Назаре ба касбу ҳунарҳои бонувони шаҳрҳои Бохтару Левакант

Аз давраҳои қадим шаҳру деҳоти Тоҷикистон бо ҳунарҳои миллӣ ва ҳунармандонаш шуҳрат дошт. Намунаи ҳунарҳои халқии шаҳри Бохтар ва ноҳияҳои атрофи он аз дараҷаи баланди санъати амалии ниёгонамон маълумот медиҳад. Аз замонҳои пеш дар ин минтақа навъҳои гуногуни касбу ҳунарҳои мардумӣ ҳамчун пешаи асосии мардуми маҳаллӣ рушду такомул ёфта, то ба замони мо омада расидаанд. Аз ин лиҳоз, ҳар як касбу ҳунар бо ҳаёти анъанавӣ ва урфу одати мардум алоқаи ногусастанӣ дорад. Ҳунармандони ботаҷриба шаклу усулҳои мухталиф ва роҳҳои инкишоф додани ҳунари хешро ба вуҷуд оварда, ба шогирдон ва наслҳои оянда интиқол медоданд.

Дар ҷараёни сафари хидматии шаҳри Бохтар ва Левакант, ки моҳи апрели соли ҷорӣ сурат гирифт, дар бораи ҳунарҳои бадеии дастии бонувон, аз ҷумла, гулдўзӣ, шерозбофӣ, рўймолчабофӣ, қуроқдўзӣ, ҷомадўзӣ, кешбофӣ, кокулбофӣ, адрасбофӣ ва навъҳои дигари дўзандагӣ, инчунин дар бораи маросимҳои тўю мотам бо ҳунармандон мусоҳиба намуда, маълумот гирдоварӣ кардем.

Ҳангоми сафари корӣ бо як қатор занону духтарони ҳунарманд аз қабили Балаева Мастура - гулдўз (с.т. 1963, сокини маҳ. Ҳаёти нав), Булбулова Зулайхо - танўрсоз (с.т. 1968, сокини маҳ. Ҳаёти нав), Сафарова Зарифмо - кокулбоф, бандбоф (банд - барои ду гўшаи чодар ҳангоми тўйи арўсӣ истифода мешавад) (с.т. 1978, сокини маҳ. Ҳаёти нав), Эшонқулова Фазилат - ҷомадўз (с.т. 1965, сокини Ургутмаҳалла, кўч. Зебуниссо), Набиева Норбӣ - қуроқдўз (с.т. 1942, сокини к. Зебунисо), Ҳамроқулова Зуҳро – рўймолдўз (с.т. 1943, сокини кўч. Норинов 2), Шамсова Барно – адрасбоф (с.т. 1974, сокини ҷ.д. Гулистон, деҳаи Баҳодурон), Қурбонова Маҳбуба – қуроқдўз (с.т. 1972, сокини ҷ.д. Ваҳдат, деҳаи Зағертут), Ашўрова Парчиной – зардўз (с.т. 1956, сокини ҷ.д. Ваҳдат, деҳаи Зағертут), Қурбонова Саъбагул – қаламкаш (с.т. 1978, сокини ҷ.д. Гулистон, деҳаи Тоҷирон) ва ғайра ҳамсуҳбат гардида, дар бораи ҳунарҳои мухталиф маълумот ба даст овардем. Балаева Мастура аз зумраи ҳунармандоне буд, ки дар санъати гулдўзӣ ҳамто надошт. Дар ҷараёни мусоҳиба маълум гардид, ки ў маснуоти гулдўзии дигар ноҳия ва деҳотҳоро низ таҳия мекардааст.

Ҳунарҳои дўзандагии тоҷикон хеле таърихи қадима дошта, намудҳои мухталифи он ҳоло ҳам идома дорад. Дар замони муосир низ ҳунармандони кашидадўз навъҳои гуногуни сўзанӣ, рўйҷо, ҷойнамоз, зардевор, тоқчапўш, тахтпўш, рўймолҳои занонаву мардона, болиштҳои арўсӣ ва ғайра тайёр менамуданд. 

Аз суҳбат бо ҳунармандон маълум гардид, ки ҳунари гулдўзӣ нисбати ҳунарҳои дигар дар ин минтақа аз солҳои пеш то инҷониб бештар ривоҷ дорад. Аз сабаби фаровон будани ашёи хом ва истифода дар ҳаёти рўзмарра ин ҳунар то имрўз боқӣ мондааст. Ҷавондухтарон аз хурдсолӣ ба омўхтани ин ҳунар машғул мешуданд. Дар маҳаллаи Ҳаёти Нав анъанаи якҷоя гулдўзӣ кардани чодари арўсӣ то кунун нигоҳ дошта шудааст. Мутаассифона, дар гулдўзӣ кардани он ҷавондухтарон камтар ҷалб карда, мешаванд. 

Дар масъалаи тарзи тасвири нақшу нигор ва маҳорати эҷодии ҳунармандон ҳар як маҳаллу деҳот мувофиқи урфу одат ва анъанаҳои гузаштагони худ матоъро наққошӣ намуда, ба гулдўзон пешниҳод мекунанд. Вале аксари матоъҳои гулдўзони шаҳри Бохтар аз тарафи қаламкашони ноҳияҳои Вахш ва Дўстӣ наққошӣ карда, мешаванд. Чунки мутобиқи маълумоти бонувон қаламкашоне, ки дар ин ноҳияҳо сукунат доранд, бисёртар нақшу нигорҳои қадимию мураккабро тасвир мекунанд, ки гарчанде дар дўхтан заҳмати зиёдро талаб кунад ҳам, ҷолибу диққатҷалбкунандаанд. Ва нақшҳои инъикоснамудаи онҳо ба ҳамаи харидорон писанд меояд. 

Аз маълумоти ҳунармандон аён гардид, ки имрўз сабаби тағйир ёфтани нақшу нигорҳои миллӣ завқу хоҳиши фармоишгарон мебошад. Дар маҳаллаҳои шаҳри Бохтар курсҳои хурди омўзишӣ ташкил шудаанд, ки ин барои пешрафти кори ҳунармандон кўмак мерасонад. Онҳо метавонанд аз ҳисоби чунин курсҳо ҳунари хешро сайқал диҳанд.

Ҳунарманди дигаре, ки дар таҳия намудани ҷиҳози гулдўзӣ таҷрибаи ғанӣ дорад, Қурбонназарова Гулмо мебошад. Ҳангоми суҳбат бо ў аз ҷараёни қаламкашӣ ва дўхтани гулдўзӣ маълумоти фаровон ба даст омад. Аз рўи гуфтаи ин ҳунарманд, ташкил намудани курсҳои омўзишӣ ва дастҷамъона аз худ кардану гулдўзӣ кардани ҷиҳоз (чодар, сўзанӣ, тоқӣ, зардеворӣ) ба монанди анъанаҳои қадимӣ барои ҳифз намудани нақшу нигори миллӣ ва омўзонидани он ба наслҳои минбаъда иқдоми хубе буда метавонад.

Зеро дар ҳаёти фарҳангии мардуми тоҷик чодар мақому манзалати хоси худро дорост. Чодаре, ки барои арўс таҳия карда мешавад, бояд ҳатман гулдўзишуда бошад.

Аксари бонувони шаҳрҳои Бохтару Левакант, бахусус маҳаллаи Ҳаёти нав аз рўи ҳунари гулдўзӣ зиндагиашонро пеш мебаранд. Дар гулдўзиҳои онҳо тасвири коса, гули садбарг ва нахчир бештар инъикос ёфтааст. Мувофиқи ақидаи бонувони калонсоли ин маҳалла, набояд дар маснуоти гулдўзӣ расми ҳар гуна ҳайвон, дарахт ва ё одам тасвир гардад. Гўё ин тасвирҳо дар он дунё аз ҳамон шахс ҷон талаб мекардаанд. Ё хонае, ки дар он ҷиҳози гулдўзишуда овезон бошад, шахс ба танҳоӣ вориди он хона нашавад.

Натиҷаи тадқиқот нишон дод, ки дар ҳунари гулдўзӣ омода намудани болиштҳои гуногун ва тоқӣ бештар ба назар мерасад. Ҳунармандон ҳам метавонанд аз рўи ин бахши гулдўзӣ сатҳи зиндагии хешро беҳтар гардонанд, чунки дўхтани чунин ҷиҳози гулдўзӣ каме осонтар буда, талаботи мардум ба он бештар аст.

Баробари гулдўзӣ ҳунари зардўзӣ ҳам рушду такомул ёфта истодааст. Ҳангоми суҳбат бо ҳунармандон маълум шуд, ки дўхти болишт, камзўлча, чойникпўшак ва тоқиҳои зардўзӣ бисёртар ба роҳ монда шудааст. Бо вуҷуди ин зардўзии дастӣ то як андоза коста гардида, ҷараёни дўхтани он тавассути мошинаҳои махсус сурат мегирад. Ғайр аз ин омезиш ёфтани он бо ҳунари муҳракашӣ бештар ба назар мерасад.  

Дар маҳалҳои ўзбекнишини шаҳри Бохтар ва Левакант бошад, бисёртар ҳунари қуроқдўзӣ рушд кардааст. Аз мушоҳидаҳо маълум гардид, ки ҷараёни дўхти қуроқҳои маҳаллаи Ўргут аз дигар шаҳру ноҳияҳо ба куллӣ фарқ дорад. Дар ин ҷо, асосан, кўрпачаи қуроқиро бо тарзи хос омода мекунанд.  Аввал матои сафедеро ба андозаи як кўрпача пора карда, тунук мекунанд, баъдан пораҳои матои омодакардаро мувофиқи завқу салиқа дар он мечинанд, ки дар натиҷа шаклҳои гуногуни геометрӣ ва нақши ҳар гуна гулҳо ба вуҷуд меояд. Ин тарзи қуроқдўзӣ дар шаҳри Хуҷанд низ мушоҳида гардид, ки ҳунармандони он ҷо танҳо дастархонро бо чунин усул омода мекарданд.

Аз натиҷаи сафари корӣ маълум гардид, ки ҳунарҳои анъанавии номбурда дар ин шаҳрҳо то андозае ба таври фаъол боқӣ мондаанд. Вале дар муқоиса бо шаҳри Левакант дар Бохтар касбу ҳунарҳои дастии занона бештар бо шаклу намуди нав ба назар мерасанд.

Лайло Носирова       

барчасп: