Ҷойгоҳи дарахт ва меваи тут дар рўзгори мардуми Рўшон
Чоп шуд: 26/05/2020Тут яке аз бебаҳотарин меваҳои табиат аст, ки аз дарахт, барг ва меваи он мардум васеъ истифода мебаранд. Тут дарахти хазонрез буда, дар ҷумҳурӣ ду намуди он: тути сафед ва сиёҳ бештар маъмуланд. Шакли баргҳои тут гуногун буда, ҳар ду намуди он то 200-300 сол умр мебинад. Меваи дарахти тут дарозрўя ва монанд ба «гушворак» аст. Тут аслан ба гурўҳи дарахтолни сертухм ва сершира шомил мешавад.