Одамоне, ки аз ҳунари муайяне бархурдоранд, дар ҳама давру замон дар ҷомеа эҳтироми хосса доштанду доранд. Моҳи октябри соли 2019 мо як гурўҳ кормандони Пажўҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии фарҳанг ва итттилоот ба ин ноҳия сафари хидматӣ доштем. Мақсади сафар ин гирдоварии мавод оид ба вазъи имрўзаи ҳунарҳои мардумӣ дар ин минтақа буд. Тўли рўзҳое, ки дар ин ноҳия сафари хидматӣ доштем, мушоҳида намудем, ки ҳунарҳои мардумӣ дар ҳолати рушд кардан қарор дорад. Ҳангоми вохурӣ бо ҳунармандону косибон муайян гардид, ки ҳунарҳои қадимаи тоҷикӣ то имрўз идома доранд, лекин ба навоварӣ дучор шудаанд.
Ҳунарҳои дастии занона заҳмати зиёдро талаб мекунад. Дар вақти сафар мушоҳида намудем, ки аксарияти бонувони ноҳияи Дарвоз бо ҳунармандӣ машғул мебошанд. Аз ҷумла, бонувоне ҳастанд, ки дар хонаашон корхонаи хурд таъсис додаанд. Масалан, дар ин корхона бонуи ҳунар тақрибан 20 нафар шогирдонро ба ҳунаромўзӣ фаро мегирад. Яъне ин ҷараён бо Шуғли аҳолӣ вобаста буда, аз ҷониби онҳо сертификат низ дода мешавад. Ба хонаи се ҳунарманди ноҳияи Дарвоз рафтем, ки бо чунин шакл фаъолият карда истодаанд.
Маркази Бонувони ноҳияи Дарвоз, ки дар деҳаи Умараки ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумб ҷойгир шудааст, зиёда аз 80 нафар корманд дар бар гирифтааст. Ин марказ бо дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорон ташкил шуда, кору фаъолият мекунанд. Ин макони ҳунар аз ду ошёна иборат буда, ҳар як ошёна фарогири ҳунарҳои гуногун мебошад. Дар ошёнаи якум бонувон ба ҳунарҳои адрасбофию гулдўзӣ, қуроқдўзӣ, тоқидўзӣ, ҷомадўзӣ ва ғайра машғуланд. Дар ошёнаи дуюм коргоҳе ҷойгир мебошад, ки либоси мактабӣ медўзанд. Бо кормандоне, ки дар ин Марказ фаъолият мекунанд, ҳамсўҳбат шудем. Зимни суҳбат бонувон гуфтанд, ки либоси мактабии вилояти Бадахшонро маҳз ҳамин корхона таъмин мекунад. Роҳбари Марказ бо дигар ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ шартнома дошта, матоъҳо ва мошинаҳои дўзандагиро аз хориҷи кишвар ба инҷо овардаанд. Қариб ҳамаи дастгоҳҳо аз хориҷа харидорӣ карда мешавад. Матоъ ва риштаҳо тибқи фармоиш харидорӣ карда мешаванд. Он либоси мактабие, ки аз ҷониби кормандони ин марказ дўхта мешавад, сифати баланд дошта, ба талабот ҷавобгўй мебошад. Ба ғайр аз ин дигар маҳсулотҳое, ки ҳамчун мол истеҳсол карда мешавад, мизоҷи худашро дорад. Масалан, куртаҳои чакан, ки бо маҳорати баланд дўхта шудаанд, дар бозор ё ин, ки миёни мардум харидорони зиёд доранд. Қайд кардан лозим аст, гулҳое, ки болои матоъ гулдўзӣ карда мешавад, аз нақшҳои дигар минтақаҳо фарқ дорад. Нақшҳое, дар болои матои сўзанӣ қаламзанӣ карда мешавад мазмуни қадимаи худашонро ҳифз кардаанд. Аз гуфтаҳои занони чакандўз, ин гулпартоиҳо аз аҷдодонашон боқӣ мондааст.
