, новобаста аз он, ки дар куҷо кору рўзгор дорад, таълифу нашр кардани матолибе умедбахшу рўҳбаландкунада ҳам қарз асту ҳам фарз. Вақти он расидааст, ки на танҳо аҳли қалам, балки ҳар нафари мо бояд аз ҳамдигар лутфу меҳрубониро дареғ надорем, дилсўзу ғамхори ҳам бошем, бо сухану амали неки хеш ҳамдигарро рўҳбаланд кунем. Рисолати инсонӣ ҳам, дар ин рўзҳо, ҳамин аст.
Тавре мо ҳамагон огоҳем, ҳанўз дар ягон давлати дунё доруе, ки Коронавирусро аз байн барад, истеҳсол нашудааст. Аз ин рў, бояд ҳама ҷаҳду талошамонро ба хотири гирифтор нашудан ба ин маризӣ, равона кунем. Ин нукта борҳо дар суханрониҳои Пешвои муаззами миллат зикр шудааст: Ҳамчунин, андешаву тавсияҳои донишмандони соҳаи тиб дар ин бобат, пайваста аз тариқи ВАО, бавижа телевизион ва радио пешниҳоди мардум гардонида мешавад. Мақоли: «Саломатии ҳар кас дар дасти худи ўст» беҳуда пайдо нашудааст. Бо риояи қоидаҳои беҳдошт ва ба назари эътибор гирифтани маслиҳату тавсияҳои табибону донишмандони соҳаи тиб мо метавонем худу наздиконамонро аз мубтало шудан ба Коронавирус эҳтиёт кунем. Ин матлабро, дар замони хеш, Синои бузург низ ёдрас шуда буд, ки дар шеъри шоири хушқариҳаи мо Ато Мирхоҷа бозтоби худро ёфтааст:
Миллати моро бувад мушкилкушояш эҳтиёт,
Дард бе дармон агар бошад, давояш эҳтиёт.
Бар сари мо аз фалак омад балое, к-аз ҳарос
Худ Баҳовиддин кунад аз ин балояш эҳтиёт.
Бояд тазаккур дод, ки риояи қоидаҳои беҳдошт яке аз суннатҳои ҳамешагии миллати тоҷик аз замонҳои қадим будааст, ки ин ҳам нишоне аз фарҳангӣ будани ин миллат дар имтидоди таърихи башарият аст. Ба зоҳиру ботин покизаву озода будан худ як рукни фарҳанги миллии мост. Дар осори аҳли завқу назари дирўзу имрўзамон метавон ин маъниро зиёд дарёфт. Абулмаонӣ Мирзо Абдулқодири Бедил дар ин маврид накў фармудааст:
Ҳайрати мо аз дуруштиҳои вазъи олам аст,
Даҳр то кўҳсор шуд, оина меҷўшем мо.
Чун мо тоҷикон аз табори озодазодагонем, бар он боварем, ки бо дасту дилу нияти пок ва рўҳи шикастнопазир ҳар мушкилие, аз ҷумла Коронавирусро паси сар хоҳем кард. Танҳо сабру таҳаммул, ваҳдату ҳамдилӣ, эҳтиёткорӣ ва назари нек доштан ба оянда моро метавонад аз чанги ин вабои аср бираҳонад. Суханони зиндагисозу зиндагиафрўзи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавонанд равшангари дилу дунёи мо имрўзу фардо бошанд:
«Мо бояд ҳаргиз рўҳафтода нашавем ва кўшиш кунему бовар дошта бошем, ки бо талошу муборизаи муттаҳиду сарҷамъона, албатта, аз ин вазъи душвор мебароем. Ман дар суханрониҳои худ борҳо гуфтаам ва имрўз бори дигар такрор мекунам, ки зиндагӣ аз рўзи таваллуд то дами вопасини умри инсон мубориза аст. Дар ин мубориза шахсе дастболо мешавад, ки иродаи қавӣ ва умед ба фардо дошта, ақлу заковат, донишу таҷриба ва малакаву маҳорати худро истифода мебарад».
Ва ба таъбири Ато Мирхоҷа:
Чун шаби торик дорад рўзи равшан дар бисот,
Хештанро боядо кардан барояш эҳтиёт.
Шариф КОМИЛЗОДА,
Фарзон НАЗРӢ,
ходимони ПИТФИ