Ҳунаркада

Мушкилоти касбу ҳунарҳои бонувони деҳот

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромаду суханрониҳояшон қайд менамоянд, ки барои рушду такомул бахшидани касбу ҳунарҳои мардумӣ чораҳо андешида шавад. Баъди соҳибистиқлолии кишвар як қатор касбу ҳунарҳои халқии тоҷикон бо роҳу усулҳои гуногун инкишоф ёфтан гирифт. Дар даҳсолаи охир бо кӯмаку дастгирии бевоситаи сарвари давлат,

барчасп: 

Бо кӯза ҳам мерақсанд?

Дар асри XX  ин рақс хеле паҳн шуда, ба санъати рақсии ҳаваскорӣ ва касбӣ роҳ ёфт. Устодони рақс  Ғ. Валаматзода, А. Исломова ва А. Протсенко дар намоиши ансамбли мусиқӣ – театрии «Лола» шакли коллективи «Рақс бо кўза» - ро  дар иҷрои гурўҳи духтарон ба саҳна гузоштаанд. Ин рақс дар асоси коркарди рақси анъанавии халқӣ, ҳаракатҳои рақсӣ ва лаҳзаҳои пантонимӣ офарида шудааст.

Рақс бо кўзаро дар Бадахшон мардон, дар Ғарм, Тавилдара, Кўлоб ва вилояти Суғд

барчасп: 

Соли рушди деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ: ҚОШУҚБОЗӢ

Рақси қошуқбозӣ дар асри ХХ дар репертуари дастаҳои ҳаваскорони санъат хеле ривоҷ ёфта, қошуқро ҳамчун асбоби зарбӣ истифода бурдаанд. Ин рақсро то кунун дар барномаҳои консертии ансанблҳои рақсииЛола”, “Зебо”, “Ҷаҷоноро”, “Гулрез”, театри рақсии “Падида”, ансамбли фолклорӣ – этнографии “Ганҷина” ва театрҳои вилоятӣ мушоҳида кардан мумкин аст.

Рақси қошуқбозӣ, асосан, рақси занона мебошад, аммо дар Бадахшонон чеб-базай, ё

барчасп: 

Ҳунарҳои мардумӣ: Қурутпазӣ

Қурутпазӣ санъати хеле шавқовар буда, дар ҳамаи манотиқи кишвар дида мешавад. Қурут маҳсулоти қоқ ба ҳисоб рафта, аз он дигар навъи таомро низ омода мекунанд. Масалан, қурутоб яке аз таомҳое мебошад, ки бе қурут онро тасаввур кардан ғайримикон аст. Қурут маҳсулоти аввалиндараҷаи таоми қурутоб мебошад. Ба ғайр аз ин аз қурут атолаи бо қурут, умоч ва ғайраҳоро тайёр мекунанд. Инчунин худи қурутро метавонанд дар алоҳидагӣ истеъмол намоянд. Зеро он аз ҷиҳати витамин ғанӣ буда...

барчасп: 

Калтакбозӣ чист?

Калтакбозӣ як навъи рақси мардонаи ҷанговарони тоҷикӣ мебошад. Рақсро ду нафар мард ё гурўҳи мардон таҳти навозиши созҳои мусиқӣ иҷро мекунанд. Онҳо дар ин рақс хусусиятҳои мардонагӣ, чустию чолокиро ҳам дар рафти мусобиқа таҷассум мекунанд. Чўбҳои одии дарозиашон 60 см ва ғафсиашон 3 см ҳамчун сози мусиқӣ низ хидмат намуда, бо зарбу усул ҳамсадо мешаванд.

Иҷрокунандаҳо дутогӣ калтакҳои чўби дар даст гирифта, қатор истода мерақсанд...

барчасп: 

Оё кордбозӣ ҳам санъат аст?

Оре, санъат аст, санъати рақс ва аз санъатҳои қадимии мардуми тоҷик ба шумор меравад. Дар саҳнаи санъати касбӣ рақсиКордбозӣ – ро дар солҳои 30-40 асри ХХ раққоси мумтози тоҷик, Артисти Халқии Иттиҳоди Шўравӣ Ғаффор Валаматзода иҷро кардааст. Рақси ў ҳаракатҳои гуногуни кордбозиро дар бар гирифта, илова ба унсурҳои анъанавӣ баъзе навовариҳо дошт. Валаматзода бо ҷаҳиш ба саҳна ворид мешуд  ва чанд ҳаракати рақсии ҷанговаронро иҷро намуда, ду кордро аз рўймоли миён берун мекашид.

барчасп: 

Назаре ба касбу ҳунарҳои бонувони шаҳрҳои Бохтару Левакант

Аз давраҳои қадим шаҳру деҳоти Тоҷикистон бо ҳунарҳои миллӣ ва ҳунармандонаш шуҳрат дошт. Намунаи ҳунарҳои халқии шаҳри Бохтар ва ноҳияҳои атрофи он аз дараҷаи баланди санъати амалии ниёгонамон маълумот медиҳад. Аз замонҳои пеш дар ин минтақа навъҳои гуногуни касбу ҳунарҳои мардумӣ ҳамчун пешаи асосии мардуми маҳаллӣ рушду такомул ёфта, то ба замони мо омада расидаанд. Аз ин лиҳоз, ҳар як касбу ҳунар бо ҳаёти анъанавӣ ва урфу одати мардум алоқаи ногусастанӣ дорад. Ҳунармандони ботаҷриба шаклу усулҳои мухталиф ва роҳҳои инкишоф додани ҳунари

барчасп: 

Таомҳои анъанавии мардумии ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ ва Ҷайҳун

Таомҳои анъанавии мардумии ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ ва Ҷайҳун

Вилояти Хатлон яке аз вилоятҳои гармтарини кишвар ба шумор меравад. Аз сарчашмаҳо ба мо маълум аст, ки вазъи ҷуғрофӣ ва иқлим ба фарҳанг ва ба тарзи зисту зиндагонии одамон таъсир мерасонад. Дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун ва Шаҳритўси вилояти Хатлон анвои таомҳо ва хўроквориҳо мутобиқ ба иқлиму табиати он ҷо вобастагӣ дорад. Ин минтақаи гармтабиат

барчасп: 

Страницы