Мардуми ноҳияи Дарвоз қуроқро қурама ном мебаранд. Дар ин марказ аз матоъҳои гуногун қуроқӣ медўзанд. Тибқи мушоҳида ва таҳлил аён гардид, ки аксарияти бонувони дарвозӣ гулдўзӣ ва қурамадўзиро хеле хуб анҷом медиҳанд. Ҳатто занони хонашин дар вақти холигӣ бо дўхтани гулдўзӣ ва қурама машғул мешаванд. Дар ин коргоҳи ҳунар бошад, қуроқиҳои ҳаҷман калон медўзанд. Баъдан аз он кўрпа ё кўрпача тайёр мекунанд. Ҷобаҷогузориҳои латтапораҳои қуроқии ин минтақа якчанд навъро дар бар гирифта, маҳз бо ҳамин сабаб аз дигар минтақаҳо фарқият дорад.
Аз вилояти Суғд дар ин корхона дастгоҳҳои атласу адрасбофӣ харидорӣ кардаанд. Лекин, танҳо ҳунари адрасбофӣ фаъолият мекунад. Занҳоро аз ҳисоби корхона ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд барои омўхтани бофтани матои адрас фиристодаанд. Пас аз пурра омўхтан онҳо ба ноҳия баргашта дар ин марказ ба кор машғул шудаанд. Чи тавре ки худи ҳунармандон қайд намуданд дар фасли баҳор фармоиши онҳо меафзояд. Гулдухтарон айёми Наврўз адрасу чакан фармоиш дода, барои ҷашн омодагӣ мебинанд. Маҳорати дўхтани адрас, чакан, қуроқӣ аз ҷониби бонувони ҳунарманд бо таври аъло мебошад.
Ҳангоми дидан намудани ин навъи ҳунари дастӣ мо бо қолинҳои зебоеро дидем, ки бо санъати воло бофта шудаанд. Чи тавре онҳо ишора намуданд фармоиши қолин дар ин минтақа камтар аст. Чунки қолин нисбатан гарон буда, на ҳар кас қудрати харидориро дорад. Қолинҳо аз ресмони коркардшуда бофта мешаванд. Ин қолинҳо аз маҳсулоте, ки аз хориҷи кишвар меоянд фарқ мекунанд. Ресмонаш сифати хуб дорад дар вақти шустан ранг намезанад ва инчунин қолин хеле ғафс аст. Дар рўи ҳар як қолин бо хости мизоҷ гулкорӣ мекунанд. Баъзан мувофиқи дархости мизоҷон дар рўи қолин акси ягон шахсро тасвир мекунанд.
Тарзи духти либос, гулдўзӣ, қуроқдўзӣ ба навоварӣ дучор шудааст. Албатта ҳамаи ҳунар не, дар як ҷузъи он навоварӣ ворид карда шудааст. Ҳунармандон гуфтанд, ки аз Интернет истифода бурда дар матоъ дигаргунӣ дохил мекунанд. Албатта хоҳиши мизоҷ низ ба инобат гирифта мешавад. Аз гуфтаҳои онҳо маълум мешавад, ки баъзе мизоҷон хоҳиши ба таври қадима духта шудани либосашонро доранд. Боз мизоҷоне ҳастанд, ки мехоҳанд сарулибосашон замонавӣ бошад.
Ҳамин тавр қайд кардан лозим аст, ки корхона фаъол буда, кормандон аз ҳисоби корхона маош мегиранд. Яъне заноне, ки дар ин макон кору фаъолият доранд, метавонанд барои пешбурди зиндагии худ маблағе дарёфт кунанд. Ин падида ҷанбаҳои гуногуни худашро дорад. Аз нуқтаи назари иҷтимоӣ ва нигоҳи иқтисодӣ ба пешрафти нерўи инсонӣ кўмак мерасонад. Нерўи инсонӣ яке аз таҳкурсиҳои иқтисод ба ҳисоб рафта, созандаи ҳамаи тарафҳои фаъолияти иҷтимоӣ мебошад. Ба таври хулоса қайд кардан лозим аст, ки фарҳанг ва иқтисод робитаи мутақобила дошта, метавонанд барои рушду нумўи кишвар, пешрафти иҷтимоӣ мусоидат намояд.
Шоира Бердиева
Ходими калони илмии
Пажўҳишгоҳи илмӣ –
тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот