Ҷойгоҳи дарахт ва меваи тут дар рўзгори мардуми Рўшон

Тут яке аз бебаҳотарин меваҳои  табиат аст, ки  аз дарахт, барг ва меваи он мардум васеъ истифода мебаранд. Тут дарахти хазонрез буда, дар ҷумҳурӣ ду намуди он: тути сафед ва сиёҳ бештар маъмуланд. Шакли баргҳои тут гуногун буда, ҳар ду намуди он то 200-300 сол  умр мебинад. Меваи дарахти тут дарозрўя ва монанд ба «гушворак» аст. Тут аслан ба гурўҳи дарахтолни сертухм ва сершира шомил мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон навъҳои гуногуни тут, хусусан, навъҳои тути бедона, балхӣ, марворидак, мавизак, чиртут, сафедак ва ғайраҳо аз замонҳои пеш инҷониб парвариш карда мешаванд. Меваи тут ширин буда, дар таркибаш зиёда аз 10 фоиз қандӣ (сахароза) дорад. Ғизонокии меваи тут дар 100 гр  43 к.калория мавҷуд аст, ки  ба  одам фоидаи калон расонида, барои мубодилаи моддаҳо дар организми инсон мусоидат мекунад. Онро дар шакли тару тоза ё хушкконидашуда истеъмол кардан мумкин аст. Агар аз тути хушки кӯфташуда талқон тайёр кунанд, аз меваи тару тозаи он  шиннӣ ё мураббо  мепазанд. Хусусияти шифобахшии дарахти тут аз қадимулайём миёни мардум маъмул аст. Инчунин, табибон меваи тару тозаи онро барои камхунӣ ва бемориҳои гурда ва шамолхурдагӣ тавсия медиҳанд.

Агар дарахти тутро дуруст парвариш кунанд, якчанд садсолаҳо умр мебинад. Дарозиаш қади ниҳоли ҳатто то 25-30 метр ва ғафсии пояаш  1,5-2 метр мешавад. Тут растании ба хушкӣ ниҳоят тобовар буда, дар хокҳои нисбатан камғизо метавонад хуб нашъунамо ёбад. Тутро асосан тавассути дона (тухм) ва инчунин бо роҳи пайвандкунӣ зиёд мекунанд. Махсусан, тути сафед дорои аҳамияти калони саноатӣ мебошад. Барги онро ба сифати маводи хӯрока барои парвариши кирми пилла (абрешим) истифода мебаранд. Бо ин мақсад, истифода шудани барги тут дар Аврупо зиёда аз 1000 сол  бошад, дар  қитъаи Осиё (Хитой) зиёда аз 2500 солро ташкил медиҳад. Аз чўби дарахти вай табақ, қошуқ, шона, лавҳ, моку барои палосбофӣ, косаи рубоб ва бисёр асбобу ашёҳои дар ҳаёт заруриро месозанд.

Қариб дар ҳамаи шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дарахти тутро вохўрдан мумкин аст, ҳатто дар Бадахшони кўҳӣ низ ин намуди дарахт хеле бисёр рўидааст. Дар қатори дигар ноҳияҳои вилояти мухтори кўҳистони Бадахшон ноҳияи Рўшон яке аз ноҳияҳое мебошад, ки дар парвариш ва истеҳсоли меваи тут хеле нақши калон дорад.

Зимни экспедитсияи мардумшиносӣ ба водии Бартанг дар маркази ноҳияи Рўшон шоҳиди як чорабинии идона гардидем, ки он ба гиромидошти меваи тут баргузор роҳандозӣ шуда буд.Ва ин бо ибтикори раиси вақти ноҳияи Рўшон Имомназар Хоҷаназар Лутфуллобори аввал рўзи 11 августи соли 2018 дар ноҳия Иди тут таҳти унвони “Иди меваи биҳиштӣ” таҷлил гардид. Дар ин ҷашн худи раиси ноҳия ва як гурўҳ меҳмонон аз маркази вилоят ташриф оварда, дар бораи хусусиятҳои меваи тут суханрониҳо намуданд. Дастандаркорон дар ин чорабинӣ навъҳои гуногуни тут, ширавориҳои аз тут таҳияшуда,маҳсулоти ҳунармандии аз чўби тут сохташударо ба маърази тамошо гузошта буданд, ки хеле диққатҷалбкунанда буд. Инчунин, дар барнома аз тарафи ҳаваскорон рақсу суруд ва саҳначаҳо бахшида ба тут ва манфиатҳои он намоиш дода шуд. Дар фарҷом ба хулосае омаданд, ки чунин чорабиниро ҳамасола таҷлил намоянд ва барои рушди минбаъдаи соҳаи тутпарварӣ саҳмгузор бошанд.

Баъди ба итмом расидани “иди тут”ва суҳбат бо сокинон ва ташаббускорон хостем чизе дар бораи меваи тут ва ҷойгоҳи он дар байни мардуми ин минтақагуфта бошем.

Мардуми ноҳияи Рўшон тутро меваи биҳиштӣ меҳисобанд ва нисбати вай арҷгузорӣ карда, эҳтироми худро нисбати тут бо ҳар гуна шеъру суруд баён мекунанд:

          Ҳамегўянд, ки тут анбарсиришт аст,

      Фаровон меваи боғи биҳишт аст.

 

Ё ин ки:

 

             Тутро бихўру сафои рўҳро бубин,

                           Дар вуҷуди одамӣ шодию шукўҳро бубин.

         

        Ё худ:

Ширину шакар тути бадахшонӣ аст,

     Қадру қимматаш тахти сулаймонӣ аст.

        Гар шўҳрату шаъни тут расида ба само,

                                                                                        Яқин бидон, ки тути рўшонӣ аст.

 

        

 Ҷои дигар:

 Тутро макун ҳаргиз хор,

Эҳтиромаш нигоҳ дор.

 

Қайд кардан бомаврид аст, дар ноҳияи Рўшон ва Шуғнон аз таҷрибаҳои мардумӣ хушконидани мева бештар роиҷ аст. Махсусан, дар ноҳияи Рўшон аз тарафи соҳибкорони хурди маҳаллӣ истеҳсол ва фурўши меваи тут ба роҳ монда шудааст. Масалан, ҳангоми экспедитсия дар ноҳияи мазкур бо Давлатмамадова Некбахтсултон вохўрдем, ки як корхонаи хурди коркарди меваи хушк таъсис дода, меваҳои тут, зардолў, олуча, санҷид ва ғайраҳоро хушконида ба халтачаҳои полиэтиленӣ бандубаст карда, ба содирот мебаровард. Номбурда зикр кард, ки бо маблағгузории Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Иҷтимоии Манотиқи Кўҳистони Фонди Оғохон ба сокинони ноҳия матоъ харидорӣ кардем, то ки зери дарахтони тут гузоранду ҳосилашро бе мушкилӣ ва босифат ҷамъоварӣ кунанд. Ба ин монанд занҳои соҳибкор бисёранд, ки бо духтарон ва шогирдонашон махсус ба омода намудани тути хушк машғул ҳастанд. Азбаски сайёҳони хориҷӣ ба ин минтақаҳо бисёр сафар мекунанд, ба онҳо ин намуди тўҳфаҳо хеле писанд аст. Ғайр аз ин ба таври инфиродӣ ҳар як соҳибхона дар ҳавлии худаш ин корро анҷом медиҳад. Онҳо матоъҳои калонро зери дарахтони тут паҳн мекунанд, ки тут болои он афтида, хушк шавад. Бартарияти матоъ густурдан дар он аст, ки аввалан, меваи тут бе мушкилӣҷамъоварӣ карда мешавад, сониян, тут тоза ва босифат мехушкад. Тути хушки ҷамъоваришударо барои зимистон захира карда, бо он якчанд намуд таом ва шириниҳо мепазанд.

Илова ба намудҳои сиёҳу сафеди тут боз навъҳои дигаре мавҷуданд, ки дар ноҳия ва гирду атрофи он машҳур ҳастанд: музаффарӣ, зағертут,малбеб, бедона, шоҳқулӣ, услай, чалтут (тути ранга), сияҳтут, нертут ва ғайраҳо.

Миёни мардум доирба тут ва дарахти он нақлу ривоятҳои зиёде мавҷуд аст. Зимни сафари хидматӣ истиқоматкунандаи деҳаи Баҳрўшони ноҳияи Рўшон М. Ғуломшоева ривояти аҷиберо дар мавриди паҳншавии тут нақл кард, ки муҳтавояш чунин аст: “Дар замонҳои пеш абрешим танҳо дар Чин истеҳсол мешуд. Ин матоъ он замонҳо хеле пурарзиш буд,ки подшоҳони вақт содироти онро ба хориҷ манъ карда буданд. То ки дар бораи истеҳсоли он ба аҷнабиёни кунҷков ягон маълумот нарасад. Рўзе аз рўзҳо подшоҳи Хутан хостори издивоҷ бо шоҳдухтари хитоӣ мегардад. Хутан кишваре будааст, ки дар канори Роҳи Абрешим, яъне байни Помиру Чин ҷойгир шудааст. Чунин мешавад, ки дар ҷиҳози арўсиаш тиллову нуқра ва ягон навъи ҷавоҳиротро низ ҳамроҳ намегирад. Танҳо тухмии тут, кирмҳои абрешим ва ҳунармандоне, ки истеҳсоли абрешимро метавонанд, дархост менамояд. Ин чизҳоро ба тариқи сарҳад гузаронидан мамнўъ буд, чунки худи подшоҳон иҷозат намедоданд. Шоҳдухтар тухмиҳои кирми абрешимро дар кўлоҳи худ ва донаҳои ниҳоли тутро дар хирвори дорую давои муқаррабонаш пинҳон сохта, марзро убур мекунад. Сарҳадбонон ҷуръати тафтиш кардани шоҳдухтарро надоштан ва ҳамин тариқ онҳо ба дарбори Хутан расиданд. Ҳангоме ки пурсиданд, косибон чаро нестанд, шоҳдухтар ба муқаррабонаш ишора кард”. Ин як ривояте буд, ки гўёмеваи тут ва абрешим бо ин усул паҳн гардида бошад. Табиист, ки абрешим ҳамчун матоъ махсус дар манотиқи Бадахшонпаҳн нагардидааст. Аммо дар андешаи мардум маҳз гўё аз ҳамон замон дар мантақаи Бадахшон меваи тут яке аз навъҳои маъмулии ғизо гардид, ки онро дар шароити кўҳистон, махсусан, дар сардиҳо истеъмол мекардаанд.

Дар мавриди чӣ гуна ном гирифтани навъи тути “музаффарӣ”низ ривояти ҷолибе сабт намудем: “Чи тавре дар боло зикр кардем, шоҳдухтари Чин тухмҳои аввалини тутро ҳамчун қочоқ аз мулки Чин баровард ва оҳиста-оҳиста паҳн гардид. Дар нимаҳои дуввуми асри 19 марде аз водии Ванҷи Тоҷикистони имрўза дар боғи Амир Музаффар дар Бухоро боғбонӣ мекардааст. Ин боғбони зирак ҳилаеро ба кор мебарад, ки сабаби паҳн гардидани меваи тут мешавад. Боғи амир, кимакони баъзе растаниҳои нодир буд ва АмирМузаффар иҷозат намедод, ки ягон навъи растаниро аз боғаш берун баранд. Ин боғбони доно рўзе шохи буридаи хурдакаки дарахти тутро дар шире, ки барои наҳорӣ наздаш оварда буданд, пинҳон мекунад. Ва ў ҳангоми бозгашт аз назди посбонон гузашта, пинҳонӣ он навдаи тутро ба ватанаш меорад. Дарҳол дар хонааш навдаро бо як дарахти пирпайванд мекунад. Баъди якчанд сол дарахт ба ҳосил меояд ва ҳамдеҳагонаш ин меваи нодирро дида, аз вай мепурсанд, ки ин дарахтро аз куҷо пайдо кардааст, дар ҷавоб мегуфтааст, ки “аз боғи Музаффар” аз ҳамон рўз сар карда ин навъи тутро “музаффарӣ” мегўянд”. Имрўзҳо боғбононагар ниҳоли тутро пайванд карданӣ шаванд, шохҳои буридаи онро дар шир мегузоранд, ки мевааш сафед ва ширин шавад.

Тут низ ба монанди нон дар фарҳанги хўрокҳои бадахшонӣ мавқеъи муаян дорад. Масалан, анъанае доранд, ки меваи тутро ба арўсу домод медиҳанд, то ки ҳаёти якҷояи онҳо лаззатбахшу ширин гузарад. Ё

дар ҷое, ки хонаи нав агар бунёд кунанд, аввал ниҳоли тутро ҳамчун рамзи фаровонӣ ва сарчашмаи файзу баракатмешинонанд.

Инчунин, дар дохили хона низ чўби дарахти тут мақоме хосеро дорост. Хонаи анъанвии бадахшониҳо дохилаш аз панҷ сутун иборат аст, ки ин сутунҳоро ба номҳои шахсиятҳоиавлоди паёмбари ислом рабт медиҳанд. Дар пешгоҳи даромади хона ду сутун бо номи Ҳасан ва Ҳусайн (наберагони паёмбар) номгузорӣ шудааст, ки ин ду “бародарон”-ро бо ҳам чўби нақшу нигор кардашуда васл кардааст, ки “бучкавўҷ” ном дорад. “Бучкавўҷ”-ро бештар аз чўби тут омода месозанд.Ба ибораи мардуми Бадахшон тут дарахте аз биҳишт аст.

Ҳамасола дар охирҳои моҳи июн кўҳистони Бадахшон ба як маъракаи хурсандии ҳосилғундорӣтабдил меёбад. Мардум ба ҷамъоварии меваи тут машғул мешаванд. Махсусан, кўдакон шодикунон ба дарахтони тут баромада, аз он истеъмол мекунанд.Ҳосили ҷамъоваринамудаашонро хушк карда, аз он ҳар гуна хўрокҳо омода мекунанд.

  • тут ин як ғизои махсусе ҳаст, ки бо лаҳҷаи бадахшонӣ онро бекмез мегўянд. Тарзи таҳия кардани шиннӣ чунин аст: тути тарро дар даруни тур ё ғалбер гузошта, бо қошуқи чўбин меваҳоро пахш намуда, шарбати онро берун меоранд. Шарбатро дар дег андохта ба муддати дароз меҷўшонанд, то он замоне, ки он қиём ва ба мисли асал нисбатан ғафстар гардад. Баъди тайёр шудананш онро дар зарфҳои чўбин ва ё шишагин нигоҳ медоранд, ки маззаи он ниҳоят ширин мешавад ва баъзан ҳангоми муррабо пўхтан ба ҷои шакар низ истифода мебаранд. Шинни тут аз 3 то 4 сол таъму маззаи худро гум намекунад. Дар баъзе ҷойҳо шиннии тутро ҳамчун даво барои муолиҷаи гурда ва аъзои ҳозимаи бадан истифода мебаранд.

Тути хушк ё тутпис яке аз хўрокҳои анъанавии мардуми кўҳистони Бадахшон ба шумор меравад. Барои тути хушк бештар тути сафед мувофиқ мебошад, чунки ин навъи тут ширин буда, дар таркибаш гуфтан мумкин аст, ки шакари табиӣ дорад. Ҳангоме ки меваи тут пўхта расид, он бо андак шамол ба замин мерезад, чи тавре ки болотар зикр карда будем, мардум дар замин зери дарахтони тут матоъҳои калонеро партофта меваашро ҷамъоварӣ намуда, онро дар рўи бом ва зери шуоъи офтоб мехушконанд. Ин навъи тути хушкро бештар барои талқон ё худ пихт  истифода мекунанд. Аммо як қисми дигари тутро, ки  дар шохҳои дарахт зери сояҳои барги он оҳиста-оҳиста мехушкад, тутмавиз мегўянд, ки ин навъи тут аълосифат буда хеле болаззат мешаванд.

  • ё худ талқон яке аз ширавории асосии мардуми ин минтақа мебошад, ки дар таркиби он тақрибан 80 дар сад қанд вуҷуд дорад. Дар гузашта қабл аз он ки шакар дар он ҷойҳо маъмулӣ гардад, пихт ширинии асосии мардуми Бадахшон ба ҳисоб мерафт. Пихтро бо ду роҳ омода мекунанд: якум, роҳи маъмулӣ бо даст ба воситаи кўфтани меваҳои хушки тут байни сангҳои ҳамвор, дуюм, бо истифода аз осиёби сангӣ ва дастӣ. 

Тути хушк ва талқони он дар номгўи хўрокҳои маҳаллии Бадахшон хеле васеъ истифода бурда мешавад: ғузпихт ё тоғмухт (пихт бо чормғз), донакпихт (пихт бо донаи зардолў), зиғерпихт (пихт бо донаи зағер), донпихт (пихт бо донаи гандум), шторкпихт ё вадарпихт (пихт бо чукурии кўҳии хушккардашуда), пихт-хухпа (шўрбои тути хушк) ва ғайраҳо. Ин навъи хўрокҳои номбаршуда бо худ лаззати алоҳида дошта, вобаста ба иқлим ва мавсим истеъмол карда мешавад.

Баъзан, дар ҳолати набудаи чойи хушк (қоқ)тути хушкро камтар сузонида ба ҷои чой дам карда менўшанд, ки инро “чойтут” мегўянд. Аз як тараф ҷои чойро мегирад ва аз тарафи дигар барои рафъи сармо аз бадани инсон хеле муфид аст.

Аз танаи дарахти тут тавассути ҷойҳои буридааш, ширае ихроҷ мешавад, ки онро дарзабони маҳаллӣ “тутнедз”(ҷоғар) мегўянд. Ҷоғарро барои ранг кардани ришта (ранги зард) истифода мебаранд ва мегўянд, ки барои бемории ҷоғар фоида дорад, зеро дар таркибаш“йод” дорад. Чунин андеша доранд, ки тут ягона дарахте ҳаст, аз офатҳои табиӣ ягон зараре ба вай намерасад.

Ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон роҳҳо ба тарафи вилояти мухтори кўҳистони Бадахшон баста буд ва ягон навъи озуқаворӣ ба он минтақаҳо интиқол намеёфт мардумонаштанҳо тути хушк ва ё тутпис истеъмол карда, аз гуруснагӣ наҷот ёфтаанд. Дар аснои экспедитсия дар ноҳияи Рўшони ВМКБ бо сокинонаш ҳамсуҳбат гардидем, ки солҳои ҷанги шаҳрвандиро ба ёд оварда, ин андешаро тасдиқ намуданд.

Тут натанҳо дар манотиқи Бадахшон, балки дар саросари кишвар меваест, ки мардум аз мева, барг ва дарахти он фаровон истифода мебаранд. Хотиррасон месозем, ки меваи хушки он барои солимии инсон аҳамияти калон дошта, аз барги дарахташ барои рушди соҳаи пиллапарварӣ дар ҷумҳурӣ ба таври васеъ истифода мебаранд. Инчунин, аз чўби дарахти туттабақ, қошуқ, созҳои мусиқӣ ва дигар лавозимоти заруриро месозанд. Аз ин рў месазад паҳлўҳои дигари хусусиятҳои манфиатбахши меваи тутро мавриди омўзиш қарор дода, дар ин самт кашфиётҳои ҷадидеро ба анҷом расонид.

 

Зафар Холмуродов

мудири бахши мероси фарҳанги ғайримоддии

Маркази мероси фарҳангии тоҷикони ПИТФИ

барчасп: