Донишу малакаи занбўрпарварии Саидмуродов Баҳодур

Ҳунари занбўрпарварӣ дар қатори дигар касбу ҳунарҳои анъанавӣ дорои донишу таҷриба ва ҷузъиётҳои дигари фарҳангӣ мебошад. Он дар қатори ҳунарҳои кишоварзӣ ба монанди боғдорӣ, зироатпарварӣ, кирмакпарварӣ, чорводорӣ рушду инкишоф ёфтааст. Феълан ин ҳунар низ ҳамчун касабаи муқаддас дар доираи донишу фаҳмиш ва ҳатто ривоятҳои динӣ тараққӣ намуда истодааст. Дар ин самт аллакай дар тамоми манотиқи кишвар шахсони зиёд ва ҳатто гурўҳҳои махсусе фаъолият намуда, ин пешаро идома дода истодаанд. Мусаллам аст, ки парвариши занбўри асал ва нигоҳубини он бисёр душвор аст ва нозукиҳои зиёде дорад. Шахси ба ин соҳа машғул бояд донишу таҷрибаи кофӣ дошта бошад, то ин ки дар мавсими ҷамъоварии асал муввафақ гардад. Аслан барои нигоҳубини занбўри асал минтақаҳои кўҳии мамлакати мо хеле мувофиқ аст.

Зимни сафари хидматӣ ба ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ва Тавилдараи водии Рашт бо занбўрпарварони зиёде ҳамсўҳбат шуда, оид ба нигоҳубину парвариш ва таҷрибаҳои кории онҳо маълумоти зиёде гирифтем. Гарчанде ҷараёни кори занбўри асал дар ҳама манотиқи кишвар  якранг бошад ҳам аз суҳбат бо занбўрпарварон муайян кардан мумкин аст, ки ҳар кас дар ин самт таҷрибаи худро ба кор мебарад ва дар ин пеша алакай усулҳои гуногуне мавҷуданд. Аз миёни тамоми занбурпарварони ин минтақа диққати моро донишу таҷрибаи Ҳоҷӣ Баҳодур Саидмуродов, соли таваллудаш 1956 зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Метаниёни ҷамоати деҳоти Нушори ноҳияи Тоҷикобод бештар ҷалб намуд. Ў беш аз бист сол мешавад, ки дар ин самт фаъолият менамояд ва зиёда аз 200 қуттии занбўри асалро дар манзилаш парвариш дорад. Инчунин василаи рўзгузарониаш тавассути даромад аз ҳисоби занбўрпарвариаш мебошад.

Доир ба усули нигоҳубини занбўри асал дар шумораи чоруми китоби «Фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик» аз таҷрибаҳои занбўрпарвари ҷавон аз ноҳияи Данғара Раҷабов Абдуҷаббор ба қадри имкон маълумот дода будем. Он ҷо аз ҷумла чунин омадааст: “Дар ҳар оила танҳо як шоҳзанбўр, ки онро “малика” меноманд, буда метавонаду халос. Дар ҳолати пайдо шудани маликаи дуюм як қисми занбўрҳо бо он якҷоя шуда, қаҳр карда, аз қуттӣ баромада мераванд. Агар ин ҳолатро пай бурда тавонӣ, зуд онро дошта, дар қуттии алоҳида ҷой менамоӣ ва як оилаи нав ба вуҷуд меояд. Вақти тухмпартоии занбўрҳо фасли баҳор мебошад. Маҳз дар ҳамин давра маликаҳо низ аз тухм мебароянд. Агар ба ягон оила малика лозим набошад ва ё оилаи нав сохтани набошӣ, бояд зуд маликаҳои дар тухм пайдошударо нобуд кунӣ. Малика аз занбўри муқаррарӣ фарқ дорад. Он нисбатан борику дарозшакл мешавад ва шинохтани он чандон душвор нест. Ҳамаи инро ба инобат гирифта занбўрпарвар камаш дар як ҳафта як бор бояд тамоми чорчўбаҳои оилаҳоро аз назар гузаронад.

Занбўри асал нисбат ба дигар ҳашаротҳо зирактар мебошад, ҳар як занбўр хонаи худро мешиносад ва дар як рўз то 4-5 км барои пайдо кардани шаҳд парвоз мекунад. Оилаи қаҳркарда ҳам аввал як рўз дар наздикиҳои ҳамон хонааш дар шохи ягон дарахт ҷамъ мешаванд. Як қисм занбўрҳои таҷрибадор барои пайдо кардани ҷои мувофиқ ба ҳар тараф парвоз мекунанд. Агар қаҳри занбўрро мушоҳида намоӣ, яъне дар ягон шохи дарахт ҷамъ шудани онҳоро дидӣ, метавонӣ онро дар қуттии алоҳида ҷой намоӣ. Одати занбўр ҳамин аст, ки ҳеҷ гоҳ ба қуттии қаҳр карда баромадааш барнамегардад.  Занбўри корӣ танҳо чил рўз зиндагӣ мекунад. Бинобар ин малика дар мавсими кор танҳо ба таъмин кардани тухми нав машғул мешавад. Занбўри асал дар тирамоҳ дигар кор намекунад ва танҳо аз захираи доштааш то баҳори оянда истеъмол намуда, зиндагӣ мекунад. Дар фасли зимистон низ қуттиҳои занбўрро пайваста хабар гирифтан лозим аст. Агар занбўр гурусна монад, ба зудӣ мемирад. Ё агар қуттиашон хунук бошад, занбурҳо аз хунукӣ касал шуда нобуд мешаванд. Барои оилаи занбўри асал ҳавои муътадил лозим аст. Ҳатто аз намии зиёд занбўри асалро метавонад ҳашароти хурде бо номи канаи занбўр нобуд созад” [51, с.151-152].

Албатта тарзи ҳаёти занбўри асалро Саидмуродов Баҳодур ва ҳатто дигар занбўрпарварони ин минтақа низ айнан ба ҳамин шакл барои мо тавзеҳ доданд. Аммо илова ба гуфтаҳои боло занбўрпарвар Саидмуродов Баҳодур, доир ба нозукиҳои ҳаёти занбўри асал чанд нуктаи муҳими дигарро қайд намуд. “Занбўри асал ҳашароти бисёр нозук ва пок аст. Занбўрҳое, ки дар мавсими корӣ бо ахлотҷойҳо наздик мешаванд, посбонҳои ҳар оила бо супориши шоҳзанбўр онҳоро зуд кушта аз қуттии занбўр берун мекунанд. Ҳатто занбўрҳои танбалу нокориро, ки аз назди оила дур нарафта дар дохил ба муфтхурӣ одат мекунанд занбўрҳои дигар худашон нобуд месозанд. Занбўри асал танҳо одамонеро мегазанд, ки нияти бад доранду нопок мегарданд. Ҳатто шахсоне, ки пайваста бо пойи таҳорат дар кори занбўрпарварӣ машғул мешаванд, ҳосили зиёд мегиранд. Умуман, тарзи ҳаёти занбўри асал ба инсон сахт монандӣ дорад. Ва аз бобоёнамон шунидаем, ки мегуфтанд: “Подшоҳ бояд сарвариро аз шоҳзанбўр омўзад”.

Занбўрпарвар Саидмуродов Б. ақидаи аз мардуми рус ба фарҳанги мо роҳ ёфтани ҳунари занбўрпарвариро инкор намуд. Ў қайд намуд, ки “қабл аз Иттиҳоди Шўравӣ низ дар Осиёи Миёна ҳунари занбўрпарварӣ маъмул будааст. Русҳо танҳо коркарди нисбатан нав ва бо технологияи замонавӣ мутобиқро ихтироъ карда, ба дигар кишварҳо, аз ҷумла Осиёи Миёна пешниҳод намуданд, ки кори занбўрпарваронро осон гардонид. Аммо дар асл занбўрпарварӣ таърихи қадима дорад ва ҳатто дар бораи он ривоятҳо зиёданду касби занбўрпарварӣ низ мисли дигар касбу ҳунарҳо пири худро дорад. Ҳар кас, ки дасти пир нагирифта бошаду худаш ихтиёран ба он машғул шавад, кораш чандон омад намекунад ва ин касбро дер давом намедиҳад”.

Мувофиқи мазмуни ривоятҳои мардумӣ, пири занбўрпарварон Аюб пайғомбар будааст. Ҳатто ба андешаи онҳо кирмакпарварӣ низ мансуб ба Аюб алайҳиссалом будааст. Дар ин хусус чунин ривоятро аз занбўрпарвар Саидмуродов Баҳодур сабт намудем: «Аюб алайҳиссалом чунон дар ишқи Худованд дода шуда буд, ки пайваста ба тоату ибодат машғул мегардид. Мувофиқи нақлҳо ҳангоми ба намоз пардохтан соатҳо ва ҳатто рўзу моҳҳо сар аз тиловат намебардошт. Аз рўи шуниди мо, ба ғайр аз ин бузургии ҳазрати Аюб дар он будааст, ки дар ҳаёташ на танҳо одамон, ҳатто ҳашаротро низ озор намедодааст. Ҳангоми бемориаш чунон беҳолу бемадор мегардад, ки баданашро кирмҳо иҳота карда мехўранд. Аммо бо вуҷуди ин ҳазрати Аюб (а) ба ибодат машғул шуда, ҳатто аз пайи нест кардани кирмҳо намешавад. Кор то ҷое мерасад, ки кирмҳо аз гўштҳои баданаш то ба узвҳои даруна расида, қисме аз онҳо ба дилаш мерасанд. Ҳазрати Аюб, ки дар ҳоли бемадорӣ буд, аз даргоҳи Худованд илтиҷо менамояд, ки холиқи ҳама мавҷудоти олам танҳо ўст ва чун худаш офаридааст, худаш метавонад онҳоро нобуд созад. Зеро тоқати дарди дилро надорам. Худованди таъоло ба додаш мерасад ва тамоми кирмҳо оҳиста-оҳиста бадани ҳазрати Аюбро тарк карда нобуд мешаванд. Дар охир чашми ҳазрати Аюб (а) ба се кирми дар замин буда меафтад, ки дар ҳоли ҷон додан қарор доранд. Раҳми ҳазрати Аюб (а) меояд ва аз нав онҳоро гирифта ба баданаш мегузорад, то ин ки аз гуруснагӣ намиранд. Ин се кирми охирон чунон бадани ҳазрати Аюб (а)-ро сахт мегазанд, ки ҳазрат ба дард тоб наоварда фиғони ҷонкоҳе мебарорад. Ва ба даргоҳи Худованд нолакунон шикоят мекунад, ки ин чӣ гуна дард буд? Зеро то ин дам аз ин зиёд кирмҳо баданамро мегазиданд, аммо чунин дарди ҷонсўз надошт. Аз ҷониби Парвардигор нидо меояд, ки “Ё Аюб, то ин муддат кирмҳо бо иҷозати ман бадани туро мехўрданд ва он дарднок не, балки то ҷое форам буд. Акнун, ки ту хостӣ, дарди воқеии кирмҳоро бубинӣ, тоқат бикун. Дарди асили онҳо воқеан сахт аст ва инсоният тоқати дардро надорад. Дигар ин ки ин се кирм аз ин пас бо шарофати ту, ки онҳоро аз марг наҷот додӣ, кирмҳои одӣ набуда, ҳар кадоме дар шаклҳои алоҳида кирми фоидабахш барои инсоният хоҳанд шуд”.  Ҳамин тавр бо шарофати ҳазрати Аюб (а) ва хости Худо аз ҳамон вақт се кирми фоидаовар ба вуҷуд омаданд, ки яке кирми занбўри асал мебошад. Дуюм кирми пилла ва сеюм кирми зулик (зулук ё шулук) мебошад. Мо занбўрпарварон медонем, ки пири мо ва ҳамчунин пири кирмакпарварон ҳазрати Аюб пайғомбар мебошад».

Воқеан, дар қатори он, ки имрўзҳо шулукгузорӣ ба бадан барои рафъи хуни ифлосгардида, миёни мардум роиҷ аст, гузоштани неши занбўри асал низ дар тибби мардумӣ як усули табобати касалиҳои сармоӣ мебошад. Ҳатто чунин ақидаҳо мавҷуд аст, ки газидани ҳафт занбўри асал баробари як мавсими табобат бо уколи гарм (калций хлор) мебошад. Дар маҷмўъ, асалро низ аслан дар тиб барои чандин бемориҳо ҳамчун даво истифода мебаранд. Агар як қисм одамон онро табобатӣ гуфта, ба бадан моланд, қисми дигар онро барои бемориҳои зиёди узвҳои даруна истеъмол менамоянд. Дар тибби мардумии қадим махсус, табобати асалдармонӣ мавҷуд аст, ки оид ба он дар Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик чунин омадааст: “Асал баданро аз моддаҳои зарарноки нодаркор пок месозад, гиреҳи рагҳоро мекушояд, балғами часпак ва рутубатҳоро нест мекунад, суст ва нотавон шудани аъзо, обварам, зардпарваин, иллати сипурз, варами рўдаҳо, газаки шуш, бодҳои гуногунро рафъ менамояд, меъдаро қувват медиҳад, иштиҳоро мекушояд. Ба гуфтаи табибон дар оби борон ҳал карда истеъмол намудани асал ба узвҳои бадан об медавонад, боҳи заифро неру мебахшад, пешобро меронад, захми рўдаро пок месозад. Асал ва дигар маҳсулоти занбўрпарварӣ, аз ҷумла заҳри занбўр, дар тибби муосир низ фаровон корбаст мешавад. Муолиҷа бо асал ва занбўргазониро апиотерапия меноманд” [11, с.65].

Ҳоҷӣ Баҳодур, ки бисёр касбашро дўст медорад ва пайваста бо ин кор машғул аст, қайд намуд, ки ба ғайр аз асал ў аз ҳисоби гарди гул (перга), шираи гард (прополис) шири занбўр, заҳри занбўр низ даромади хубе ба даст меорад. Ҳар кадоме аз маҳсулоти номбаршуда низ истеҳсоли занбўри асал мебошанд. Аммо на ҳар занбўрпарвар онҳоро коркард кардаву гирифта метавонад. Албата маҳсулоти номбурда ҳар кадоме барои бемориҳо давобахш мебошанд, ки на танҳо тибби халқӣ ҳатто дар тибби муосир низ тавсия шудаанд. Чунончӣ, гарди гул барои касалиҳои шуш ва дил; шираи гард ё прополис барои дандон ва захми меъда, шири занбўр барои касалиҳои пўст ва заҳри занбўр барои касалиҳои аз ҳисоби хунукӣ  сарзада фоидабахш мебошанд. Бояд гуфт, ки коркарди ҳар кадоме аз онҳо заҳмати зиёдро талаб менамоянд. Аз ин рў арзишашон низ хеле гарон аст.

Ҳамин тариқ, дигар нозукиҳои парвариши занбўри асалро аз ин шахси рўзгордида ва устоди касби худ фаҳмидем, ки воқеан барои мо аҷиб буд. Ба гуфтаи ў занбўри асал инсонро танҳо дар ҳолати маҷбурӣ мегазад. Масалан, агар занбўр бо худ бор яъне шаҳд оварда истода бошаду шахс монеъае барои ба қуттӣ даромаданаш шавад, ҳатман неш мезанад. Ин амал ба ҳолати инсонҳо шабоҳат дорад. Зеро инсоне, ки дар пушташ бори вазнин дораду садди роҳаш шавӣ, ҳатман хашмгин мешавад. Ё худ ҳангоми ҷобаҷогузорӣ ва ё тафтиши чорчўба (рамка)-ҳо тасодуфан занбўрро бо дастат пахш кунӣ, ноилоҷ занбўр ҳам туро мегазад. Дар дигар мавридҳо занбўри асал инсонро намегазад ва ҷонвари безарар мебошад.

Чи тавре, ки болотар зикр шуд, барои муҳофизати оилаашон танҳо одамони нопокро, ки қасди вайрон кардани тарҳи кори онҳо ва ё қасди маҷбуран дуздидан ва ё гирифтани асалро доранд, мегазанд. Занбўр пас аз газидан мемирад. Яъне неши занбўр бо ҷони ў пайвастагӣ доштааст. Аз ҳамин сабаб занбўр танҳо дар ҳолати маҷбурӣ неш мезанад. Занбўри газанда садояш аз занбўрҳои дигар тафовут дорад, ки он нисбатан дағалтар ва баландтар мебарояд. Аз ин рў дар ҳолати шунидани чунин садо ё зуд аз назди қуттӣ дур истодан лозим, ё агар хоҳанд, корро идома медиҳанд, он занбўрро дошта куштан лозим. Зеро занбўри хашмгин ба воситаи чунин садо дигар аъзоёни оиларо ба кўмак даъват мекунад. Занбўрҳо чунон иттифоқ мебошанд, ки зуд ба кўмаки ҳамдигар мешитобанд. Аз ҳамин лиҳоз дар кори занбўр саросемагӣ ва асабоният ба кор намеравад. Шахси занбўрпарвар бояд раҳмдилу меҳрубон ва оромтабиат бошад, ки ин хислатҳо ба занбўри асал низ хос мебошанд, мегўяд Ҳоҷӣ Баҳодур.

Аз рўйи гуфтаи Саидмуродов Б. агар тамоми нозукиҳои занбўрпарвариро дониву аз рўи он амал кунӣ, дар ҳар мавсим аз як оила то 20-25 кг асал гирифтан мумкин аст. Аммо вазъи кори занбўр ба иқлим ва боду ҳаво ҳам алоқамандӣ дорад.  Занбўр дар рўзҳои боронӣ ва ё ғубору хокбориш ба кор намебарояд. Махсусан ҳавои хокбориш, ки гулҳоро хоку гард пур мекунад ба табиати занбўри асал мутобиқ нест.

Дар маҷмўъ, ҳунари занбўрпарварии Саидмуродов Баҳодурро метавон яке аз таҷрибаҳои пешқадами ин соҳа донист. Зеро манфиати ў бо ин ҳунар ба ҳазорон нафар расидаву дар маҳали худ ўро ҳамчун шахси ботаҷрибаву некном ва поктинат қадр менамоянд. Ў бо маҳсули кори худ дар чандин фестивалу намоишҳо иштирок намудаву соҳиби диплому сертификат ва ифтихорномаву мукофотҳо гардидааст. Дар тамоми намоишгоҳҳои ҷумҳуриявии “Иди асал” фаъолона иштирок намудааст. Инчунин ташхисгарон намунаи маҳсули ин шахсро яке аз тозатарин истеҳсолот арзёбӣ кардаанд. Соли 2001 китобчаеро бо номи “Усули ҷамъоварии гарди гул” аз таҷрибаҳои кории худ нашр намуда, пешкаши дигар занбўрпарварон намудааст. Аз тарафи дигар дар ҳама фурўшгоҳҳо нисбат ба дигар ашхос асал ва маҳсулоти аз занбўрпарварӣ омода намудаи ў арзонтар ва барои мардум муфидтар арзёбӣ шудааст. Ин марди наҷиб бо Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ беш аз чаҳор маротиба вохўрда, ҳамсўҳбат гардида, Сарвари давлат кори ўро намунаи ибрати дигарон шумурдаанд. Саидмуродов Б. аз ҳисоби даромади худ дар сохтмони чандин иншоотҳои маҳаллӣ ва бунёди роҳҳои деҳаву маҳал саҳмгузорӣ намудааст, ки ин амалҳои савобро худи ў баҳри ободии Ватани азизи худ медонад.

Ба таври хулоса метавон гуфт, ки пешаи занбўрпарварӣ ҳам имрўз яке аз ҳунарҳои рушдкарда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ва месазад, ки дар қатори дигар унсурҳои фарҳангӣ мавриди омўзишу таҳқиқ қарор гирад. Зеро чи тавре зикр шуд, дар доираи садҳо бовару эътиқод ва донишу таҷрибаҳои анъанавӣ сурат мегирад. Ҳар як амали дар ин касб иҷрогардида ҷанбаи махсуси фарҳангӣ дорад ва ҳатман бояд таҳқиқу баррасӣ гардад.

 

Аминов Абдулфаттоҳ

номзади илмҳои филологӣ

Мудири шуъбаи илмӣ-методии ПИТФИ

барчасп: