Эмомалӣ Раҳмон: Сифати таҳсилот масъалаи муҳимтарини соҳаи маориф боқӣ мемонад
Чоп шуд: 03/09/2019Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба ифтихори Рӯзи дониш гуфтанд, ки бо сабаби нокифоя будани таҷриба ва камфаъолиятии масъулон, ки дар сохторҳои идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ фаъолият мекунанд, амалӣ нашудани баъзе принсипҳои идоракунии ин самти муҳимтарини фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ба назар мерасад.
Матни комили суханронии Пешвои миллат дар зер меояд.